Он гоҳ яке аз он ду [зан], дар ҳоле ки бо шарму ҳаё гом бармедошт, наздаш омаду гуфт: «Падарам даъватат мекунад [ки наздаш биравӣ], то музди он ки [гӯсфандон]-ро бароямон об додӣ, ба ту пардохт кунад». Чун [Мӯсо] назди ӯ рафту саргузашташро барои ӯ ҳикоят кард, вай гуфт: «Натарс, ки аз гурӯҳи ситамгор наҷот ёфтаӣ»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
25. Пас, яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди Мӯсо омад ва гуфт: «Ҳароина, падарам туро даъват мекунад, то музди об додани гӯсфандонро бидиҳад». Чун Мӯсо назди падари ӯ омад ва қиссаи саргузашти худро барояш ҳикоят кард, падари ӯ гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор (Фиръавн ва қавмаш) наҷот ёфтаӣ».
الترجمة الطاجيكية
فَجَآءَتۡهُ إِحۡدَىٰهُمَا تَمۡشِي عَلَى ٱسۡتِحۡيَآءٖ قَالَتۡ إِنَّ أَبِي يَدۡعُوكَ لِيَجۡزِيَكَ أَجۡرَ مَا سَقَيۡتَ لَنَاۚ فَلَمَّا جَآءَهُۥ وَقَصَّ عَلَيۡهِ ٱلۡقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفۡۖ نَجَوۡتَ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Яке аз он ду зан, ки ба озарм (шарм) роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «Падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти худ бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми золим наҷот ёфтаӣ».
Tajik - Tajik translation