[Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. Мунофиқон аз бими тарсашон гумон мекунанд, ки лашкарҳои Аҳзоб(1) ҳанӯз нарафтаанд ва агар он лашкарҳои кофирон бори дигар ба Мадина баргарданд орзу мекарданд ин мунофиқон, ки кош аз Мадина ғоиб мебуданд ва дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва аз ахбори шумо мепурсиданд, агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ба сабаби бисёр буздилиашон ҷуз андаке ҷанг намекарданд.(2)
____________________
1. Онон, ки Аллоҳ таоло ба шикасти бад дучорашон кард. 2. Тафсири Саъдӣ 1\660
____________________
1. Онон, ки Аллоҳ таоло ба шикасти бад дучорашон кард. 2. Тафсири Саъдӣ 1\660
الترجمة الطاجيكية
يَحۡسَبُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ لَمۡ يَذۡهَبُواْۖ وَإِن يَأۡتِ ٱلۡأَحۡزَابُ يَوَدُّواْ لَوۡ أَنَّهُم بَادُونَ فِي ٱلۡأَعۡرَابِ يَسۡـَٔلُونَ عَنۡ أَنۢبَآئِكُمۡۖ وَلَوۡ كَانُواْ فِيكُم مَّا قَٰتَلُوٓاْ إِلَّا قَلِيلٗا
Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд.
Tajik - Tajik translation