[Дузахиён] Дар он [оташ] фарёд мезананд: «Парвардигоро, моро [аз ин азоб] берун овар, то ғайр аз он чи [пештар] мекардем, кори шоистае анҷом диҳем». [Ба онон гуфта мешавад] «Оё ба шумо [он қадар фурсат ва] умр надодем, то ҳар ки пандпазир аст, дар он [муддат] панд гирад? Ва [паёмбар низ ба унвони] бимдиҳанда наздатон омад; пас, [ҳоло ки итоат накардед, таъми азобро] бичашед, ки ситамгорон ҳеҷ ёригаре надоранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
37. Ва он кофирон аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳои шоиста қунем, ғайр аз он чи дар дунё мекардем». (Ба онҳо мегӯем): Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад, то ба сӯи мо бозгардед ва тавба кунед. Пас, таъми азобро бичашед, ки гунаҳкоронро ёваре нест, ки аз дӯзах онҳоро берун оварад!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\556
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\556
الترجمة الطاجيكية
وَهُمۡ يَصۡطَرِخُونَ فِيهَا رَبَّنَآ أَخۡرِجۡنَا نَعۡمَلۡ صَٰلِحًا غَيۡرَ ٱلَّذِي كُنَّا نَعۡمَلُۚ أَوَلَمۡ نُعَمِّرۡكُم مَّا يَتَذَكَّرُ فِيهِ مَن تَذَكَّرَ وَجَآءَكُمُ ٱلنَّذِيرُۖ فَذُوقُواْ فَمَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِن نَّصِيرٍ
Ва аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳое шоиста кунем, ғайр аз он чӣ мекардем». Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад. Пас бичашед, ки гуноҳкоронро ёридиҳандае нест!
Tajik - Tajik translation