Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дар ихтиёрашон бошад, ба муҷодала бармехезанд, дар дилҳояшон [ғуруру] такаббурест, ки ҳаргиз бад-он нахоҳанд расид, пас, [аз шарри эшон] ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки ба ростӣ, Ӯ шунавову биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
56. Ба ростӣ, касоне, ки дар оёти Аллоҳ бе он ки ҳуҷҷате барояшон омада бошад ба гумонҳои фосиду ботил муҷодала мекунанд ва мехоҳанд бо ботиле, ки бо худ доранд бар ҳақ бартарӣ ҷӯянд, дар синаҳои онҳо ҷуз кибр нест ва ҳасадбаранда ҳастанд бар фазлу каромате, ки Аллоҳ ба паёмбараш додааст, вале ба он мақсад нахоҳанд расид. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ бисёр шунаво аст ба гуфторашон, биност ба кирдорашон ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\404
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\404
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ سُلۡطَٰنٍ أَتَىٰهُمۡ إِن فِي صُدُورِهِمۡ إِلَّا كِبۡرٞ مَّا هُم بِبَٰلِغِيهِۚ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ
Онон, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки аз осмон омада бошад, дар бораи оёти Худо муҷодала мекунанд, дар дилашон ғайри ҳаваси бузургӣ нест, вале ба он нахоҳанд расид. Пас ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунавову биност!
Tajik - Tajik translation