Аллоҳ таоло аст, ки заминро қароргоҳ ва осмонро сарпаноҳатон муқаррар дошт ва шуморо шакле бахшид ва шаклҳоятонро зебо биофарид ва аз неъматҳои покиза ба шумо рӯзӣ дод. Ин аст Аллоҳ таоло – Парвардигори шумо, пас, пурбаракату бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
64. Аллоҳ аст, ки заминро қароргоҳи шумо сохт то дар он қарор гиред ва бар он зиндагиро бароятон муяссар кард ва осмонро барои замин чун биное барафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт.
Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард. Парвардигори шумост. Аллоҳ пурбаракату(1) бузургвор аст, ва аз ҳама сифатҳои ношоистае, ки лоиқи зоти Ӯ нест, пок аст. Ӯст Парвардигори ҷаҳониён!(2)
____________________
1. Яъне, хайру баракати Ӯ бисёр аст. 2. Тафсири Табарӣ 21\410

الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَصَوَّرَكُمۡ فَأَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡۖ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Худост, ки заминро қароргоҳи шумо сохт ва осмонро чун биное бардошт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Худои якто — Парвардигори шумо. Бартару бузургвор аст Худо — он Парвардигори ҷаҳониён!
Tajik - Tajik translation