Касоне, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ – писари Марям – аст", яқинан, кофир шуданд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, ки Масеҳ – писари Марям – ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки рӯйи замин ҳастанд, нобуд кунад, чи касе дар баробари Аллоҳ таоло ихтиёре дорад, ки монеъ шавад? Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар чи бихоҳад меофаринад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
17. Ба таҳқиқ, касоне ки мегуянд (аз насоро): "Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст", кофир шуданд. Бигӯ: "Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад"? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. (Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад.) Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
الترجمة الطاجيكية
لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ أَن يُهۡلِكَ ٱلۡمَسِيحَ ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗاۗ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Онҳо, ки гуфтаид, ки Худо ҳамон Масеҳ —писари Марям аст, кофир шуданд. Бигӯй: «Чӣ касе метавонад азоби Худоро дафъ кунад, агар ирода кунад, Масеҳ — писари Марям ва модараш ва ҳамаи аҳли заминро ба ҳалокат расонад?» Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ мобайни онҳост. Он чӣ мехоҳад, меофаринад ва ба ҳар чиз тавоност!
Tajik - Tajik translation