Ва [эй паёмбар] достони ду писари Одам [Ҳобил ва Қобил]-ро ба ҳақ бар эшон бихон: ҳангоме ки [ҳар кадом] барои тақарруб [ба даргоҳи Аллоҳ таоло] як қурбонӣ тақдим карданд, аз яке пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. [Қобил ба Ҳобил] Гуфт: "Ҳатман, туро хоҳам кушт". [Ҳобил] Гуфт: "Аллоҳ таоло [қурбониро] фақат аз парҳезкорон мепазирад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
27. Ва қиссаи ростини ду писари Одам (Қобил ва Ҳобил) - ро барояшон бихон. Он гоҳ, ки қурбоние (яъне амале, ки ба Аллоҳ наздик мекунад) карданд, аз якеашон (Ҳобил) қабул карда шуд, зеро ӯ парҳезгор буд ва аз дигаре (Қобил) қабул карда нашуд, зеро ӯ парҳезгор набуд.
Гуфт Қобил аз рӯи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/42
Гуфт Қобил аз рӯи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/42
الترجمة الطاجيكية
۞وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ ٱبۡنَيۡ ءَادَمَ بِٱلۡحَقِّ إِذۡ قَرَّبَا قُرۡبَانٗا فَتُقُبِّلَ مِنۡ أَحَدِهِمَا وَلَمۡ يُتَقَبَّلۡ مِنَ ٱلۡأٓخَرِ قَالَ لَأَقۡتُلَنَّكَۖ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ
Ва достони ростини ду писари Одамро барояшон бихон, он гоҳ ки қурбоние карданд. Аз якешон пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. Гуфт: «Туро мекушам». Гуфт; «Худо қурбонии парҳезгоронро мепазирад.
Tajik - Tajik translation