Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз [ҳоли] касоне огоҳ кунам, ки назди Аллоҳ таоло ҷазое аз ин бадтар доранд? [Онон] Касоне [ҳастанд], ки Аллоҳ таоло лаънаташон кард ва бар эшон хашм гирифт ва бархе аз ононро [масх намуд ва ба шакли] бузина ва хук даровард ва [низ] касоне, ки [ба ҷойи Аллоҳ таоло] тоғут [ва ҳокимони худкома]-ро бандагӣ карданд. Инон [аз ҳама] бадмақомтар ва аз роҳи рост гумгаштатаранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
60. Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Аллоҳ ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам, ки шумо моро бад-он муттаҳам намудаед, ҳол он ки он сифот дар шумо мавҷуд мебошад: Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро маймуну хук гардонидааст ва парастандагони тоғутанд. (1) Онҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаринанд.
____________________
1. Ҳар он чи ба ҷои Аллоҳ парастиш шавад ва он парастидашуда розӣ бошад. Тафсири Саъдӣ 1\237
____________________
1. Ҳар он чи ба ҷои Аллоҳ парастиш шавад ва он парастидашуда розӣ бошад. Тафсири Саъдӣ 1\237
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ هَلۡ أُنَبِّئُكُم بِشَرّٖ مِّن ذَٰلِكَ مَثُوبَةً عِندَ ٱللَّهِۚ مَن لَّعَنَهُ ٱللَّهُ وَغَضِبَ عَلَيۡهِ وَجَعَلَ مِنۡهُمُ ٱلۡقِرَدَةَ وَٱلۡخَنَازِيرَ وَعَبَدَ ٱلطَّـٰغُوتَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضَلُّ عَن سَوَآءِ ٱلسَّبِيلِ
Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Худо ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам: Касоне, ки Худояшон лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро бӯзинаву хук гардонидааст ва худ бут парастидаанд? Инҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаранд.
Tajik - Tajik translation