Масеҳ писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки пеш аз ӯ [низ] паёмбарони дигаре буданд ва модараш зани ростгӯ буд. Ҳар ду [монанди инсонҳои дигар] ғизо мехӯрданд. [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна оёт [-и худ]-ро барояшон равшан месозем ва боз бингар, ки чи гуна рӯйгардон мешаванд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
75. (Сипас ҳақиқати Масеҳ ва модарашро, ки ҳақ ва ошкор буд, баён кард ва фармуд): Масеҳ писари Марям, ҷуз паёмбаре набуд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зани ростгӯй(1) буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем, сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд.(2)
____________________
1. Бисёр ростгуй дар мартабаи сиддиқон, ки баъди анбиё аст.
2. Ин далели равшане аст, бар ин ки онҳо ду бандаи ниёзманд буданд ва ҳамон тавр ки инсонҳо ба хӯрок ва ошомиданӣ ниёз доранд онҳо низ ба он ниёзманд буданд.
____________________
1. Бисёр ростгуй дар мартабаи сиддиқон, ки баъди анбиё аст.
2. Ин далели равшане аст, бар ин ки онҳо ду бандаи ниёзманд буданд ва ҳамон тавр ки инсонҳо ба хӯрок ва ошомиданӣ ниёз доранд онҳо низ ба он ниёзманд буданд.
الترجمة الطاجيكية
مَّا ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُ وَأُمُّهُۥ صِدِّيقَةٞۖ كَانَا يَأۡكُلَانِ ٱلطَّعَامَۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ ثُمَّ ٱنظُرۡ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ
Масеҳ- писари Марям фақат паёмбаре буд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зане ростгӯй буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем. Сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд.
Tajik - Tajik translation