Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон фахрфурӯшӣ намуд ва аз ганҷина он қадар ба вай дода будем, ки [ҳатто] ҳамли калидҳояш барои гурӯҳе неруманд мушкил буд. Ҳангоме ки [мардуми] қавмаш ба ӯ гуфтанд: «[Ба хотири сарватат чунин мағруру] сармаст набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло сармастонро дӯст намедорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
76. Ҳароина, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо ситам кард. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бешак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ба хотири ин ҳама молат мағрурона шодӣ макун, ба дурустӣ, ки Аллоҳ таоло касонеро, ки шодӣ мекунанд ва мағрур мешаванд ва шукри Аллоҳ намекунанд, дӯст намедорад.
الترجمة الطاجيكية
۞إِنَّ قَٰرُونَ كَانَ مِن قَوۡمِ مُوسَىٰ فَبَغَىٰ عَلَيۡهِمۡۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡكُنُوزِ مَآ إِنَّ مَفَاتِحَهُۥ لَتَنُوٓأُ بِٱلۡعُصۡبَةِ أُوْلِي ٱلۡقُوَّةِ إِذۡ قَالَ لَهُۥ قَوۡمُهُۥ لَا تَفۡرَحۡۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَرِحِينَ
Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бардоштани калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.
Tajik - Tajik translation