Ва бо он чи Аллоҳ таоло ба ту бахшидааст, [савоби] сарои охиратро биҷӯй ва [дар айни ҳол] баҳраатро аз [зиндагии] дунё низ фаромӯш накун ва чунон ки Аллоҳ таоло ба ту некӣ кардааст, ту низ [ба бандагонаш] некӣ кун ва ҳаргиз дар пайи табаҳкорӣ [ва фасод] дар замин набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло муфсидонро дӯст намедорад»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
77. Дар он чӣ Аллоҳ ба ту арзонӣ доштааст, саройи охиратро биҷӯй ва баҳраи хешро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Аллоҳ ба ту некӣ кардааст, бо дигарон некӣ кун ва дар замин аз пайи фасод марав, ки ҳароина, Аллоҳ таоло фасодкунандагонро дӯст намедорад!»
الترجمة الطاجيكية
وَٱبۡتَغِ فِيمَآ ءَاتَىٰكَ ٱللَّهُ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَۖ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ ٱلدُّنۡيَاۖ وَأَحۡسِن كَمَآ أَحۡسَنَ ٱللَّهُ إِلَيۡكَۖ وَلَا تَبۡغِ ٱلۡفَسَادَ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
Дар он чи Худоят ато кардааст, ҷаҳони охиратро биҷӯй ва насиби худро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз паи фасод марав, ки Худо фасодкунандагонро дуст надорад!»
Tajik - Tajik translation