Аз миёни муъминон мардоне ҳастанд ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ таоло баста буданд, [содиқона] вафо карданд; бархе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд [ ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар ҳануз чашминтизор [шаҳодат] ҳастанд ва ҳаргиз [паймони худро] дигаргун насохтаанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
23. Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймони Аллоҳ вафо карданд ва дар сахтию душвориҳо сабр пеша намуданд. Баъзе бар сари паймони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷон бохтанд ё бар сидқу вафо аз дунё гузаштанд ва баъзе чашм ба роҳанд; ё нусрат ё шаҳодат ва мисли мунофиқон ҳеҷ паймонашонро дигаргун накардаанд,(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\660
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\660
الترجمة الطاجيكية
مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ رِجَالٞ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ عَلَيۡهِۖ فَمِنۡهُم مَّن قَضَىٰ نَحۡبَهُۥ وَمِنۡهُم مَّن يَنتَظِرُۖ وَمَا بَدَّلُواْ تَبۡدِيلٗا
Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони худ ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд.
Tajik - Tajik translation