Ва Аллоҳ таоло [сипоҳи ] касонеро, ки куфр варзида буданд бо [тамоми нокомӣ ва] хашмашон [аз ин ки] ба ҳеҷ ғанимате даст наёфта буданд, [аз атрофи Мадина] бозгардонд ва [пуштибонии] Аллоҳ таоло дар ҷанг, муъминонро кифоят кард; ва Аллоҳ таоло ҳамвора тавонову шикастнопазир аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
25. Аллоҳ кофирони хашмгирифтаро аз Мадина ноумед кард ва бозпас гардонид. Инҳо на дар дунё ва на дар охират ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Аллоҳ бо мадади худ басанда аст. Зеро Аллоҳ дар мулки худ пуртавону пирӯзманд аст!
الترجمة الطاجيكية
وَرَدَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِغَيۡظِهِمۡ لَمۡ يَنَالُواْ خَيۡرٗاۚ وَكَفَى ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلۡقِتَالَۚ وَكَانَ ٱللَّهُ قَوِيًّا عَزِيزٗا
Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо кифоя аст. Зеро Худо пуртавону ғолиб аст!
Tajik - Tajik translation