Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд? Агар ҳукми қатъӣ [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] дар миён набуд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва ситамгорон азобе дарднок [дар пеш] доранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
21. Оё мушрикон маъбудоне, доранд, ки бе рухсати Аллоҳ дине барояшон муқаррар доштаанд?! Ва агар калимаи фасл (яъне, қазо ва қадари илоҳӣ ба дер партофтани азобашон дар дунё) намебуд, ҳароина, миёнашон азоб ба таври оҷил дар ҳамин дунё бар пешвоёни ширк ҳукм мешуд ва албатта, рӯзи қиёмат барои ситамкорон азоби дардоварест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\522
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\522
الترجمة الطاجيكية
أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَـٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةُ ٱلۡفَصۡلِ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Оё мушриконро бутонест, ки дине барояшон овардаанд, ки Худо рухсати онро надодааст? Ва агар қасди таъхири (ба дер партофтани) азобашон набуд, корашон ба поён омада буд ва ситамкоронро азобест дардовар!
Tajik - Tajik translation