Оё онон ба ҷойи Ӯ каси [дигарро ба унвони дӯсту] корсоз баргузидаанд? Ҳол он ки корсоз [-и ҷаҳониён] Аллоҳ таоло аст ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳар коре тавоност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
9. Балки ин мушрикон ғайри Аллоҳро ба дӯстӣ гирифтанд, ҳол он ки фақат Аллоҳ сарпараст ва дӯсти ҳақиқӣ аст. Ва бандагонаш бояд Ӯро бо парастишу тоъат дӯст бигиранд, зеро Ӯ бандагони мӯъминони худро аз торикиҳо ба сӯи нур ҳидоят мекунад. Ва Ӯст, ки мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чиз Ӯро нотавон карда наметавонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\752
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\752
الترجمة الطاجيكية
أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۖ فَٱللَّهُ هُوَ ٱلۡوَلِيُّ وَهُوَ يُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Оё ғайри Худоро ба дӯстӣ гирифтанд? Дӯсти ҳақиқӣ Худост. Ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност!
Tajik - Tajik translation