[Эй паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки гурӯҳе аз ҷинро сӯйи ту фиристодем, ки Қуръонро бишунаванд, пас, чун назди паёмбар ҳузур ёфтанд, [ба якдигар] гуфтанд: «Хомӯш бошед [то ба оёти Қуръон гӯш фаро диҳем] ва чун [тиловаташ] ба поён расид, назди қавми худ бозгаштанд, то ба онон [дар мавриди авоқиби сарпечӣ аз фармони ҳақ] ҳушдор диҳанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
29. Ва ба ёд овар эй паёмбар, чун гурӯҳе аз ҷинҳоро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон мехонд, гуфтанд: «Хомӯш бошед, то Қуръонро бишнавем!
Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/140
Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/140
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ صَرَفۡنَآ إِلَيۡكَ نَفَرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوٓاْ أَنصِتُواْۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوۡاْ إِلَىٰ قَوۡمِهِم مُّنذِرِينَ
Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба ҳазраташ (наздаш) расиданд, гуфтанд: «Гӯш андозед! Чун ба поён омад, монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд,
Tajik - Tajik translation