[Эй муъминон] Ҳангоме ки озим [-и Хайбар ва] ба гирифтани ғанимат мешавед, мутахаллифон [аз сафари Макка] хоҳанд гуфт: «Иҷозат диҳед, мо низ ба дунболи шумо биёем». Онон мехоҳанд, каломи илоҳиро тағйир диҳанд. [Эй Паёмбар] Ба эшон бигӯ: «Шумо ҳаргиз ба дунболи мо нахоҳед омад [зеро ин ғаниматҳо махсуси касоне аст, ки дар Ҳудайбия ҳузур доштанд ва дар бораи ин ҳукм] Аллоҳ таоло қаблан чунин фармудааст»; он гоҳ хоҳанд гуфт: «[На] Балки шумо нисбат ба мо ҳасад меварзед». [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҷуз иддаи каме [аз онон авомири илоҳиро] дарнамеёбанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. (Эй Паёмбар, чун ба қасди ғаниматҳои ғазваи Хайбар равона шудед,) ба зудӣ барҷоймондагон(1) хоҳанд гуфт: Бигзоред моро то бо шумо равем (сӯӣ Хайбар). Мехоҳанд тағйир бидиҳанд ваъдаи Аллоҳро. Бигӯ ҳаргиз наравед бо мо (сӯи Хайбар): зеро Аллоҳ ба мо пеш аз омаданамон (ба сӯи Мадина,) гуфта буд, (ки ҳамоно ғаниматҳои Хайбар, аз они он шахест, ки дар Ҳудайбия иштирок кардааст.)(2) Пас (мунофиқон) хоҳанд гуфт: Не, Аллоҳ чунин амр накардааст шуморо, балки шумо ҳасаду бахили мекунед ба мо.(3)
Не! (воқеъан чунин нест), балки ҳақиқат ин аст, ки мунофиқон ба ҷуз андаке чизе дарёфтанӣ надоранд, чи чиз дар дин барояшон фоида меорад ва чи чиз зарар.
____________________
1. Аз ҷанг гурехтагони ақибнишин
2. Тафсири Табарӣ 22/215
3. То мо ҳам аз ғаниматҳо баҳраманд шавем. Тафсири Табарӣ 22/218
Не! (воқеъан чунин нест), балки ҳақиқат ин аст, ки мунофиқон ба ҷуз андаке чизе дарёфтанӣ надоранд, чи чиз дар дин барояшон фоида меорад ва чи чиз зарар.
____________________
1. Аз ҷанг гурехтагони ақибнишин
2. Тафсири Табарӣ 22/215
3. То мо ҳам аз ғаниматҳо баҳраманд шавем. Тафсири Табарӣ 22/218
الترجمة الطاجيكية
سَيَقُولُ ٱلۡمُخَلَّفُونَ إِذَا ٱنطَلَقۡتُمۡ إِلَىٰ مَغَانِمَ لِتَأۡخُذُوهَا ذَرُونَا نَتَّبِعۡكُمۡۖ يُرِيدُونَ أَن يُبَدِّلُواْ كَلَٰمَ ٱللَّهِۚ قُل لَّن تَتَّبِعُونَا كَذَٰلِكُمۡ قَالَ ٱللَّهُ مِن قَبۡلُۖ فَسَيَقُولُونَ بَلۡ تَحۡسُدُونَنَاۚ بَلۡ كَانُواْ لَا يَفۡقَهُونَ إِلَّا قَلِيلٗا
Чун барои гирифтани ғаниматҳо ба роҳ бияфтед, онон, ки аз ҷанг тахаллуф (қафокашӣ) намудаанд, хоҳанд гуфт: «Бигзоред, то мо ҳам аз паи шумо биёем! Мехоҳанд сухани Худоро дигаргун кунанд. Бигӯ: '«Шумо ҳаргиз аз паи мо нахоҳед омад. Худо аз пеш чунин гуфтааст». Сипас хоҳанд гуфт: «Балки бар мо ҳасад мебаред?» На, инҳо ҷуз андаке намефаҳманд.
Tajik - Tajik translation