Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки [нишонаҳои] марги яке аз шумо фаро расид, ҳангоми васият бояд аз миёнатон ду нафари одилро гувоҳ бигиред ё агар мусофират кардед ва пешомади марг ба шумо расид [ва мусулмонеро наёфтед], ду нафар аз ғайри худ [ғайри мусулмон]-ро ба гувоҳӣ биталабед ва агар [дар ростгӯии онҳо] тардид доштед, он дуро баъд аз намоз нигоҳ доред, то ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Мо ҳозир нестем он [васият]-ро ба чизе фурӯшем, агарчи [ба суди] хешонамон бошад. Ва шаҳодати Аллоҳро китмон намекунем, ки дар ин сурат, ҳатман, аз гунаҳгорон хоҳем буд"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
106. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду шахси одилро аз миёни худатон аз мусалмонон ба гувоҳӣ гиред ё аз ғайри мусалмонон, дар ҳолати набудани мусалмонон ва дар ҳолати зарурат. Ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид, агар аз он ду гувоҳ шак доштед, нигоҳашон доред, то баъд аз намоз, (хусусан намози аср) он гоҳ ба Аллоҳ савганд хӯранд ва бигуянд: Мо савгандҳоямонро ба баҳои каме аз дунё иваз намекунем, ба гуноҳе, ки ба хотири ба даст овардани матоъе аз дунё савганди дурӯғ ёд кунем, ҳарчанд ба фоидаи хешовандамон бошад ва онро рӯпӯш накунем, агар онро пинҳон кунем, он вақт аз зумраи гунаҳкорон хоҳем буд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/246
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/246
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ شَهَٰدَةُ بَيۡنِكُمۡ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ حِينَ ٱلۡوَصِيَّةِ ٱثۡنَانِ ذَوَا عَدۡلٖ مِّنكُمۡ أَوۡ ءَاخَرَانِ مِنۡ غَيۡرِكُمۡ إِنۡ أَنتُمۡ ضَرَبۡتُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَأَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةُ ٱلۡمَوۡتِۚ تَحۡبِسُونَهُمَا مِنۢ بَعۡدِ ٱلصَّلَوٰةِ فَيُقۡسِمَانِ بِٱللَّهِ إِنِ ٱرۡتَبۡتُمۡ لَا نَشۡتَرِي بِهِۦ ثَمَنٗا وَلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبَىٰ وَلَا نَكۡتُمُ شَهَٰدَةَ ٱللَّهِ إِنَّآ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡأٓثِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду одилро аз миёни худатон ба шоҳидӣ гиред ё аз ғайри худатон, ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид. Агар аз он ду дар шак будед, нигоҳашон доред то баъд аз намоз, он гоҳ ба Худо савганд хӯранд, ки ин шаҳодатро ба ҳеҷ қимате дигаргун накунем, ҳарчанд ба нафъи хешовандамон бошад ва онро рӯпуш накунем, агар ҷуз ин бошад, аз гунаҳгоронем.
Tajik - Tajik translation