Эй аҳли китоб, ҳамоно паёмбари мо ба сӯйи шумо омадааст, ки бисёре аз [матолибу омӯзаҳои] китоб [-и осмонии худ]-ро, ки пинҳон мекардед, бароятон ба равшанӣ баён кунад ва аз бисёре [аз матолибу аҳкоми он] даргузарад. Ҳатман, аз ҷониби Аллоҳ таоло бароятон нуру китоби равшангар омадааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Эй ахли китоб, паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки ба воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ كَثِيرٗا مِّمَّا كُنتُمۡ تُخۡفُونَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖۚ قَدۡ جَآءَكُم مِّنَ ٱللَّهِ نُورٞ وَكِتَٰبٞ مُّبِينٞ
Эй аҳли китоб, паёмбари Мо назди шумо омад, то бисёре аз китоби Худоро, ки пинҳон медоштед, бароятон баён кунад ва аз бисёре даргузарад ва аз ҷониби Худо нуре ва китобе зоҳиру ошкор бар шумо нозил шудааст.
Tajik - Tajik translation