Эй аҳли китоб, паёмбари мо ба сӯйи шумо омад, то дар давраи фатрати паёмбарон [фосила байни биъсати Исо ва Муҳаммад] [аҳкому омӯзаҳои илоҳиро] ба равшанӣ бароятон баён кунад, ки мабодо [рӯзи қиёмат] бигӯед: "На башоратбахше ба суроғамон омад, на бимдиҳандае". Пас, яқинан, [инак] паёмбари башоратбахш ва бимдиҳанда ба сӯятон омадааст ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
19. Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст.
Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 10/157
Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 10/157
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ عَلَىٰ فَتۡرَةٖ مِّنَ ٱلرُّسُلِ أَن تَقُولُواْ مَا جَآءَنَا مِنۢ بَشِيرٖ وَلَا نَذِيرٖۖ فَقَدۡ جَآءَكُم بَشِيرٞ وَنَذِيرٞۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Эй аҳли китоб, фиристодаи Мо дар замоне, ки паёмбароне набуданд, фирпстода шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ва бимдиҳанда омадааст ва Худо бар ҳар чиз тавоност!
Tajik - Tajik translation