Пас, [эй паёмбар] касонеро, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст, мебинӣ, ки дар [дӯстӣ бо] онон мешитобанд, [ва] мегӯянд: "Метарсем, ки [агар пирӯз шаванд, аз ҷониби онон] осебе ба мо бирасад". Умед аст, ки Аллоҳ таоло [барои мусулмонон] аз ҷониби Худ пирӯзӣ [ва кушоише] пеш оварад, он гоҳ [ин мунофиқон] аз он чи дар дили худ пинҳон медоштанд, пушаймон шаванд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
52. Парвардигор хабар медиҳад аз ҳоли мунофиқоне, ки дар дил маразе (1) доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбати яҳудон мешитобанд, мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе бирасад».(2) Наздик аст, Парвардигор пирӯзие биёварад ё аз ҷониби худ коре кунад, (3) пас он гоҳ аз он чӣ дар нафсҳояшон пинҳон дошта буданд, пушаймон шаванд.
____________________
1. Бемории маънавӣ мисли шакку шубҳа ва нифоқ.
2. Эҳтимол аст, ки шикасту ҳазимат бар мусалмонон рӯй диҳад,
3. Яъне, фатҳи Макка, ки паёмбарашро нусрат диҳад, ислом ва мусалмонҳоро бар кофирон пирӯз гардонад ё коре кунад, ки ба сабаби он қуввати яҳуду насоро заиф гардад, пас назди мусалмонон сарфурӯ оранд.Тафсири Саъдӣ 1\235

الترجمة الطاجيكية
فَتَرَى ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ يُسَٰرِعُونَ فِيهِمۡ يَقُولُونَ نَخۡشَىٰٓ أَن تُصِيبَنَا دَآئِرَةٞۚ فَعَسَى ٱللَّهُ أَن يَأۡتِيَ بِٱلۡفَتۡحِ أَوۡ أَمۡرٖ مِّنۡ عِندِهِۦ فَيُصۡبِحُواْ عَلَىٰ مَآ أَسَرُّواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ نَٰدِمِينَ
Онҳоеро, ки дар дил маразе доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбаташон мешитобанд, мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе расад». Аммо шояд, ки Худо пирӯзие падид орад ё коре кунад, он гоҳ аз он чӣ дар дил ниҳон дошта буданд, пушаймон шаванд.
Tajik - Tajik translation