Ва яҳудиён [ҳангоми сахтӣ ва тангдастӣ] гуфтанд: "Дасти Аллоҳ таоло [аз хайру бахшиш] бастааст". Дастҳояшон баста бод ва ба сазои он чи гуфтанд лаънат бар онон бод! [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҳар ду дасти Ӯ кушодааст [ва] ҳар гуна ки бихоҳад, мебахшад. [Эй паёмбар] Ин оёт, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд. Мо миёнашон то рӯзи қиёмат душманӣ ва кина афкандем. Ҳар замон оташи ҷанг барафрӯхтанд, Аллоҳ таоло онро хомӯш кард. Онон [пайваста] дар замин ба табаҳкорӣ [ва фасод] мекӯшанд ва Аллоҳ таоло табаҳкоронро дӯст намедорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
64. (Парвардигор паёмбарашро аз ақидаи бади яҳудон ва он чи миёни худ пинҳон медоштанд, хабар медиҳад): Яҳудиён гуфтанд, ки Парвардигор дастбаста аст (яъне, Парвардигор бахил аст. Ва ин воқеа замоне буд, ки ба онҳо хушкӣ ва қаҳтӣ расида буд). Дастҳои худашон баста бод! Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Яъне, Парвардигор онҳоро аз раҳмати худ берун кард. Ва амр чунин тавр нест, ки онҳо бар Аллоҳ сухани дурӯғ мебофанд, балки дастҳои Аллоҳ(1) кушода аст. Ба ҳар сон, ки бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба сабаби бухлу ҳасадашон дар туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандаем. Ҳар гоҳ, ки ба сабаби вайронии нияташон ва фасодкориашон бар муқобили мусалмонон оташи ҷангро афрӯхтанд, Аллоҳ хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Аллоҳ муфсидонро дӯст надорад.(2)
____________________
1. Дар оят сифати дастони Аллоҳ зикр шудааст, ки он бе мислу монанд ва лоиқ ба зоти худаш аст.
2. Тафсири Табарӣ 10/458
____________________
1. Дар оят сифати дастони Аллоҳ зикр шудааст, ки он бе мислу монанд ва лоиқ ба зоти худаш аст.
2. Тафсири Табарӣ 10/458
الترجمة الطاجيكية
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ يَدُ ٱللَّهِ مَغۡلُولَةٌۚ غُلَّتۡ أَيۡدِيهِمۡ وَلُعِنُواْ بِمَا قَالُواْۘ بَلۡ يَدَاهُ مَبۡسُوطَتَانِ يُنفِقُ كَيۡفَ يَشَآءُۚ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم مَّآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗاۚ وَأَلۡقَيۡنَا بَيۡنَهُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ كُلَّمَآ أَوۡقَدُواْ نَارٗا لِّلۡحَرۡبِ أَطۡفَأَهَا ٱللَّهُۚ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادٗاۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
Яҳуд гуфтанд, ки дасти Худо баста аст. Дастҳои худашон баста бод? Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Дастҳои Худо кушода аст. Ба ҳар навъе, кн бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманнву кина андохтаем. Ҳар гоҳ ки оташи ҷангро афрӯхтанд, Худо хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Худо фасодкоронро дӯст надорад.
Tajik - Tajik translation