Касоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Рӯҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид
الترجمة الطاجيكية - عارفي
73. Ҳамоно онон, ки гуфтанд: «Аллоҳи барҳақ саввумини се аст», (1) кофир шуданд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Агар аз он чӣ мегӯянд, бознаистанд, ба ононе ки дар ақидаи кофирашон меистанд, азоби дардовар хоҳад расид.
____________________
1. Яъне: ба эътиқоди насрониён дар мартабаи улуҳият се кас ҳастанд: яке Аллоҳ ва дигаре Исо ва сеюм Марям. Тафсири Ибни Касир 3\158 ва Бағавӣ 3/82
____________________
1. Яъне: ба эътиқоди насрониён дар мартабаи улуҳият се кас ҳастанд: яке Аллоҳ ва дигаре Исо ва сеюм Марям. Тафсири Ибни Касир 3\158 ва Бағавӣ 3/82
الترجمة الطاجيكية
لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ ثَالِثُ ثَلَٰثَةٖۘ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّآ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۚ وَإِن لَّمۡ يَنتَهُواْ عَمَّا يَقُولُونَ لَيَمَسَّنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Онон, ки гуфтанд: «Оллоҳ саввумини се аст», кофир шуданд. Дар ҳоле ки ҳеҷ Худое ҷуз Оллоҳ нест. Агар аз он чӣ мегӯянд бознаистанд, ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид.
Tajik - Tajik translation