Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда [ва беихтиёратон] бозхост намекунад, вале дар савгандҳое, ки [огоҳона] мехӯред [ва мешканед], муохаза мекунад. Пас, каффораи он, хӯрок додан ба даҳ тиҳидаст аз ғизоҳои [маъмулӣ ва] мутавассити шаҳратон аст ё либос додан ба даҳ нафар [аз мустамандон] ё озод кардани як барда. Агар касе [тавоноии молӣ надорад ё ҳеҷ як аз инҳоро] намеёбад, пас, се рӯз рӯза [бигирад]. Ин каффораи савгандҳои шумост, [барои] ҳар замон, ки савганд ёд кардед [ва онро шикастед]. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед [ва нашканед]. Аллоҳ таоло ин чунин оёти худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки сипос гузоред
الترجمة الطاجيكية - عارفي
89. Парвардигор шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда аз забонатон ҷорӣ гашта бозхост нахоҳад кард. (ба монанди Валлоҳӣ не! Валлоҳӣ оре!), вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки аз рӯи қасд мехӯред, бозхост мекунад ва каффорати он таъом додани даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯшиши (либоси) онҳо ё озод кардани як банда. Ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза медорад. Ин кафорати қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед, ба қасамҳои худ вафо кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки сипосгузор бошед, ки Парвардигор шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармудааст.
الترجمة الطاجيكية
لَا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ ٱلۡأَيۡمَٰنَۖ فَكَفَّـٰرَتُهُۥٓ إِطۡعَامُ عَشَرَةِ مَسَٰكِينَ مِنۡ أَوۡسَطِ مَا تُطۡعِمُونَ أَهۡلِيكُمۡ أَوۡ كِسۡوَتُهُمۡ أَوۡ تَحۡرِيرُ رَقَبَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖۚ ذَٰلِكَ كَفَّـٰرَةُ أَيۡمَٰنِكُمۡ إِذَا حَلَفۡتُمۡۚ وَٱحۡفَظُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Худованд шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост нахоҳад кард. Вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад ва ҷаримаи он таъоми даҳ мискин аст аз ғизои миёкае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯпиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед. Ба қасамҳои худ вафо кунед. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед.
Tajik - Tajik translation