Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Ва албатта, ман, ҳар бор, ки онҳоро ба сӯи Ту даъват кардам, то Ту онҳоро биёмӯрзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд, то даъвати ҳақро нашунаванд ва ҷома дар сар кашиданд, то, ки маро набинанд ва давомат карданд бар куфри худ ва такаббур карданд аз қабули имон, такаббур кардани сахт.
الترجمة الطاجيكية
وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارٗا
Ва ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро бибахшоӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.
Tajik - Tajik translation