[Эй паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. ҳароина, Парвардигори ту (эй Паёмбар) медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду саввуми шаб ё нисфи он ва ё сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Аллоҳ ягона худаш андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо тамоми шабро бо намоз гузаронида наметавонед. Пас, тавбаи шуморо бипазируфт(1). Ва ҳар чӣ муяссар шавад дар намози шаб, аз Қуръон бихонед. Аллоҳ медонад чӣ касоне аз шумо ба сабаби беморӣ аз намози шаб мемонад ва гурӯҳе дигар ба талаби ризқи ҳалол аз Аллоҳ дар рӯи замин барои тиҷорат ва кор ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Аллоҳ ба ҷанг мераванд(2).
Пас ҳар чӣ муяссар шавад, дар намозҳоятон аз қуръон бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед(3) ва дар роҳҳои хайр ва некуй аз молҳоятон эҳсон кунед. Ва ҳар хайру эҳсоне, ки барои худ дар ин дунё пешопеш бифиристед, аҷру савобашро рӯзи қиёмат барзиёд хоҳед ёфт. Ва аз Аллоҳ дар тамоми ҳолатҳоятон омурзиш бихоҳед. Ҳароина, Аллоҳ бисёр омӯрзгор аст барои касе, ки аз вай омӯрзиш бихоҳад ва бисёр меҳрубон аст барои касе, ки аз вай талаби раҳм кунад!
____________________
1. Яъне, намози шабро ба шумо сабук гардонид. Тафсири Саъдӣ 1/894 2. То, ки сухани Аллоҳ ва динашро боло бардоранд.
3. Яъне, намозҳои фарзро ва закоти воҷибаро.
Пас ҳар чӣ муяссар шавад, дар намозҳоятон аз қуръон бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед(3) ва дар роҳҳои хайр ва некуй аз молҳоятон эҳсон кунед. Ва ҳар хайру эҳсоне, ки барои худ дар ин дунё пешопеш бифиристед, аҷру савобашро рӯзи қиёмат барзиёд хоҳед ёфт. Ва аз Аллоҳ дар тамоми ҳолатҳоятон омурзиш бихоҳед. Ҳароина, Аллоҳ бисёр омӯрзгор аст барои касе, ки аз вай омӯрзиш бихоҳад ва бисёр меҳрубон аст барои касе, ки аз вай талаби раҳм кунад!
____________________
1. Яъне, намози шабро ба шумо сабук гардонид. Тафсири Саъдӣ 1/894 2. То, ки сухани Аллоҳ ва динашро боло бардоранд.
3. Яъне, намозҳои фарзро ва закоти воҷибаро.
الترجمة الطاجيكية
۞إِنَّ رَبَّكَ يَعۡلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدۡنَىٰ مِن ثُلُثَيِ ٱلَّيۡلِ وَنِصۡفَهُۥ وَثُلُثَهُۥ وَطَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ مَعَكَۚ وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ عَلِمَ أَن لَّن تُحۡصُوهُ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِۚ عَلِمَ أَن سَيَكُونُ مِنكُم مَّرۡضَىٰ وَءَاخَرُونَ يَضۡرِبُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَبۡتَغُونَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَءَاخَرُونَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ فَٱقۡرَءُواْ مَا تَيَسَّرَ مِنۡهُۚ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَقۡرِضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗاۚ وَمَا تُقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُم مِّنۡ خَيۡرٖ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٗا وَأَعۡظَمَ أَجۡرٗاۚ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمُۢ
Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду сеяки шабу нимшаб ва сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас тавбаи шуморо қабул кард. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва музде бузургтар аст. Ва аз Худо бахшоиш бихоҳед, зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation