ترجمة سورة المائدة

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة المائدة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Эй касоне, ки имон овардаед, ба аҳдҳо ва қарордодҳо ки миёни бандагон ва Парвардигор ва Паёмбар ва ҷамиъи мӯъминонанд бастед, вафо кунед. Ҳалол гардонид ҳайвоноти чаҳорпо (шутур, гов, гӯсфанд ва оҳу...) ро. Ғайри онҳое ки, (1) аз ин пас бароятон гуфта мешавад ва он чиро, ки дар ҳоли иҳром сайд мекунед, ҳалол машуморед. Ба дурустӣ Аллоҳ он чи мехоҳад, ҳукм мекунад! (2)
____________________
1. Ба монанди худмӯрда, хуни забҳ, гӯшти хук ва ҳайвоне, ки ба номи ғайри Аллоҳ сар бурида шуда бошанд,
2. Тафсири Саъдӣ 1/ 218
2.Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром (1) ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор (2) ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред.
Ва дар некӯкорӣ (3) ва тақво (4) ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад. (5)
____________________
1. Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа. Ҷумҳури уламо бар ин бовар ҳастанд, ки манъшудани ҷанг дар моҳҳои ҳаром бо ояти 5- уми сураи Тавба мансух гардидааст,
2. Яъне қурбоние, ки дар гарданашон занҷир ё гарданбанд ё чизи дигаре овехта шудааст, то маълум шавад, ки ин мол махсус барои қурбонӣ аст.
3. Яъне, номест, дарбаргирандаи тамоми амалҳои зоҳири ва ботиние, ки Парвардигор онҳоро дӯст медорад ва меписандад.
4. Ва "Тақво" дар инҷо номе аст, ки дарбаргирандаи тарки тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Аллоҳ ва расулаш онҳоро дӯст намедоранд.
5. Тафсири Саъдӣ 1/ 218 /219
3.Ҳаром шуд бар шумо хӯрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед, (1) ки ин кор худ нофармонист.
Имрӯз (яъне рӯзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо бо Қуръону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад яъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихӯрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хӯрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ӯ мубоҳ кард! (2)
____________________
1. Ин як одати арабҳо буд, ки дар ҷоҳилият бо ин роҳ пешгӯӣ мекарданд.
2. Тафсири Саъдӣ 1/ 219 / 220
4.Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/221
5.Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми (1) аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд. (2)
____________________
1. Яъне гушти ҳайвони забҳкардаи онҳо 2. Тафсири Саъдӣ 1/221
6.   Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед (яъне, тамоми баданро бишӯед.) Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум (1) кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад (2) ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед! (3)
____________________
1. Молидани хок ба рӯй ва дастҳо. 2. Яъне бо пок кардани зоҳир бо об ё хок ва пок кардани ботин бо тавҳид ва тавбаи ростин.
3. Тафсири Бағавӣ 3/ 20
7.   Ба ёд оваред неъматеро (яъне динӣ ва дунявӣ), ки Аллоҳ ба шумо додааст ва паймонеро (яъне, итоъати Аллоҳ ва паёмбар), ки бо шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем оятҳои Қуръонро ва фармонбардорӣ кардем тамоми қонунҳои динро. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, ки Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!
8.   Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед яъне, ҳамон тавр ки ба зиёни душмани худ гувоҳӣ медиҳед ба нафъи ӯ низ гувоҳӣ диҳед. Гарчӣ кофир ҳам бошад воҷиб аст дар мавриди ӯ адолат пеша кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст (яъне, агар адолат бошад, пас тақво мешавад) ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст, пас шуморо мувофиқи амалҳоятон, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазо медиҳад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/222
9.   Аллоҳ ба касоне, ки имон овардаанд (ба Ӯ ва китобҳо ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат) ва корҳои некӯ кардаанд, ваъдаи омӯрзиш ва музди бузурге додааст, ки ҷуз Аллоҳ онро касе намедонад.
10.   Ва онон, ки кофир шудаанд ва оёти моро дурӯғ баровардаанд, аҳли ҷаҳаннаманд.
11.   Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурӯҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд), (1) ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мӯъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд. (2)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/ 63
2. Таваккали банда ба қадри имонаш мебошад ва аҳли илм ҳама бар он иттифоқанд, ки таваккал ба Аллоҳ аз воҷиботи қалб аст Тафсири Саъдӣ 1/ 223
12.   Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, (1) ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст». (2)
____________________
1. Нафақа дар роҳи Аллоҳ
2. Тафсири Бағавӣ 3/ 31
13.   Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, (яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун
карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд.) Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некӯкоронро дӯст дорад (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/225
14.   Ва аз касоне, ки гуфтанд, ки мо насронӣ ҳастем, аҳду паймон гирифтем аз онон дар тавҳид (итоати Парвардигори якка ва ягона) ва пайравии паёмбарашон. Пас қисмате аз аҳдеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва Мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинаву душманӣ афкандем. Ба зудӣ Аллоҳ ононро аз корҳое, ки мекунанд, дар охират огоҳ хоҳад сохт! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/33
15.   Эй ахли китоб, паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки ба воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
16.   То Аллоҳ ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат (Ислом) ҳидоят кунад ва бо фармони худ аз торикии куфр ва бидъат ба рӯшноии имон ва суннат бубарад ва ононро ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят ва раҳнамоӣ кунад.
17.   Ба таҳқиқ, касоне ки мегуянд (аз насоро): "Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст", кофир шуданд. Бигӯ: "Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад"? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. (Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад.) Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/226
18.   Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо писарони Аллоҳ ва дӯстони ӯ ҳастем. Бигуй: эй Паёмбар «Пас чаро шуморо ба хотири гуноҳонатон азоб мекунад?(1) Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридашудагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст. (2)
____________________
1. Яъне, гузаштагонатонро ба сурати маймун ва хук гардонид ба сабаби гуноҳояшон
2. Тафсири Бағавӣ 3/33. 34
19.   Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст.
Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 10/157
20.   Ва он ҳангом, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, ки аз миёни шумо паёмбарон пайдо кард ва шоҳоне аз шумо ба салтанат расонид (баъд аз он, ки худ дар зери мулки Фиръавн будед) ва ба шумо чизҳое дод, ки ба ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон (-и замони худатон) надодааст.
21.   Эй қавми ман, ба замини муқаддасе (пок, яъне Байтулмуқаддас), ки Аллоҳ бароятон муқаррар кардааст, дохил шавед ва ақиб магардед, ки дар дунё ва охират зиён мебинед.
22.   Гуфтанд: «Эй Мӯсо, дар он ҷо (замини муқаддас) мардуме ҳастанд зӯрманду боқувватанд ва мо ба он сарзамин ҳаргиз дохил намешавем, то он гоҳ, ки он қавм берун шаванд.
Агар онон аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем».
23.    Ду марде аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Аллоҳ неъматашон (1) ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онон дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд. Ва бар Аллоҳ таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед. (2)
____________________
1. Яъне: сабр ва бовари
2. Зеро таваккал бар Аллоҳ, хусусан дар чунин мавқеъ корро осон менамояд ва боиси пирӯзӣ бар душман мешавад. Ва ин бар воҷиб будани таваккал далолат мекунад. Низ далолат менамояд, ки таваккали банда ба андозаи имонаш хоҳад буд.Тафсири Саъдӣ 1/ 227
24.    Гуфтанд: «Эй Мӯсо, то вақте ки онон дар он ҷоянд, ҳаргиз ба он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу биҷангед».
25.    Чун Мӯсо (алайҳиссалом) саркашии ононро дид, гуфт: «Парвардигоро, ман танҳо молики нафси хеш ва бародарам ҳастам. Ва мо тавоноии ҷанги ононро надорем ва наметавонем ононро бо зурӣ ба майдон барем. Миёни мо ва ин мардуми фосиқу нофармон ҷудоӣ бияндоз». (Ва ин далолат менамояд, ки сухан ва кирдори онон аз гуноҳҳои кабира аст.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/228
26.     (Парвардигор дуои Мӯсоро қабул кард ва гуфт): «Дохил шудан ба он сарзамини муқаддас ба муддати чиҳил сол барояшон (барои яҳудон) ҳаром шуд ва дар он биёбон саргардон хоҳанд монд ва роҳе намеёбанд барои осоиш. Пас барои ин нофармонони фосиқ андӯҳгин мабош!»
27.     Ва қиссаи ростини ду писари Одам (Қобил ва Ҳобил) - ро барояшон бихон. Он гоҳ, ки қурбоние (яъне амале, ки ба Аллоҳ наздик мекунад) карданд, аз якеашон (Ҳобил) қабул карда шуд, зеро ӯ парҳезгор буд ва аз дигаре (Қобил) қабул карда нашуд, зеро ӯ парҳезгор набуд.
Гуфт Қобил аз рӯи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/42
28. (Ҳобил гуфт ба бародараш): Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ба ту даст дароз намекунам, ки туро бикушам. Ин аз рӯи тарс нест, балки ман аз Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст, метарсам.(1)
____________________
1. Касе, ки аз Аллоҳ метарсад, гуноҳ намекунад ва хусусан ба гуноҳи кабира даст намезанад.
29. Мехоҳам, ки ту ҳам гуноҳи маро ва ҳам гуноҳи худро, ба сӯи Парвардигор бибарӣ, то аз дӯзахиён гардӣ, ки ин аст подоши ситамкорон.
30. Ҳавои нафси (Қобил) ӯро ба куштани бародар водошт ва ӯро кушт ва аз ҷумлаи он зиёнкороне гардид, ки охираташонро ба ин дунё фурӯхтанд.
31. (Баъд аз он, ки Қобил бародарашро кушт, надонист ҷасади бародарашро чи кор кунад). Пас Аллоҳ зоғеро фиристод, то заминро биковад ва ба ӯ нишон бидиҳад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худро дафн созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам». Пас ӯ аз гурӯҳи пушаймон шудагон гашт(1)
____________________
1. (2) Саранҷоми ҳамаи гуноҳҳо пушаймонӣ ва зиён аст. Тафсири Саъдӣ 1/228
32.    Ба сабаби ин ҳодиса ҳукм кардем бани Исроилро, ки ҳар кӣ бикушад касеро ба ғайри ивази касе ё бегуноҳ дар рӯи замин, чунон
аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки сабаби зиндагонии касе шуд яъне, аз куштани чунин шахси бегуноҳ худдорӣ кард, пас гуё, ки зинда сохтааст тамоми мардумонро. Ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо(бани Исроил) фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд. (1)
____________________
1. Яъне, гуноҳ мекарданд ва аз пайрави расулони гузашта даст мекашиданд. Тафсири Табарӣ 10/242
33.    Ҳамоно ҷазои касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, яъне роҳзанӣ мекунанд он аст, ки кушта шаванд ё ба дор кашида шаванд ё дастҳову пойҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Ин барои хор ва шарманда шуданашон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азоби сахт гирифтор хоҳанд шуд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/100
34.    Магар, касоне ки пеш аз он ки шумо онҳоро дастгир кунед, тавба кунанд. Парвардигор онҳоро меомӯрзад. Пас бидонед, ки Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст! (1)
____________________
1. Яъне ҳад соқит мешавад, аммо ҳаққу ҳуқуқи одамон соқит намешавад Тафсири Бағавӣ 3/ 50
35.    Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣ ҷӯед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/103
36.    Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/230
37.     (Кофирон) мехоҳанд, ки аз оташ берун оянд, дар ҳоле ки берун омада наметавонанд ва азобашон абадӣ аст.
38.     Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, то банди даст бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Аллоҳ барои дузд ва дигарон, то аз дуздӣ баргарданд. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/230
39.     Ҳар кас пас аз кирдори нописандаш (яъне баъд аз дуздӣ карданаш) тавба кунад ва ба салоҳ ояд, Аллоҳ тавбаи ӯро мепазирад.Ба дурустӣ Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!
40.     Оё надонистай эй Паёмбар, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомӯрзад ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност?
41. Эй Паёмбар ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чи онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чӣ он яҳудон, ки гӯш меандозанд, то дурӯғ банданд ва барои гурӯҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекунанд ва сухани Аллоҳро дигаргун месозанд ва мегӯянд: «Агар шуморо (Муҳаммад) инчунин гуфт, (ки мувофиқи он чи ки мо онро тағйир додаем аз ҳукмҳои Таврот) бипазиред ва агар бо он мухолиф ояд, аз қабул ва амал кардани вай дурӣ ҷӯед!» Ва ҳар касро, ки Аллоҳ азоби ӯро бихоҳад, ту ӯро аз қаҳри Аллоҳ раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне, ҳастанд, (яъне яҳуду мунофиқон)(1) ки Аллоҳ нахостааст, ки дилҳояшонро аз палидии куфр пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби дарднок аст!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/58
42. Инҳо яҳудиён шунавандагони дурӯғанд, хурандагони ҳароманд.
Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рӯй гардон ва агар рӯй гардонӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки албатта Аллоҳ адолатпешагонро дӯст дорад.
43.Чӣ гуна туро дар байни ҳуд ҳоким қарор медиҳанд, дар ҳоле ки Таврот, ки дарбаргирандаи ҳукми Аллоҳ аст, дар назди онҳост? Сипас аз ҳукми ту рӯй мегардонанд. Ва касоне ки ин корҳоро мекунанд, мӯъмин нестанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/232
44.Ба дурустӣ Мо Тавротро, (ба Мӯсо писари Имрон алайҳиссалоту вассалом) нозил кардем, ки дар он раҳнамоӣ аст, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят мекунад ва дар он равшание ҳаст, ки торикиҳои ҷаҳолат шакку шубҳа ва шаҳватҳоро равшан мекунад. Паёмбароне, ки итоаткунандаи фармони Парвардигор буданд, бинобар он барои яҳуд ҳукм карданд ва низ парҳезгорону донишмандон, ки ба ҳифзи китоби Аллоҳ (Таврот) маъмур буданд ва бар он гувоҳӣ доданд, инҳо касоне буданд, ки дар миёни яҳудиён бар асоси Таврот ҳукм мекунанд ва худ ба он амал доштанд ва онро ба дигарон таълим медоданд , пас Парвардигор фармуд: Аз мардум матарсед, аз Ман битарсед ва оёти маро ба баҳои андак мафурӯшед. (1)
Ва ҳар кӣ мувофиқи оёте, ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст. (2)
____________________
1. Ҳар гоҳ олим аз ин офатҳо солим бимонад, ӯ тавфиқ ёфтааст.
2. Тафсири Саъдӣ 1\232
45.     Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, (яъне фарз кардем), ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар қасос ва ғайри он ҳукм накунад, пас ӯ аз ситамкорон аст. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/62
46.     Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд,
ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоятест, ки ба роҳи ҳақ даъват менамояд ва нурест, ки ҳақро аз ботил ҷудо мегардонад ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва бар сиҳатии он гувоҳӣ медиҳад ва бо он мувофиқ аст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\233 ва Тафсири Ибни Касир 3 \ 126
47.    Ва бояд, ки аҳли Инҷил мувофиқи он чӣ Аллоҳ дар он китоб нозил кардааст, ҳукм кунанд. Зеро ҳар кас ба он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, аз фосиқон аст.
48.    Ва ин китобро (эй Муҳаммад) ба ростӣ бар ту нозил кардем ва ҳар он чи дар он аст
ҳақ аст, тасдиқкунанда ва ҳукмкунанда бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Ва баён медорад он чи аз он китобҳо, ки тағйир дода шуданд. Пас, мувофиқи он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар миёнашон (яҳудиён) ҳукм кун ва аз пайи хоҳишҳояшон марав, то он чиро ки аз ҳақ бар ту нозил шудааст, вогузорӣ. Барои ҳар гурӯҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон, то фармонбардори шумо аз нофармонбардор маълум гардад. Пас бо амал карданатон ба Қуръон ба сӯи некиҳо бишитобед. Бозгаштани ҳамаи шумо ба сӯи Аллоҳ аст, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад.
49.    Ва эй Паёмбар, миёни яҳудиён бар мувофиқи он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳояшон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Аллоҳ бар ту нозил кардааст, рӯй бигардонӣ. Ва агар аз ҳукми ту рӯй гардонданд, бидон, ки Аллоҳ мехоҳад ононро зудтар ба подоши баъзе гуноҳҳонашон дар дунё азоб кунад ва ҳароина бисёре аз мардуми яҳуд аз тоати Парвардигорашон саркашанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/66
50.    Оё ин яҳудиён ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои қавме, ки муътақиданд ва бовар доранд, ки ҳукми Парвардигор ҳақ аст, чи касе беҳтар аз Аллоҳ ҳукм менамояд?
51.    Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд ва якдигарро ёрӣ мекунанд ва бар зидди дигарон якдаст ва якпорча мешаванд. ҳар кас, ки аз шумо эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост. Ҳамоно Аллоҳ ситамгоронро ҳидоят намекунад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/235
52.    Парвардигор хабар медиҳад аз ҳоли мунофиқоне, ки дар дил маразе (1) доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбати яҳудон мешитобанд, мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе бирасад».(2) Наздик аст, Парвардигор пирӯзие биёварад ё аз ҷониби худ коре кунад, (3) пас он гоҳ аз он чӣ дар нафсҳояшон пинҳон дошта буданд, пушаймон шаванд.
____________________
1. Бемории маънавӣ мисли шакку шубҳа ва нифоқ.
2. Эҳтимол аст, ки шикасту ҳазимат бар мусалмонон рӯй диҳад,
3. Яъне, фатҳи Макка, ки паёмбарашро нусрат диҳад, ислом ва мусалмонҳоро бар кофирон пирӯз гардонад ё коре кунад, ки ба сабаби он қуввати яҳуду насоро заиф гардад, пас назди мусалмонон сарфурӯ оранд.Тафсири Саъдӣ 1\235
53.    Ва онҳое, ки имон овардаанд, (яъне, мӯъминон дар ҳоли мунофиқон дар таъаҷҷуб монда ба якдигар) мегӯянд: «Оё инҳо ҳамон касонеанд, ки ба Аллоҳ савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?», амалҳояшон, ки дар дунё ба ҷо оварданд ба сабаби гумони бадашон бар ислому мусалмонон ботил гардид, пас худ дар зумраи зиёнкорон даромаданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/69
54.    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, пас, ба зудӣ Аллоҳ мардумеро биёварад новобаста вай яҳудӣ ё насронӣ ё дигар бошад, ки онҳоро дӯст бидорад ва онҳо низ Ӯро дӯст доранд. Дар баробари мӯъминон фурӯтананд ва дар баробари кофирон неруманданд, дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷон ва гуфтору кирдорашон ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Аллоҳст, ба ҳар кас, ки хоҳад, медиҳад ва
Парвардигор фарохнеъмату доност! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 /235
55.    Танҳо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминон дӯсти шумо ҳастанд, касоне, ки намозро бо хушӯъ барпо медоранд ва закоти фарзиро адо менамоянд ва дар баробари Аллоҳ фурӯтан ҳастанд.
56.    Ва ҳар кӣ Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминонро дӯсти худ гирифт, пас бегумон ҳизб ва гурӯҳи Аллоҳ пирӯз аст.
57.    Эй мӯъминон касонеро, ки дини шуморо бо тамасхӯр ва бозӣ гирифтаанд, аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо китоб дода шуд ва кофиронро дӯст магиред ва агар мӯъмин ҳастед аз Аллоҳ битарсед. Зеро имоне, ки дар вуҷуди мӯъминон аст, иҷоб мекунад, то дӯстии эшонро тарк намоянд ва аз дари душманӣ бо онҳо дароянд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 /236
58.    Ва чун бонги намоз кунед, он намозро яҳуду насоро ва кофирон (1) масхараву бозӣ мегиранд, зеро мардуме ҳастанд, ки ба сабаби нодонии худ намеандешанд.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/74
59.    Бигу эй расул, ба он масхаракунандагони ахли китоб: «Эй аҳли китоб, оё интиқоми шумо ҷуз ин чизи дигаре ҳаст, ки мо ба Аллоҳ ва он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ пеш аз ин нозил шудааст, имон овардаем.
Ва бидонед, ки бештари шумо фосиқ ҳастед. (Яъне, аз тоъати Илоҳӣ берун рафта ва бар иртикоби гуноҳ ҷуръат кардаед») (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 /237
60.    Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Аллоҳ ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам, ки шумо моро бад-он муттаҳам намудаед, ҳол он ки он сифот дар шумо мавҷуд мебошад: Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро маймуну хук гардонидааст ва парастандагони тоғутанд. (1) Онҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаринанд.
____________________
1. Ҳар он чи ба ҷои Аллоҳ парастиш шавад ва он парастидашуда розӣ бошад. Тафсири Саъдӣ 1\237
61.    Ва чун мунофиқон назди шумо омаданд, гуфтанд, ки имон овардем ва ҳол он ки
бо куфр дохил шуданд ва ба ҳамон куфр хориҷ гаштанд ва онҳо даъво доранд, ки мӯъмин ҳастанд, Аллоҳ ба он чӣ пинҳон медоранд, огоҳтар аст!
62.    Мебинӣ бисёре аз онҳоро (яҳудонро), ки ба гуноҳу бедодӣ (1) ва дар хӯрдани моли ҳаром аз якдигар тез мешитобанд. Воқеан кори бисёр бадеро анҷом медиҳанд!
____________________
1. Аз ҳад гузаронидан аз ҳақ.
63.    Аз чӣ рӯй пешвоён ва донишмандонҳояшон ононро аз гуфтори бад ва ҳаромхорагӣ бознамедоранд. Дар ҳақиқат чи бадӣ аст, ки онон анҷом медиҳанд.
64.    (Парвардигор паёмбарашро аз ақидаи бади яҳудон ва он чи миёни худ пинҳон медоштанд, хабар медиҳад): Яҳудиён гуфтанд, ки Парвардигор дастбаста аст (яъне, Парвардигор бахил аст. Ва ин воқеа замоне буд, ки ба онҳо хушкӣ ва қаҳтӣ расида буд). Дастҳои худашон баста бод! Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Яъне, Парвардигор онҳоро аз раҳмати худ берун кард. Ва амр чунин тавр нест, ки онҳо бар Аллоҳ сухани дурӯғ мебофанд, балки дастҳои Аллоҳ(1) кушода аст. Ба ҳар сон, ки бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба сабаби бухлу ҳасадашон дар туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандаем. Ҳар гоҳ, ки ба сабаби вайронии нияташон ва фасодкориашон бар муқобили мусалмонон оташи ҷангро афрӯхтанд, Аллоҳ хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Аллоҳ муфсидонро дӯст надорад.(2)
____________________
1. Дар оят сифати дастони Аллоҳ зикр шудааст, ки он бе мислу монанд ва лоиқ ба зоти худаш аст.
2. Тафсири Табарӣ 10/458
65.    Ва агар аҳли Китоб имон ба Аллоҳ ва расулаш биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд (яъне, фармудаҳояшро ба ҷо оранд ва аз он чи манъ кардааст, дур биистанд), гуноҳонашонро хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард.
66.     Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шуда, (Қуръонро) барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихуранд (яъне ризқҳои онҳо фаровон гардад). Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бар ҳақ устуворанд ва бисёриашон бадкирдоранд ва аз роҳи ҳақ гумроҳанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/238
67.     Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ ва чизеро аз он пинҳон кунӣ, амри рисолати Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад ва бар душманонат пирӯз мегардонад ва вазифаи ту расонидани ҳақ аст ба сӯи мардум. Ба дурустӣ Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад. (1)
____________________
1. Ва касе гумон барад, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро пинҳон кардааст аз амри Парвардигор, ба дурустӣ бар Аллоҳ дурӯғи бузургеро бофтааст.Тафсири Бағавӣ 3/78
68.     Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо бар чизе нестед, (яъне ба Қуръон, Муҳаммад, паёмбари худ ва китобатон имон наовардаед) то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби
Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештарашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош.
69.    Албатта, аз миёни онон, ки имон овардаанд (яъне, мусалмонон) ва яҳудиён ва собиин(1) ва насоро, (пайравони Исо алайҳиссалом) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, аз аҳволи рӯзи қиёмат биме бар онҳо нест ва он чи ки дар дунё тарк намуданд, бар он гамгин намешаванд.
____________________
1. Онон қавмеанд, ки бар фитраташон боқи монданд ва барояшон дини муқарраре нест, ки ба он пайравӣ кунанд.
70.    Ба дурустӣ Мо аз бани Исроил паймони маҳкам гирифтем, то ба Аллоҳ имон биёваранд ва паёмбаронро ба сӯи онҳо фиристодем. Ҳар гоҳ ки паёмбаре чизе мегуфт, ки бо хоҳиши нафсашон мувофиқ набуд, гурӯҳеро дурӯғ мебароварданд ва гурӯҳеро мекуштанд.
71.     Ва пиндоштанд, ки ҳеҷ азобе нахоҳад буд. Пас аз дидани ҳақ кӯр ва аз шунидани он кар шуданд. Он гоҳ Аллоҳ тавбаашон бипазируфт.
Боз бисёре аз онҳо кӯру кар шуданд. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд бино аст.
72.     Парвардигори мутаъол қасам ёд мекунад касоне, ки гуфтанд: Ба таҳқиқ, ки Аллоҳ ҳамон Масеҳ писари Марям аст, кофир шуданд. Масеҳ (алайҳиссалом даъвои ботили онҳоро рад карда) гуфт: «Эй бани Исроил, Аллоҳро, Парвардигори ман ва Парвардигори худро бипарастед». Зеро ҳар кас, ки барои Парвардигор (Исо ё касе дигарро) шарике қарор диҳад, ҳамоно Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкоронро ёридиҳандае нест, ки аз азоби Парвардигор онҳоро раҳо кунад.
73.     Ҳамоно онон, ки гуфтанд: «Аллоҳи барҳақ саввумини се аст», (1) кофир шуданд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Агар аз он чӣ мегӯянд, бознаистанд, ба ононе ки дар ақидаи кофирашон меистанд, азоби дардовар хоҳад расид.
____________________
1. Яъне: ба эътиқоди насрониён дар мартабаи улуҳият се кас ҳастанд: яке Аллоҳ ва дигаре Исо ва сеюм Марям. Тафсири Ибни Касир 3\158 ва Бағавӣ 3/82
74.     (Сипас Парвардигор онҳоро ба тавба кардан аз он чӣ аз онҳо сар зада даъват кард ва баён намуд): Оё ба даргоҳи Аллоҳ тавба намекунанд ва аз Ӯ омӯрзиш намехоҳанд? Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!
75.     (Сипас ҳақиқати Масеҳ ва модарашро, ки ҳақ ва ошкор буд, баён кард ва фармуд): Масеҳ писари Марям, ҷуз паёмбаре набуд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зани ростгӯй(1) буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем, сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд.(2)
____________________
1. Бисёр ростгуй дар мартабаи сиддиқон, ки баъди анбиё аст.
2. Ин далели равшане аст, бар ин ки онҳо ду бандаи ниёзманд буданд ва ҳамон тавр ки инсонҳо ба хӯрок ва ошомиданӣ ниёз доранд онҳо низ ба он ниёзманд буданд.
76.    Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ маъбуди дигареро, ки барои шумо молики ҳеҷ фоида ва зиёне нест ҳеҷ фоида ва зиёне барои шумо намерасонад, мепарастед ва ҳол он, ки Аллоҳ ба гуфтори бандагонаш шунаво ва ба кирдорашон доност?»
77.   (Эй Паёмбар ба насоро) бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
78.   (Парвардигор хабар медиҳад, ки Ӯ кофиронро аз раҳматаш маҳрум карда гуфтааст): Онон, ки аз бани Исроил кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо ибни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат подоши исён ва таҷовузашон буд.
79.   Инҳо, яҳудиён гуноҳи ошкор мекарданд ва ба кардани он розӣ буданд ва аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро мань намекарданд ва ҳароина бадкорӣ мекарданд. Ба ин сабаб сазовори лаънати Парвардигор гаштанд.
80.   Бисёре аз яҳудиёнро мебинӣ, ки бо кофирон (яъне, бо мушрикони Макка, ки бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷанг баромаданд) дӯстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пештар барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва рӯзи қиёмат дар азоби ҷовидонаанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/85
81. Ва агар он яҳудиёне ки мушриконро дастиёрӣ карданд ба Аллоҳ ва паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва он
чӣ бар ӯ нозил шуда, (Қуръон) имон оварда буданд, кофиронро дӯст намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд. (Яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунанд) (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/85
82. 82. Бешак хоҳӣ дид, эй Паёмбар, ки душмантарин мардум барои мӯъминон яҳудиён
ва мушрикон ҳастанд ки яҳудиён аз сабаби саркашӣ ва инкор карданашон ҳақро ва мушрикон ба сабаби бутпарастиашон душманӣ варзиданд ва меҳрубонтарин касон нисбат ба онон, ки имон овардаанд, касонеро меёбӣ, ки мегӯянд: «Мо насронӣ ҳастем». Зеро баъзе аз онҳо донишмандону обидон ҳастанд ва онҳо аз қабули ҳақ такаббур намекунанд. (Ва онҳо касонеанд, ки рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қабул карданд ва ба он имон оварданд.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/241
83. Аз нишонаҳои дӯстии онҳо ба мусалмонон он аст, ки гурӯҳе аз онҳо(1) он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, чашмонашон ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтанд, пур аз ашк мешавад, ки он ҳақ ва аз назди Парвардигор аст ва ба Аллоҳ имон меоваранд ва расули Ӯро пайравӣ мекунанд ва мегӯянд: "Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис".(2)
____________________
1. Яъне гурӯҳе аз деҳқонони ҳабаш. Тафсири Ибни Касир 3\ 168
2. Яъне, дар рӯзи қиёмат бо ҳамроҳи уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Бағавӣ 3 \ 88
84. Чаро ба Аллоҳ ва ин дини ҳақ, ки бар мо нозил шудааст, имон наёварем ва тамаъ накунем, дар ин ки Парвардигори мо моро дар шумори солеҳон оварад?
85.     Пас ба сабаби имоне, ки оварданд ва эътирофе, ки ба ҳақ карданд, Парвардигор онҳоро ба биҳиштҳое, ки аз зери дарахтони он ҷӯйҳо равон аст, дарорад ва онҳо дар он ҷовидон мемонанд ва ин подоши некӯкорон аст.
86.  Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд (паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурӯғ шумориданд, онҳо аз ахли ҷаҳаннаманд.
87.   Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ бар шумо ҳалол кардааст, ҳаром макунед аз таъом, нӯшокӣ, никоҳи занон ва неъматеро, ки Парвардигор ба шумо ба фарохӣ арзонӣ намудааст, ба тангӣ магиред ва аз ҳад дармагузаред, ки ҳамоно Аллоҳ аз ҳад таҷовузкунандагонро дӯст надорад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/90
88.     Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷӯед.
89.    Парвардигор шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда аз забонатон ҷорӣ гашта бозхост нахоҳад кард. (ба монанди Валлоҳӣ не! Валлоҳӣ оре!), вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки аз рӯи қасд мехӯред, бозхост мекунад ва каффорати он таъом додани даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯшиши (либоси) онҳо ё озод кардани як банда. Ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза медорад. Ин кафорати қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед, ба қасамҳои худ вафо кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки сипосгузор бошед, ки Парвардигор шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармудааст.
90.    Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб (1) ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд).
____________________
1. Ҳар масткунандае, ки аклро тира мекунад.
91.    Чуз ин нест, ки шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва намоз боздорад, ба рафтани ақл дар нӯшидани шароб ва машғул шудан ба беҳудагӣ дар бурд кардани қимор, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед? (яъне, аз ин корҳо боз истед).
92.    Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ва фармонбардорӣ намоед. Агар рӯй гардонед, аз фармудаҳои Парвардигор ва амал кардед ба он чи манъ карда шудед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонидани паёми равшани Парвардигор аст!
93.    Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, пеш аз ҳаром шудани шароб ва қимор гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд аз корҳои ҳаром ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ ва некӣ кунанд, (яъне, хавфашон онҳоро ба некӯкорӣ овард ҳатто, ки гӯё Аллоҳро дида ибодат мекунанд) ва Аллоҳ некӯкоронро дӯст дорад. (1)
____________________
1. Некӯкорӣ амалест, ки Парвардигор онро бар бандагонаш мубоҳ гардондаст, балки бо анҷоми он ба даргоҳи Аллоҳ наздик мешаванд ва ризоияташро дармеёбанд ва аз азобаш худро дур мекунанд. Тафсири Табарӣ 10\576
94.    Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ шуморо ба сайде, ки ба даст мегиред ё ба найза шикор мекунед, меозмояд, то бидонад чӣ касе дар пинҳонӣ аз Ӯ метарсад. (1)
Ва ҳар кӣ аз ин пас аз ҳад таҷовуз кунад, яъне ба шикор барояд дар ҳоли иҳром ӯрост азобе дардовар.
____________________
1. Яъне худдорӣ мекунад аз шикор дар ҳоли иҳром бастан аз барои ҳаҷ ё умра.
95.    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар иҳром бошед, хоҳ дар ҳаҷ ё умра ё дар ҳарам сайдро макушед. Ҳар кӣ ҳар намуди сайдро ба амд (қасдан) бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, аз шутур, гов ё гусфанд ба шарти он ки ду шахси одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба кафорат тангдастонро аз фақирони ҳарам таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, Парвардигор бар вай ин ҷазоро фарз гардонид, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, (1) Аллоҳ афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он қасдан бозгардад, Аллоҳ аз ӯ интиқом мегирад, ки Аллоҳ пирӯзманду интиқом гиранда аст!
____________________
1. Пеш аз ҳаром шудани он чизҳои зикр шуда
96.    Шикори сайдҳои дарёӣ ва хӯрдани он дар ҳоли иҳром аз ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шудааст ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар иҳром ҳастед, (дар ҳаҷ ё умра) бар шумо ҳаром аст. Ва аз Парвардигоре, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед, то ба савоби бузурге сазовор шавед ва аз азоби дардноки Ӯ солим монед!
97.    Парвардигор бар бандагонаш миннат карда мефармояд: Каъба, Байтулҳаромро ва моҳҳои ҳаром (1) ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода (гарданбанддор) сабаби интизоми кори дин ва дунё ва осоиштагӣ барои ҳаёташон гардонид, Ин ба он хотир аст, то бидонед Парвардигор ба тамоми он чи дар осмонҳо ва дар замин мебошад, огоҳ аст. Аз ҷумла огоҳии Парвардигор ин аст, ки зиёрати ин хонаро бароятон муқаррар сохт, чун медонист бисёре аз манофеъи динӣ ва дунявии шумо дар он таъмин мешавад. (2)
____________________
1. Моҳи зулҳиҷҷа, зулқаъда, муҳаррам ва раҷаб 2. Тафсири Саъдӣ 1/244
98.    Бидонед, ки уқубати Аллоҳ сахт аст ва ҳам Ӯ омӯрзандаву меҳрубон аст! Яъне, касе ки аз фармони Ӯ рӯй гардонад, ба ҷазои сахт гирифтораш кунад ва бидонед Ӯ нисбат
ба касе, ки сӯяш бозгардад ва тавба кунад ва аз Ӯ итоъат намояд, омӯрзанда ва меҳрубон аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/244
99.    Парвардигор хабар медиҳад, ки вазифаи паёмбар ҷуз расонидани паём, роҳ намудан ва далолат кардан чизе дигаре нест. Аммо ҳидоят ва тавфиқ дар дасти Аллоҳ аст. Ба он чиро, ки ошкор месозед ё пинҳон медоред, Аллоҳ медонад!
100.Бигу: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». (Яъне, кофир бо мӯъмин, осӣ бо тоъаткор, ҷоҳил бо олим ва моли ҳалол бо моли ҳаром баробар намешавад.) Ва моли ками ҳалоли фоидаовар
беҳ аст аз моли бисёри ҳароми зараровар.(1) Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ битарсед, ва аз нопокиҳо дур бошед, то растагор шавед!
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/203
101.Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва амал ба шариати Ӯ кардаед, аз чизҳое, ки чун барои шумо ошкор шаванд, андӯҳгинатон мекунанд, мапурсед(1). Ва агар вақте, ки Қуръон фуруд оварда мешавад, дар бораи онҳо суол кунед, албатта барои шумо равшан карда мешавад. Аллоҳ ба хотири он ки бандагонашро аз он авф кунад дар мавриди он чизҳо сукут кардааст, ки омӯрзандаву бурдбор аст.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/245
102. Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва онро ба ҷо наоварданд ва ба он сабаб кофир шуданд. Пас эҳтиёт кунед, то мисли онон мабошед! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/115
103. Парвардигор дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ (1) ҳукме муқаррар накардааст, вале кофирон бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд.
____________________
1. "Баҳира" он модашутуре аст, ки ӯро барои бутон муқаррар мекарданд ва шири онро ба касе намедоданд; "соиба" ҳайвоне, ки барои бутон мегузоштанд ва бар пушти ӯ бор намениҳоданд; "васила" модашутуре аст, ки бори якум дар аввали умр шутури мода зояд, баъд аз он бори дигар мода зояд, пас онро барои бутон мегузоштанд, "ҳомӣ" шутури наре, ки чун аз он чанд бача мегирифтанд, онро аз саворӣ ва ғайри он озод нигоҳ медоштанд. Ислом ҳамаи инҳоро ботил кард. Тафсири Табарӣ 11 \ 124
104. Ва чун ба он кофироне, ки ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром шумориданд гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, то ки бароятон ҳалол ва ҳаромро баён кунад гӯянд: «Он дине, ки падарони худро пайравӣ он ёфтаем, моро бас аст». Ҳарчанде, ки падаронашон чизе аз ақл надошта ва роҳ гум карда бошанд? (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/109
105.  Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, худро ба амал кардан дар тоъати Аллоҳ ва дур шудан аз нофармонии Ӯ нигоҳ доред. Агар чанде мардум шуморо қабул накунанд амал карданро давом диҳед, ҳидоят ёфтаед. Ва чун роҳи ростро лозим гирифтед ва амри ба маъруф ва наҳйи
аз мункар кардед, ҳеҷ гоҳ онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Аллоҳ аст, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/212
106.  Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду шахси одилро аз миёни худатон аз мусалмонон ба гувоҳӣ гиред ё аз ғайри мусалмонон, дар ҳолати набудани мусалмонон ва дар ҳолати зарурат. Ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид, агар аз он ду гувоҳ шак доштед, нигоҳашон доред, то баъд аз намоз, (хусусан намози аср) он гоҳ ба Аллоҳ савганд хӯранд ва бигуянд: Мо савгандҳоямонро ба баҳои каме аз дунё иваз намекунем, ба гуноҳе, ки ба хотири ба даст овардани матоъе аз дунё савганди дурӯғ ёд кунем, ҳарчанд ба фоидаи хешовандамон бошад ва онро рӯпӯш накунем, агар онро пинҳон кунем, он вақт аз зумраи гунаҳкорон хоҳем буд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/246
107. Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шуданд, ду шоҳиди дигар аз ворисони наздикони майит, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Аллоҳ қасам хӯранд, ки шаҳодати мо аз шаҳодати он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ нагузарем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.
108. Ин равиш наздиктар ба он аст, ки ҳам гувоҳиро дар сурати дуруст мувофиқи шариъат адо кунанд ё аз он битарсанд ворисони майит, ки баъд аз қасам хӯрданашон савгандҳояшон рад карда шавад. Аз Аллоҳ битарсед аз қасами бардурӯғ хӯрдан.
Ва гуш фаро доред он чиро ба шумо панд дода шуд. Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/115
109.Рӯзе, ки Аллоҳ паёмбаронро гирд оварад, пас бипурсад, ки даъвати шуморо ба суи тавҳид умматҳоятон чӣ гуна ҷавоб доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест». (1) Ҳамоно Ту ҳамаи умури пинҳон ва ошкорро медонӣ.
____________________
1. Яъне мо намедонем дар синаи мардум чи аст ва баъд аз мо чи корҳое кардаанд.
110.Он гоҳ ки Парвардигор рӯзи қиёмат ба Исо писари Марям гӯяд: "Эй Исо! Ба ёд овар неъмати маро, ки бар ту ва модарат арзонӣ доштам (ва туро бе падар офаридам ва модаратро бар тамоми занҳои олам баргузидам ва аз тӯҳмат ӯро пок сохтам. Ва аз неъматҳое, ки Парвардигор ба Исо арзонӣ кард;) ба воситаи Ҷабраил ӯро қувват бахшид ва ёрӣ кард, дар гаҳвора бо мардум сухан мегуфт ва дар миёнсолӣ онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват менамуд.( Ва аз он неъматҳо;) Парвардигор бе воситаи муаллим ба ӯ таълими навиштанро омӯзонд ва қуввати фаҳм ва идрокро барояш ато кард ва таълим дод ба ӯ Тавротро, (ки бар Мӯсо алайҳиссалом фуруд овард) ва Инҷилро, (ки барои ҳидояти мардум барояш фуруд овард). (Ва аз он неъматҳо, ки ба дастури Парвардигор) аз гил чизе ба шакли парранда месохт ва дар он медамид, пас ба фармони Аллоҳ парранда мешуд. Ва кӯри модарзод ва фарди мубтало ба бемории песиро ба изни Аллоҳ шифо медод. Ва аз он неъматҳо, ки мурдагонро ба фармони Аллоҳ аз қабр зинда берун меовард. Ва ҳамаи ин ба хост ва изни Парвардигор буд. Ва ин мӯъҷизаҳо ҳама далолат бар паёмбарии Исо (алайҳиссалом) мекунад. Пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: "Он чи ки Исо аз далелҳое, ки овард, ҷодуи ошкоро аст".
111. Ба ёд овар неъмати Маро, ки ба ту арзонӣ намудам, он гоҳ ки пайравон ва ёваронеро барои ту фароҳам намудам. Пас ба ҳавориён илҳом кардам ва дилоҳояшонро барои имон овардан ба Ман ва паёмбарам омода сохтам ва бар забони ту ба сӯи онҳо ваҳй кардам.
Пас онро иҷобат намуда ва таслими фармони Ман шуданд ва гуфтанд: Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо мусалмонем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/248
112.  Ва ба ёд овар, он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд: Эй Исо писари Марям! Оё Парвардигорат метавонад аз осмон дастархони пур аз таъом бар мо нозил кунад? Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед».
113.  Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихурем, то дилҳоямон ба василаи имон ором гирад ва бо мушоҳидаи нишонаҳо ва мӯъҷизоти ошкор имон ва боварии мо ба ҳақиқат табдил гардад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем».
114.  Исо ибни Марям дархости ҳавориёнро пазируфт ва гуфт: «Ё Аллоҳ! Эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ягонагии Ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ».
115. Аллоҳ гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». (Пас инкор карданд ва куфр варзиданд, пас аз фуруд омадани дастархон бар онҳо).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/232
116. Ва ба ёдовар он гоҳ, ки Аллоҳ ба Исо писари Марям рӯзи қиёмат гӯяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро аз ғайри Аллоҳ ба маъбудӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро! Ту аз ин сухани зишт ва аз он чи ки шоистаи Ту нест пок ҳастӣ. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медонистӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар замири Туст, бехабарам.
Зеро Ту донотарин Зоти пок ба гайб ҳастӣ!
117. (Исо алайҳиссалом мегуяд:) Чизе ба онон нагуфтаам ҷуз он чи маро ба гуфтани он дастур додаӣ. Гуфтам, Парвардигорро бипарастед, ки Парвардигори ман ва шумо аст. Ва ман то замоне, ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ (яъне,
ба осмон бурдӣ), Ту худ гувоҳ ва нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/249
118. Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва Ту ба аҳволашон донотар ҳастӣ ва агар ононро биёмӯрзӣ, он касонеро ки ба назди
Ту ба тавба баргаштанд, пас ҳамоно Ту пирӯзманду ҳакимӣ!»
119. (Парвардигор ба Исо алайҳиссалом рӯзи қиёмат мегӯяд:) «Ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростии ният, гуфтор ва кирдорашон фоида диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Парвардигор аз онон хушнуд ва хубиҳояшонро қабул кардааст ва онон низ аз Парвардигор хушнуданд аз он савобҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Ин аст комёбии бузург!
120.  Аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Ӯ бар ҳар чизе тавоно аст. Пас ҳеҷ чизе Ӯро нотавон намекунад!
Icon