[Қорун] гуфт: «Он чи ба ман дода шуда, дар натиҷаи [қудрату] донишест, ки назди ман аст». Оё намедонист, ки Аллоҳ таоло наслҳоеро пеш аз вай нобуд карда буд, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватмандтар буданд? Ва [рӯзи қиёмат] аз муҷримон дар бораи гуноҳонашон суол намешавад [зеро Аллоҳ таоло ҳамаро медонад]
الترجمة الطاجيكية - عارفي
78. ( Қорун дар ҷавоби насиҳати қавмаш гуфт:) «Ҳамоно он чӣ ба ман дода шудааст, аз ин ганҷҳо ба сабаби дониши ман буд». Оё Қорун надонистааст, ки ба таҳқиқ, Аллоҳ пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро, ки гуноҳашон муайян аст, аз гуноҳашон намепурсанд, балки ҳолати онҳоро медонад ва онҳоро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623
الترجمة الطاجيكية
قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمٍ عِندِيٓۚ أَوَلَمۡ يَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَهۡلَكَ مِن قَبۡلِهِۦ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مَنۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرُ جَمۡعٗاۚ وَلَا يُسۡـَٔلُ عَن ذُنُوبِهِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Гуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шуморашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро аз гуноҳашон намепурсанд.
Tajik - Tajik translation