Ва пеш аз ин [вақте ҳамин мунофиқон дар ҷанги Уҳуд аз муқобили кофирон гурехтанд] бо Аллоҳ таоло паймон бастанд, ки [ҳаргиз ба душман] пушт накунанд [ва аз майдон нагурезанд]; ва ҳамвора паймони илоҳӣ бозхост дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Ба таҳқиқ, ин мунофиқон пеш аз ин ғазваи Хандақ бо Аллоҳ (яъне, ба дасти Расули Аллоҳ) паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт нагардонанд ва дар ҳоли даъват ба ҷиҳод дермонӣ накунанд, лекин паймони худро шикастанд. Ва аҳду паймони Аллоҳ пурсиш дорад ва аз он аҳд бозхост карда мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\390
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\390
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ كَانُواْ عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ مِن قَبۡلُ لَا يُوَلُّونَ ٱلۡأَدۡبَٰرَۚ وَكَانَ عَهۡدُ ٱللَّهِ مَسۡـُٔولٗا
Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард.
Tajik - Tajik translation