Аллоҳ таоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
35. Албатта, Аллоҳ барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоату занони аҳли тоат ва мардони ростгӯву занони роспӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, омурзиши гуноҳ ва музди бузурге омода кардааст ва он ҷаннат аст!
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّـٰدِقِينَ وَٱلصَّـٰدِقَٰتِ وَٱلصَّـٰبِرِينَ وَٱلصَّـٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّـٰٓئِمِينَ وَٱلصَّـٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّـٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّـٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا
Худо барои, мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон. ёд мекунанд ва заноне ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музде бузург омода кардааст!
Tajik - Tajik translation