Паёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ва дар китоби Аллоҳ таоло, хешовандон [дар ирс бурдан аз якдигар] нисбат ба муъмином ва муҳоҷирон авлавият доранд [ва милоки ирс, хешовандӣ аст на имон]; магар ин ки [бихоҳед] ба дӯстонатон некӣ кунед [ва бахше аз амволатонро ба эшон бидиҳед]. Ин [ҳукм] дар он китоб [Лавҳи маҳфуз] навишта шудааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
6. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба мӯъминон дар умури дину дунё аз худашон авлотар ва сазовортар аст ва ҳурмати занони ӯ ба монанди ҳурмати модарони мӯъминон ҳастанд, пас баъди вафоти Расули Аллоҳ никоҳ кардани занонаш раво нест ва дар китоби Аллоҳ хешовандони насабӣ дар мерос бурдан аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд(1), магар он ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед ва саҳме аз моли худро ба онон бидиҳед. Ин ҳукм дар китоби Аллоҳ дар Лавҳул Маҳфуз навишта шудааст.(2)
____________________
1. Дар ибтидои Ислом мусалмонон бо василаи ҳиҷрат ва имон мерос мебурданд на хешовандон. Баъд аз он ин кор ба ояти мерос мансух шуд. 2. Ин оят, далолат бар воҷиб будани он мекунад, ки муқаддам доштани муҳаббати Расули Аллоҳ бар муҳаббати банда аз ҷонаш ва низ пурра таслим шудан дар тоати ӯ ва низ иззату эҳтиром доштани модарони мӯъминонро, яъне, ҳамсарони Расули Аллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам. Касе онҳоро дашном дод, ба дурустӣ ба ҳалокат дучор гашт. Тафсири Табарӣ 20 \ 210

الترجمة الطاجيكية
ٱلنَّبِيُّ أَوۡلَىٰ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ مِنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَأَزۡوَٰجُهُۥٓ أُمَّهَٰتُهُمۡۗ وَأُوْلُواْ ٱلۡأَرۡحَامِ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلَىٰ بِبَعۡضٖ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ إِلَّآ أَن تَفۡعَلُوٓاْ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِكُم مَّعۡرُوفٗاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورٗا
Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, ғайри он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Ва ин ҳукм дар китоби Худо мактуб аст.
Tajik - Tajik translation