[Эй паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
53. Бигӯ эй Расул аз ҷониби Ман ба бандагонам: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш бо анҷом додани гуноҳ беҳад исроф кардаед, аз раҳмат ва мағфирати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳароина, Ӯст омурзанда барои тавбкунандагон ва ба онҳо меҳрубон!
الترجمة الطاجيكية
۞قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни худ исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшояд. Ӯст бахшояндаву меҳрубон!
Tajik - Tajik translation