Кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи дузах ронда мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дарҳояш кушода мегардад ва нигаҳбононаш мегӯянд: «Оё паёмбароне аз миёни худи шумо ба суроғатон наомаданд, ки оёти Парвардигоратонро барои шумо мехонданд ва дар бораи дидори ин рӯз ҳушдор медоданд? Онон [дар посух] мегӯянд: Оре, вале [мо инкорашон кардем ва] фармони муҷозот сазои кофирон аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
71. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «чӣ гуна Аллоҳро нофармонбардорӣ кардед ва маъбуди барҳақ буданашро инкор кардед, оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Кофирон иқрор шуда мегӯянд: «Бале». Паёмбарони барҳақ фиристодашуда буданд ва моро аз ин рӯз бим карданд, вале бар кофирон фармони азоб муҳаққақ шуда буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\118
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\118
الترجمة الطاجيكية
وَسِيقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا فُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَتۡلُونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ رَبِّكُمۡ وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنۡ حَقَّتۡ كَلِمَةُ ٱلۡعَذَابِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб ҳатмӣ шуда буд.
Tajik - Tajik translation