Ӯст, ки шуморо аз хок ва сипас [тайи мароҳили мухталиф] аз нутфа ва он гоҳ хуни баста [ҷанини ибтидоӣ] офарид, сипас шуморо [ба сурати] кӯдаке [ба дунё] меоварад ва имкон медиҳад, то ба ҳадди рушд [ва камоли неру] бирасед. Сипас [солҳо зиндагӣ мекунед, то] солхӯрда мешавед. Бархе аз шумо дучори марги зудрас хоҳанд шуд ва [ба гурӯҳе дигар имкон медиҳад], то ба аҷали муайян бирасед, бошад, ки биандешед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
67. Ӯст, он Аллоҳе, ки падари шумо (Одам алайҳиссалом)- ро аз хок офарид, сипас шуморо ба қудраташ аз нутфаи манӣ ба вуҷуд овард, сипас шуморо дар раҳми модарон аз хуни баста биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, дар ҳоле, ки тифли навзоде будед, аз раҳми модар берун овард, сипас калон мешавед, то ба синни ҷавонӣ бирасед, сипас зиндагӣ мекунед, то баъд аз он пир мешавед. Баъзе аз миёни шумо касе аст, ки пеш аз пирӣ бимирад ва ба баъзе аз шумо мӯҳлат медиҳад то ба аҷали муъайян бирасед ва бошад, ки далелҳои Аллоҳро ба ақл дарёбед ва дар оёти Ӯ биандешед ва бидонед, ки инҳо, ҳама аз амр, такдир ва тадбири Ӯ содир мешаванд, пас бояд, ки ба ҷуз Ӯ касе дигарро парастиш карда нашавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\412
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\412
الترجمة الطاجيكية
هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ يُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡ ثُمَّ لِتَكُونُواْ شُيُوخٗاۚ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ مِن قَبۡلُۖ وَلِتَبۡلُغُوٓاْ أَجَلٗا مُّسَمّٗى وَلَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
Ӯст он Худое, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз лахтаи хуне биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, дар сурати кӯдаке баровард, то ба синни ҷавонӣ бирасед ва пир шавед. Баъзе аз шумо пеш аз пирӣ бимиред ва баъзе ба он замони муъайян мерасед ва шояд ба ақл дарёбед.
Tajik - Tajik translation