[Эй паёмбар, мардумро] ба сӯйи ин [оини илоҳӣ] даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз ҳавасҳои онон пайравӣ накун ва бигӯ: «Ба ҳамаи китобҳое, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст имон дорам ва фармон ёфтаам, ки дар барорбари шумо ба адолат рафтор кунам. Аллоҳ таоло Парвардигори мову шумост. [натиҷаи] аъмоли мо барои мост ва [натиҷаи] аъмоли шумо барои шумо. Ҳеҷ [душманиву] ҷидоле байни мову шумо нест. Аллоҳ таоло ҳамаи моро [дар қиёмат] ҷамъ хоҳад кард ва бозгашти [ҳама] ба сӯи Ӯст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Пас барои ин дини росте, ки Аллоҳ бар паёмбарон васият кардааст, мардумро даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ варз ва аз паи хоҳишҳояшон марав, ки онҳо аз роҳи ҳақ каҷ рафтаанд ва бигӯ: «Ба ҳар китобе, ки Аллоҳ нозил кардааст бар паёмбарони хеш, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо дар аҳкоми Аллоҳ ба адолат рафтор кунам. Аллоҳи барҳақ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Савоби аъмоли шоистаи мо аз они мо ва ҷазои аъмоли бади шумо аз они шумост. Миёни мову шумо ҳеҷ ҷидол ва душмание нест, баъд аз он ки ҳақ баён шуд. Аллоҳ моро дар рӯзи қиёмат дар як ҷо гирд меоварад ва дар он чи ки ихтилоф кардаем, байни мо бо ҳақ доварӣ мекунад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст! Пас ҳар якеро ҷазои муносиб медиҳад»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\755
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\755
الترجمة الطاجيكية
فَلِذَٰلِكَ فَٱدۡعُۖ وَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَۖ وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَهُمۡۖ وَقُلۡ ءَامَنتُ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِن كِتَٰبٖۖ وَأُمِرۡتُ لِأَعۡدِلَ بَيۡنَكُمُۖ ٱللَّهُ رَبُّنَا وَرَبُّكُمۡۖ لَنَآ أَعۡمَٰلُنَا وَلَكُمۡ أَعۡمَٰلُكُمۡۖ لَا حُجَّةَ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمُۖ ٱللَّهُ يَجۡمَعُ بَيۡنَنَاۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ
Барои он даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз паи хоҳишҳояшон марав ва бигӯ: «Ба китобе, ки Худо нозил кардааст, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо ба адолат рафтор кунам. Худои якто Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумо. Миёну мову шумо ҳеҷ муҳоҷҷае (душмание) нест. Худо моро дар як ҷо ҷамъ меоварад ва бозгашт ба сӯи Ӯст!»
Tajik - Tajik translation