Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
23. Ин аст он чизе, ки Аллоҳ он гурӯҳ бандагонашро, ки дар дунё имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он неъматҳои фаровон мужда медиҳад. Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ, ки дар омадани қиёмат шак доранд: «Бар расонидани он чӣ ки ман шуморо даъват мекунам, музде аз шумо дархост намекунам, ҷуз дӯст доштани хешовандӣ, ки ба ҷой оваред». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Аллоҳ дар ҳаққи мутеъони хеш омурзандаву шукрпазир аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\199
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\199
الترجمة الطاجيكية
ذَٰلِكَ ٱلَّذِي يُبَشِّرُ ٱللَّهُ عِبَادَهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِۗ قُل لَّآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًا إِلَّا ٱلۡمَوَدَّةَ فِي ٱلۡقُرۡبَىٰۗ وَمَن يَقۡتَرِفۡ حَسَنَةٗ نَّزِدۡ لَهُۥ فِيهَا حُسۡنًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ شَكُورٌ
Ин аст он чизе, ки Худо он гурӯҳ аз бандагокашро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он мужда медиҳад. Бигӯ: «Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дӯст доштани хешовандон намехоҳам». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯияш меафзоем, зеро Худо бахшояндаву шукрпазир аст!
Tajik - Tajik translation