Ва дар он [Таврот] барои эшон [Бани Исроил] муқаррар доштем, ки: "Ҷон дар баробари ҷону чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон аст ва [ҳатто] захмҳо қасос доранд". Пас, ҳар ки аз он гузашт намояд, он [бахшиш] каффораи [гуноҳони] ӯст. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтааст ва] ситамгор аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
45. Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, (яъне фарз кардем), ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар қасос ва ғайри он ҳукм накунад, пас ӯ аз ситамкорон аст. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/62
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/62
الترجمة الطاجيكية
وَكَتَبۡنَا عَلَيۡهِمۡ فِيهَآ أَنَّ ٱلنَّفۡسَ بِٱلنَّفۡسِ وَٱلۡعَيۡنَ بِٱلۡعَيۡنِ وَٱلۡأَنفَ بِٱلۡأَنفِ وَٱلۡأُذُنَ بِٱلۡأُذُنِ وَٱلسِّنَّ بِٱلسِّنِّ وَٱلۡجُرُوحَ قِصَاصٞۚ فَمَن تَصَدَّقَ بِهِۦ فَهُوَ كَفَّارَةٞ لَّهُۥۚ وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ
Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз ситамкорон аст.
Tajik - Tajik translation