Ва [эй паёмбар] миёни онон [яҳуд] бар асоси он чи Аллоҳ таоло [дар Қуръон] нозил кардааст, ҳукм кун ва аз ҳавасҳояшон пайравӣ макун ва бар ҳазар бош аз ин ки туро аз бархе аз он чи Аллоҳ таоло бар ту нозил кардааст, мунҳариф кунанд. Пас, агар [аз пазириши доварии ту] рӯй гардонанд, бидон, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ононро ба [хотири] бархе аз гуноҳонашон муҷозот кунад. Ва ба ростӣ, ки бисёре аз мардум нофармонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
49. Ва эй Паёмбар, миёни яҳудиён бар мувофиқи он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳояшон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Аллоҳ бар ту нозил кардааст, рӯй бигардонӣ. Ва агар аз ҳукми ту рӯй гардонданд, бидон, ки Аллоҳ мехоҳад ононро зудтар ба подоши баъзе гуноҳҳонашон дар дунё азоб кунад ва ҳароина бисёре аз мардуми яҳуд аз тоати Парвардигорашон саркашанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/66
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/66
الترجمة الطاجيكية
وَأَنِ ٱحۡكُم بَيۡنَهُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَهُمۡ وَٱحۡذَرۡهُمۡ أَن يَفۡتِنُوكَ عَنۢ بَعۡضِ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ إِلَيۡكَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُصِيبَهُم بِبَعۡضِ ذُنُوبِهِمۡۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ لَفَٰسِقُونَ
Миёнашон мувофиқи он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостҳошон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Худо бар ту нозил кардааст, рӯй гардонӣ. Ва агар рӯйгардон шуданд бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба ҷазои баъзе гуноҳонашон уқубат кунад ва албатта бисёре аз мардум нофармонанд.
Tajik - Tajik translation