Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаргоҳе Аллоҳ таоло ва паёмбар, шуморо ба чизе фарохонданд, ки ба шумо зиндагӣ мебахшад, ононро иҷобат кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло миёни инсон ва дилаш қарор мегирад [ва аз асрор огоҳ аст] ва ин ки [дар қиёмат ҳамагӣ] назди Ӯ гирд оварда мешавед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
24. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, ки Ӯ Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки ӯ паёмбар ва фиристодаи Ӯст, чун Аллоҳу паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад (зиндагии маънавӣ, яъне шуморо ба сӯи дини ҳақ ва имон мехонад), даъваташонро иҷобат кунед ва эй мӯъминон бидонед, ки Аллоҳ миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст (1) ва ҷамиъи ашё зери тасарруфи Ӯ ҳастанд. Сазовор аст, ки даъваташ пазируфта шавад ва бидонед, ки ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед! Ва некӯкорро ба некӯияш подош дода мешавад ва бадкорро ба бадиаш ҷазо дода мешавад. (2)
____________________
1. Дилҳоро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад2. Тафсири Табарӣ 13 \ 472
____________________
1. Дилҳоро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад2. Тафсири Табарӣ 13 \ 472
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَجِيبُواْ لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمۡ لِمَا يُحۡيِيكُمۡۖ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَحُولُ بَيۡنَ ٱلۡمَرۡءِ وَقَلۡبِهِۦ وَأَنَّهُۥٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе даъват кунанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро қабул кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед!
Tajik - Tajik translation