Он гоҳ ки шумо [муъминон] бар доманаи наздиктар будед ва онон дар доманаи дуртар қарор доштанд ва корвон [-и тиҷории Курайш] поёнтар аз [майдони ҷанг ва дур аз тиррасии] шумо буд ва агар [шумо ва мушрикон] бо якдигар [дар мавриди маҳалли даргирӣ] ваъда гузошта будед, ҳатман, дар ваъдагоҳи худ ихтилоф мекардед, вале [ба иродаи илоҳӣ дар Бадр ҷамъ шудед], то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад, то ҳар [кофире] ки ҳалок мешавад, [бо вуҷуди бартарии низомӣ ва ададӣ дар ширку гумроҳӣ] ҳалок гардад ва ҳар [муъмине] ки зинда мемонад, [ба ҳидоят] зиндагӣ ёбад [ва ин марг ва зиндагӣ] бар асоси далели равшан бошад ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
42. Ба ёд оред, ҳангоме ки шумо дар канораи водии наздиктар (ба Мадина) будед ва душманони шумо дар канораи водии дуртар (аз Мадина) буданд ва он корвон дар маконе поинтар (аз соҳили баҳри Сурх) аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Аллоҳ муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар ки ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар ки зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба гуфтори ҳар ду гурӯҳ шунавост ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ниятҳои шумо доност!
الترجمة الطاجيكية
إِذۡ أَنتُم بِٱلۡعُدۡوَةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُم بِٱلۡعُدۡوَةِ ٱلۡقُصۡوَىٰ وَٱلرَّكۡبُ أَسۡفَلَ مِنكُمۡۚ وَلَوۡ تَوَاعَدتُّمۡ لَٱخۡتَلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡمِيعَٰدِ وَلَٰكِن لِّيَقۡضِيَ ٱللَّهُ أَمۡرٗا كَانَ مَفۡعُولٗا لِّيَهۡلِكَ مَنۡ هَلَكَ عَنۢ بَيِّنَةٖ وَيَحۡيَىٰ مَنۡ حَيَّ عَنۢ بَيِّنَةٖۗ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ
Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност!
Tajik - Tajik translation