[Ба ёд овар] Он гоҳ ки Аллоҳ таоло [иддаи] ононро дар хобат ба ту андак нишон дод ва агар эшонро бисёр нишон медод, мусалламан, суст [-у баддил] мешудед ва дар кори [ҷанг] ихтилоф мекардед. Вале Аллоҳ таоло [шуморо аз сустӣ ва ихтилоф] дар амон нигоҳ дошт. Бе гумон, Ӯ ба ончи дар синаҳост, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
43. Ба ёд ор (эй Паёмбар), Аллоҳ дар хоб миқдори душманонатро ба ту кам нишон дод. Пас мӯъминонро ба ин хабар додӣ, дилашон қувват пайдо кард ва бар ҷанги онҳо ҷасорат пайдо карданд. Агар шумораи онҳоро бисёр нишон медод, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ (ихтилоф) бармехостед, вале Аллоҳ шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/364
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/364
الترجمة الطاجيكية
إِذۡ يُرِيكَهُمُ ٱللَّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلٗاۖ وَلَوۡ أَرَىٰكَهُمۡ كَثِيرٗا لَّفَشِلۡتُمۡ وَلَتَنَٰزَعۡتُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ سَلَّمَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation