Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод намуданд ва касоне, ки [муҳоҷиронро] паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, инон [ҳама] дӯстони якдигаранд. Ва касоне, ки имон оварданд, ва [-ле аз сарзамини куфр] ҳиҷрат накарданд, шумо ҳеҷ дӯстӣ [ва пайванде] бо онон надоред, магар онки ҳиҷрат кунанд. Ва агар дар [кори] дин аз шумо ёрӣ хостанд, пас, бар шумост, ки [ононро] ёрӣ кунед, магар [инки ин ёрихоҳӣ] алайҳи гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онон паймоне барқарор аст. Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
72. Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд ва ҳиҷрат (1) кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд онҳо дӯстон ва ёрони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд ва ҳиҷрат накардаанд, шумо ҳомӣ ва нусратдиҳандаи онон нестед, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, пас ёрӣ кардани онҳо ва дар канори онҳо ҷангидан воҷиб аст, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност! Ва ҳар якеро мувофиқи ният ва амалаш подош медиҳад.
____________________
1. Муҳоҷирон 2. Ансор
____________________
1. Муҳоҷирон 2. Ансор
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلَّذِينَ ءَاوَواْ وَّنَصَرُوٓاْ أُوْلَـٰٓئِكَ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يُهَاجِرُواْ مَا لَكُم مِّن وَلَٰيَتِهِم مِّن شَيۡءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُواْۚ وَإِنِ ٱسۡتَنصَرُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ فَعَلَيۡكُمُ ٱلنَّصۡرُ إِلَّا عَلَىٰ قَوۡمِۭ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُم مِّيثَٰقٞۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд, ёру дӯсти якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, ёру дӯсти шумо нестанд, то он гоҳ ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед. ғайри он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!
Tajik - Tajik translation