ترجمة سورة الطلاق

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الطلاق باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]
Пас, чун [онҳоро талоқ додед ва] иддаашон ба сар расид, эшонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед; ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ бигиред ва шаҳодатро барои Аллоҳ таоло барпо доред. Ин [ҳукме аст], ки ҳар кас ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он панду андарз дода мешавад; ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ таоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад
Ва ӯро аз ҷойе, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад; ва ҳар кас бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло фармони худро ба анҷом мерасонад. Мусалламан, Аллоҳ таоло барои ҳар чизе андозае қарор додааст.
Ва касоне аз занонатон, ки аз одати моҳона маъюс шудаанд, агар [ба бордории онон] шак кардед, иддаи онон се моҳ аст ва [низ] онҳо, ки ҳайз нашудаанд ва иддаи занони бордор ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло битарсад корашро барояш осон месозад
Ин фармони Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо нозил кардааст; ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло парво кунад, Аллоҳ таоло гуноҳҳояшро аз ӯ мезудояд [ва мебахшад] ва подоши ӯро бузург мегардонад
Онон [занони муталлақа]-ро дар ҳадди тавони худ ҳар ҷо ки худатон сукунат доред, [ва дар тавонии шумост] сукунат диҳед ва ба онҳо зиён нарасонед, то [арсаро] бар онон танг кунед [ва пеш аз поёни идда маҷбур ба тарки манзил шаванд] ва агар бордор ҳастанд, нафақаи онҳоро бидиҳед, то вазъи ҳамл кунанд. Пас, агар [фарзандатонро] барои шумо шир медиҳанд, муздашонро бипардозед ва [ин корро] ба некӣ ва бо машварати ҳамдигар анҷом диҳед; ва агар ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигаре [ба дархости шавҳар] ӯро шир диҳад
Онон, ки доро [ва сарватманд] ҳастанд, бояд аз дороӣ [ва сарвати] худ инфоқ кунанд ва касе, ки тангдаст аст, бояд аз он чи ки Аллоҳ таоло ба ӯ дода инфоқ кунад. Аллоҳ таоло ҳеҷ касро ҷуз ба он андоза, ки ба ӯ [тавон] додааст, мукаллаф намекунад. Аллоҳ таоло ба зудӣ баъд аз сахтӣ [ва тангдастӣ] осонӣ [ва кушоиш] қарор медиҳад
Чи бисёр [аҳолии] шаҳрҳо, ки аз фармони Парвардигорашон ва [фармони] паёмбаронаш сарпечӣ карданд; пас, Мо ба шиддат аз онҳо ҳисоб кашидем ва ба азобе сахт [ва саҳмнок] азобашон кардем.
Пас онон кайфари кори худро чашиданд ва саранҷоми корашон зиён буд.
Аллоҳ таоло азоби сахте барояшон муҳайё кардааст. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед. Ҳамоно Аллоҳ таоло зикр [Қуръон]-ро ба сӯйи шумо нозил кардааст
[Ва низ] Паёмбаре [фиристода], ки оёти равшани Аллоҳро бар шумо мехонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он бимонанд. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ризқу рӯзиашро наку гардонидааст
Аллоҳ таоло аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин [низ] ҳаммонанди онҳоро [офарид] ва фармони [Аллоҳ таоло] пайваста дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност ва ин ки илми Аллоҳ таоло бар ҳама чиз иҳота дорад
Icon