ترجمة معاني سورة الطلاق
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Эй Паёмбар, агар ту ва мӯъминон мехоҳед, ки занонатонро талоқ диҳед, пас талоқ диҳед занҳоро дар аввали иддаашон.(1) Ва шумори иддаро нигаҳ доред, то бидонед вақти бозгаштанро, агар бихоҳед онҳоро бозгардонед.
Ва аз Аллоҳи якто, Парвардигоратон битарсед. Ва онҳоро аз хонаҳояшон, ки зиндагӣ мекарданд, то комил шудани иддаи худ берун накунед(2): Ва аз хона танҳо берун нараванд, магар он ки ба ошкоро кори зиште (зино) кунанд. Инҳо аҳкоми Аллоҳ ҳастанд, ки барои бандагон амр кардааст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, пас ҳамоно ба худ ситам карда худро мавриди ҳалок қарор додааст. Ту чӣ донӣ (эй талоқшуда), шояд Аллоҳ баъд аз ин талоқ амреро падид оварад, ки ту намедонистӣ ва ӯ туро бозгардонад.(3)
____________________
1. Яъне, дар пок шудани баъд аз ҳайз, ки ба онҳо даст нарасонда бошед. 2. Муддати он идда се ҳайз мебошад, магар, ки муътадда (иддатпоянда) хурдсол ё кампир ё ҳомидадор бошад. 3. Тафсири Саъдӣ 1/869
2.Пас, вақте ки иддаи занҳои талоқшуда буд шавад, пас ба ваҷҳи некӯ(1) нигоҳашон доред ё ба ваҷҳи некӯ(2) аз онҳо ҷудо шавед. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам, албатта гувоҳ гиред ду мусалмони соҳибтақворо. Ва (эй шоҳидон) холис барои Аллоҳ гувоҳиро адо кунед, на барои чизи дигар. Ин ҳукми Аллоҳ аст, панд дода мешавад ба он ҳар киро, ки имон дорад ба Аллоҳу рӯзӣ қиёмат. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, пас амрҳои Ӯро ба ҷой орад ва аз манъ кардаҳояш парҳез кунад, Аллоҳ роҳи наҷоту халосиро аз тамоми ғаму андӯҳ барояш пайдо кунад.
____________________
1. Яъне, бо онҳо муомилаи некӯ кунед ва нафақаашонро диҳед. 2. Яъне, ба онҳо зараре нарасонед ва ҳаққи маҳрашонро диҳед. Тафсири Табарӣ 23/443
3. Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, сабабҳои ба даст овардани ризқу рӯзиро ба ӯ осон мегардонад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист дар анҷоми тамоми корҳо. Ҳароина, Аллоҳ кори худро
ба иҷро мерасонад(1). Ҳамоно Аллоҳ барои ҳар чиз (яъне аз сахтиҳо ва осудаҳолиҳо) як андозаву миқдори муайянро муқаррар кардааст.(2)
____________________
1. Яъне, чизе аз Ӯ таъоло фавт нашавад ва чизе Ӯро оҷиз накунад. 2. Тафсири Табарӣ 8\152
4. Ва занҳое, ки ба сабаби калонсолиашон аз дидани ҳайз ноумед шуданд, агар дар шубҳа афтодед, ки идаашон чи қадар бошад? Пас бидонед, ки иддаашон гузаштани се моҳ аст. Ва занҳое, ки ба синни ҳайз дидан нарасидаанд, иддаи онҳо низ се моҳ аст. Ва иддаи занҳои ҳомиладор, вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад ва ҳукмҳои Ӯро ба ҷой орад, Аллоҳ корашро дар дунёву охират осон хоҳад кард.
5. Ин ҳама он чи зикр шуд аз аҳкоми талоқ ва идда, фармони Аллоҳ аст, ки бар шумо (эй одамон) нозил кардааст, то ба он амал кунед. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, аз гуноҳҳо парҳез кунад ва фарзҳоро ба ҷой орад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро дар охират подоши бузурге (ҷаннат) медиҳад.
6. Ба қадри тавоноии худ занони талоқшударо дар вақти идаашон дар ҷое, ки худ сукунат ихтиёр кардед, ҷой диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то ки тангирӣ кунед ба онҳо дар маскан.
Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед (дар вақти идаашон), то ки таваллуд кунанд. Пас агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро ба пуррагӣ бидиҳед. Ва бо тарзи некӯ бо якдигар корфармоӣ (тавофуқ) кунед. Ва агар дар боби шир додан ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигар (ғайри модари талоқшуда) бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/871
7.Ҳар шавҳари молдоре аз моли худ бар зани талолқшуда ва бар фарзанди навзод нафақа диҳад. Ва касе, ки фақир ва тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Аллоҳ ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Аллоҳ ҳеҷ камбағалро ба монанди молдор вазифадор намесозад ва ба зудӣ Аллоҳ пас аз тангдастӣ ва сахтӣ, молдорӣ ва осонӣ пеш орад.
8. Чӣ басо мардуми деҳаҳое, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш саркашӣ карданд ва ба куфру туғён ҷуръат карданд. Пас ба сабаби носипосии неъматҳои Мо сахт ба ҳисобашон расидем ва ба азоби вазнин азобашон кардем.
9. Пас, уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\465
10. Аллоҳ таъоло барои онҳое, ки амрҳои Аллоҳ ва расулашро ба ҷо наоварданд, азоби сахт омода кард.
Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед. Ҳамоно Аллоҳ барои шумо (эй мӯъминон) зикре нозил кардааст, ки шуморо мутаззакир месозад ва шуморо бар насибатон аз имони ба Аллоҳ ва амал кардан ба тоъаташ огаҳ менамояд.
11. Ва ин зикр Расулаллоҳ мебошад, ки оёти равшани Аллоҳро бароятон мехонад, то касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикии куфр ба рӯшноии имон оварад ва ҳар ки ба Аллоҳ имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое медароварад, ки дар зери дарахтҳояш рудҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва ҳамоно Аллоҳ барои мӯъмини солеҳ ризқашро дар ҷаннат некӯ гардонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/468
12. Аллоҳ аст, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин(1) биёфарид. Фурӯд меояд тадбири кор аз ҷониби Аллоҳ миёни осмонҳову замин, то яқин бидонед, эй одамон, ки ҳароина, Аллоҳ ба ҳар чиз қодир аст, чизе Ӯро оҷиз накунад ва ҳароина Аллоҳ ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад, пас чизе аз илм ва қудрати Ӯ берун намешавад.
____________________
1. Яъне, ҳафт қабати заминро.