ترجمة معاني سورة الأنبياء باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة الفيتنامية - مركز رواد الترجمة
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي
ﰡ
آية رقم 1
1. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва он кофирон бо вуҷуди ин ҳам дар ғафлат рӯйгардонанд.
آية رقم 2
2.Аз сӯйи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.
آية رقم 3
3. Дар ҳоле ки дилҳояшон аз Қуръон дар ғафлатаст ва ба шаҳватҳои дунё машғул шудаанд. Ва он ситамкорони Қурайш сар ба гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост?(1) Оё бо он ки ба чашми худ ҳақиқатро мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
____________________
1. Яъне, бо ин гуфтор мехостанд, ки мардумро аз имон овардан ба Муҳаммад саллаллоҳу адайҳи ва саллам боздоранд. Тафсири Ибни Касир. 5\332.
____________________
1. Яъне, бо ин гуфтор мехостанд, ки мардумро аз имон овардан ба Муҳаммад саллаллоҳу адайҳи ва саллам боздоранд. Тафсири Ибни Касир. 5\332.
آية رقم 4
4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гфт: «Парвардигори ман ҳар суханеро, ки дар осмону замин бошад медонад ва
Ӯ шунаво аст ба гуфтори шумо ва доно аст бар ҳоли шумо».
Ӯ шунаво аст ба гуфтори шумо ва доно аст бар ҳоли шумо».
آية رقم 5
5. Балки кофирон гуфтанд: «Ин Қуръон хобҳои парешон аст ё ки гӯянд (Муҳаммад) аз назди худ дурӯғ бастааст, балки гӯянд ӯ шоирест. Ва агар бихоҳад, ки мо ӯро тасдиқ намоем, пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».(1)
____________________
1. Ба монанди шутури Солеҳ ва нишонаҳое, ки ба Мӯсо ва Исо алайҳимуссалом дода шуда буд. Тафсири Саъдӣ. 1 \518
____________________
1. Ба монанди шутури Солеҳ ва нишонаҳое, ки ба Мӯсо ва Исо алайҳимуссалом дода шуда буд. Тафсири Саъдӣ. 1 \518
آية رقم 6
6. Пеш аз онҳо (яъне кофирони Макка) мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо (кофирони Макка) имон меоваранд?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\311
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\311
آية رقم 7
7. Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои ахли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
____________________
1. Аз ин оят чунин қоъида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили дини нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441
____________________
1. Аз ин оят чунин қоъида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили дини нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441
آية رقم 8
8. Ва Мо Паёмбаронро ба сурати ҷасадҳое, ки таом нахӯранд, наофаридаем ва онҳо ҷовидона ҳам набуданд.
آية رقم 9
9. Сипас ваъдаи хешро дар ҳаққи онҳо рост гардонидем(1) ва онҳову ҳар касро, ки хостем, наҷот додем ва аз ҳад гузарандагонро (яъне мушриконро) ҳалок кардем.
____________________
1. Яъне, ваъда додем онҳоро бо ҳалок кардани душманонашон. Бағавӣ 5\311
____________________
1. Яъне, ваъда додем онҳоро бо ҳалок кардани душманонашон. Бағавӣ 5\311
آية رقم 10
10. Ба дурустӣ, китобе (Қуръон) барои шумо нозил кардаем, ки дар он иззат ва шарафи шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед чӣ ба шумо нафъ меоварад ва чӣ зарар?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\519
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\519
آية رقم 11
11. Ва чӣ бисёр аҳолии ободиҳоеро, ки ситам карда буданд, ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуми дигаре аз нав пайдо кардем.
آية رقم 12
12. Чун ситамкорон азоби моро диданд, ногаҳон онҳо аз он ҷо мегурехтанд.
آية رقم 13
13. Пас ба онон нидо карда шавад. Магурезед ва ба сӯйи маконе, ки дар он ба шумо осудагӣ дода шуд ва ба сӯйи хонаҳои хеш, ки ба он фахр мекардед бозгардед, то бувад, ки пурсида шавед
аз дунёатон чизеро! Ин нидо барои истеҳзо гуфта мешавад, чунки вақт тамом шуд ва азоби Аллоҳ онҳоро фаро гирифт.(1)
____________________
1. Тасири Бағавӣ 5\312
аз дунёатон чизеро! Ин нидо барои истеҳзо гуфта мешавад, чунки вақт тамом шуд ва азоби Аллоҳ онҳоро фаро гирифт.(1)
____________________
1. Тасири Бағавӣ 5\312
آية رقم 14
ﭯﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
14. Он замон ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтанд: «Вой бар ҳоли мо, албатта, мо ситамкор будем!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\520
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\520
آية رقم 15
15. Ва пайваста ин фарёди онҳо хоҳад буд, то ин ки онҳоро монанди гиёҳони даравшуда мегардонем.
آية رقم 16
16. Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем. Балки бар шумо хуҷҷате гардондем, то шумо панд бигиред ва бидонед, ки он Зоте, ки биёфарид инҳоро, чизе Ӯро монанд нест ва ибодат ҷуз барои Ӯ ба дигар кас шоиста нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\419
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\419
آية رقم 17
17. Агар мехостем, ки бозичае бигирем, (яъне мехостем, ки ҳамсар ё фарзанде бигирем) қатъан, чизе муносиби худ интихоб мекардем, агар анҷомдиҳандаи ин кор мебудем. Вале ин корро намекунем, зеро Аллоҳ ба ҳамсар ва фарзанд муҳтоҷ нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\420
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\420
آية رقم 18
18. Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ба ногоҳ ботил нобуд мешавад. Ва вой бар шумо эй мушрикон, аз он чи ба Аллоҳ нисбат медиҳед.
آية رقم 19
19. Аз они Ӯст, ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва фариштагоне, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва хаста намешаванд.(1)
____________________
1. Пас, чӣ гуна ҷоиз мешавад, ки аз офаридаҳояш чизеро ба Ӯ шарик оварда шавад. Тафсири Саъдӣ 1\520
____________________
1. Пас, чӣ гуна ҷоиз мешавад, ки аз офаридаҳояш чизеро ба Ӯ шарик оварда шавад. Тафсири Саъдӣ 1\520
آية رقم 20
ﮰﮱﯓﯔﯕ
ﯖ
20. Ҳамеша шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд; сустӣ намеварзанд.
آية رقم 21
21. Оё мушрикон дар замин маъбудонеро гирифтаанд, ки мурдагонро аз гӯр бармеангезанд?
آية رقم 22
22. Агар дар замину осмон маъбудоне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (яъне, замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ, Парвардигори Арш аст, аз ҳар чи ба Ӯ сифат мекунанд, пок аст.
آية رقم 23
ﯮﯯﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
23. Аллоҳ таоло аз он чи ки ҳукм мекунад,
пурсида намешавад ва ҳамаи онҳо аз гуфтору кирдорашон пурсида мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\521
пурсида намешавад ва ҳамаи онҳо аз гуфтору кирдорашон пурсида мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\521
آية رقم 24
24. Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\337
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\337
آية رقم 25
25. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман маъбуди барҳақ нест. Пас, ба ихлос Маро бипарастед.
آية رقم 26
26. Ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳи меҳрубон фарзанд ихтиёр кардааст,(1) пок аст Ӯ. Балки онон (фариштагон дар назди Аллоҳ) бандагоне гиромӣ ҳастанд.
____________________
1. Яъне, мепиндоранд, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
____________________
1. Яъне, мепиндоранд, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
آية رقم 27
ﭬﭭﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
27. Дар сухан гуфтан бар Аллоҳ пешдастӣ намекунанд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.
آية رقم 28
28. Аллоҳ медонад ҳар чи дар баробари фариштагон аст ва ҳар чи пушти сари онҳост(1). Ва онон шафъоат намекунанд, магар барои касе, ки Аллоҳ аз ӯ хушнуд шудааст ва аз тарси Ӯ ҳаросонанд.
____________________
1. Яъне, аъмоли гузашта ва ҳоли гузаштаи онҳоро медонад.
____________________
1. Яъне, аъмоли гузашта ва ҳоли гузаштаи онҳоро медонад.
آية رقم 29
29. Ҳар кас аз онҳо
(фариштагон), ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ Аллоҳи барҳақам», ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.
(фариштагон), ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ Аллоҳи барҳақам», ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.
آية رقم 30
30. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем(1). Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?(2)
____________________
1. Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем. 2. Тафсири Саъдӣ 1\522
____________________
1. Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем. 2. Тафсири Саъдӣ 1\522
آية رقم 31
31. Ва бар рӯи замин кӯҳҳои устувор биёфаридем, то замин қарор гирад ва онҳоро наларзонад. Ва дар миёни он кӯҳҳо роҳҳои кушоде ба вуҷуд овардем, то бувад, ки онҳо роҳ биёбанд.
آية رقم 32
32. Ва осмонро сақфе барои замин бе сутун нигоҳдошташуда сохтем ва боз ҳам кофирон
аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд, монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\522
аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд, монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\522
آية رقم 33
33. Ва Ӯст он Аллоҳе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро биёфарид, ки ҳар яке дар мадори муайяне шино мекунанд,
آية رقم 34
34. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Оё агар ту бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?(1)
____________________
1. Ин оят ҳуҷҷат аст бар ботид будани сухани касоне, ки мепиндоранд Хизр алайҳиссадом зиндааст.Тафсири Саъдӣ 1 \ 523
____________________
1. Ин оят ҳуҷҷат аст бар ботид будани сухани касоне, ки мепиндоранд Хизр алайҳиссадом зиндааст.Тафсири Саъдӣ 1 \ 523
آية رقم 35
35. Ва ҳар инсоне мазаи маргро мечашад ва шуморо ба тариқи имтиҳон ба сахтию осудагӣ гирифтор мекунем ва ба сӯи Мо барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.
آية رقم 36
36. (Эй Расул), чун кофирон туро бубинанд, ҷуз ба тамасхур туро наменигаранд ва бо ҳамдигар мегӯянд:
«Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ
ёд мекунад?» Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд.
«Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ
ёд мекунад?» Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд.
آية رقم 37
37. Одамӣ, шитобкор офарида шудааст. Ва қурайшиҳо саркашона ба фуруд омадани азоб шитоб намуданд, вале Аллоҳ таоло бимашон карда фармуд: Зуд аст, ки оёти (азоби) худро ба шумо нишон хоҳам дод. Пас шитоб макунед.
آية رقم 38
38. Ва кофирон масхара карда мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъдаи азоб куҷост?»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\444
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\444
آية رقم 39
39. Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро медонистанд, ки оташро аз рӯи хеш ва аз пушти хеш боздошта наметавонанд ва ба
онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина, бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар
зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\445
онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина, бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар
зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\445
آية رقم 40
40. Балки азоби рӯзи қиёмат ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва онро дафъ карда натавонанд ва барояшон мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд.
آية رقم 41
41. Ба дурустӣ, паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.
آية رقم 42
42. (Эй Расул), барои онон бигӯ, ки шитоб мекунанд дар азоб: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз азобу қаҳри Аллоҳи меҳрубон нигоҳ медорад?» Балки онҳо аз ёд кардани Парвардигорашон ва Қуръон рӯйгардонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\320
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\320
آية رقم 43
43. Оё барои мушрикон маъбудоне ҳастанд ғайри мо, ки муҳофизат мекунанд онҳоро аз мусибатҳо, ҳол он ки худро ёрӣ дода наметавонанд, пас чӣ гуна пайравонашонро ёрӣ медиҳанд? Ва онҳо аз азоби Мо маҳфуз намемонанд.
آية رقم 44
44. Балки Мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то муддати умрашон дароз шуд. Вале кофирон бо молу фарзанд ва ҳаёти дарозашон мағрур шуда бар куфрашон боқӣ монданд ва гӯё, ки азоб дода намешаванд. Оё ин мушрикон, ки шитоби азоби Аллоҳ мекунанд намебинанд, ки Мо пайваста ба суроғи сарзамини куфр меоем, ки онро аз атроф ва доманаҳояш мекоҳем? Оё онҳо пирӯзанд ё Мо?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\449
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\449
آية رقم 45
45. Бигӯ эй Расул барои он гуяндгоне, ки аз ту талаб мекунанд, то барояшон нишонае биёварӣ: «Ман шуморо бо ваҳй (Қуръон) бим медиҳам», вале одамони карро (яъне кофирон) чун бим диҳанд, садоро намешунав анд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\449
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\449
آية رقم 46
46. Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо (кофирон) бирасад, бар гуноҳи худ иқрор шаванд ва хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ба дурустӣ, ки мо ситамкор будаем!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5/321
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5/321
آية رقم 47
47. Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни
як хардал(1) ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!
____________________
1. Донаи сипандон (ҳазориспанд)
як хардал(1) ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!
____________________
1. Донаи сипандон (ҳазориспанд)
آية رقم 48
48. Ва ба дурустӣ, ки ба Мӯсо ва Ҳорун ҳуҷҷат ва нусрате додем бар ғолиб омадани душманашон ва низ китоби (Тавротро) додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва он равшаниву панд аст барои парҳезгорон.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\322
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\322
آية رقم 49
49. Онон, ки аз Аллоҳи хеш ғоибона метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.
آية رقم 50
50. Ва ин Қуръоне, ки нозил кардаем бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он пандест барои касе, ки панд мегирад ва амал ба он мекунад ва бисёр фоидаовару бобаракат аст. Оё шумо мункири он ҳастед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\454
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\454
آية رقم 51
51. Ва ба таҳқиқ Мо пеш аз ин додем ба Иброҳим ҳидоят ва роҳёбиашро, ки мардумро ба он даъват намуд ва ба аҳволи ӯ доно будем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\525
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\525
آية رقم 52
52. Он гоҳ ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин бутҳое, ки худ сохтаед ва парастиши онҳоро лозим гирифтаед, чистанд?»
آية رقم 53
ﯔﯕﯖﯗﯘ
ﯙ
53. Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».
آية رقم 54
54. Иброҳим барояшон гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».
آية رقم 55
55. Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё аз касони шӯхикунандаву бозингар ҳастӣ?»
آية رقم 56
56. Иброҳим барояшон гуфт: «Балки ҳақро овардаам ва шуморо даъват ба ибодати Вай мекунам, балки Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он зотест, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\456
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\456
آية رقم 57
57. Ва ба Аллоҳ савганд, баъде ки шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».
آية رقم 58
58. Пас Иброҳим онҳоро пора-пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, ки қавмаш ба сӯйи ӯ руҷӯъ кунанд ва аз ӯ бипурсанд, то ҷавоб додан натавонад ва гумроҳиашон баён гардад ва ҳуҷҷат бар онҳо барпо шавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\526
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\526
آية رقم 59
59. Қавми Иброҳим гуфтанд: «чӣ касе ба маъбудони мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»
آية رقم 60
60. Касоне, ки шунида буданд Иброҳим савганд ёд кардааст ва ба бутҳояшон чорае мебинад, гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим ба бадӣ аз онҳо сухан мегуфтааст».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5/349
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5/349
آية رقم 61
61. Сардорони қавм гуфтанд: «Иброҳимро ба назди мардум биёваред, то бошад, ки онҳо шаҳодат диҳанд».
آية رقم 62
ﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
ﭺ
62.Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо маъбудони мо чунин кардаӣ?»
آية رقم 63
63.Иброҳим гуфт: «Балки бути бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».
آية رقم 64
64. Чун гумроҳиашон зоҳир шуд
бо худ омаданд ва гуфтанд:
«Бегумон шумо худ ситамкор
ҳастед».
бо худ омаданд ва гуфтанд:
«Бегумон шумо худ ситамкор
ҳастед».
آية رقم 65
65. Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ
доштанд ва боз ба саркашии
худ бозгашта гуфтанд: «Ту
худ медонӣ, ки инҳо сухан
намегӯянд».
доштанд ва боз ба саркашии
худ бозгашта гуфтанд: «Ту
худ медонӣ, ки инҳо сухан
намегӯянд».
آية رقم 66
66. Иброҳим барояшон
гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ
чизеро мепарастед, ки
шуморо на фоида мерасонад,
на зиён?
гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ
чизеро мепарастед, ки
шуморо на фоида мерасонад,
на зиён?
آية رقم 67
67. Вой бар шумо ва вой бар чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед. Оё хирад намеварзед?
آية رقم 68
68. Чун ҳақ зоҳир шуд ва ҳуҷҷаташон ботил гашт,
гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудони худро нусрат диҳед».
гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудони худро нусрат диҳед».
آية رقم 69
69. Гуфтем: «Эй оташ, бар
Иброҳим сард ва саломат
бош!»(1)
____________________
1. Пас, Иброҳим на зарар дид ва на осеб.
Иброҳим сард ва саломат
бош!»(1)
____________________
1. Пас, Иброҳим на зарар дид ва на осеб.
آية رقم 70
ﯟﯠﯡﯢﯣ
ﯤ
70. Қавмаш мехостанд
барои Иброҳим макре
бияндешанд, вале Мо онҳоро
зиёнкортарини мардум
намудем
барои Иброҳим макре
бияндешанд, вале Мо онҳоро
зиёнкортарини мардум
намудем
آية رقم 71
71. Ва наҷот додем Иброҳим ва Лутро аз душманашон Намруд ва қавмаш аз сарзамини Ироқ ба сӯйи сарзамини Шом, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\468
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\468
آية رقم 72
72. Ва ба Иброҳим Исҳоқро ва илова бар он наберае, чун Яъқубро бахшидем.
Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.
Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.
آية رقم 73
73. Ва ҳама Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқубро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.
آية رقم 74
74. Ва ба Лут ҳукму илм додем ва ӯро аз деҳае (Садум),
ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Ҳароина, ба сабаби анҷом додани корҳои нопок ва мункар онҳо мардуми баду фосиқ буданд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\331
ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Ҳароина, ба сабаби анҷом додани корҳои нопок ва мункар онҳо мардуми баду фосиқ буданд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\331
آية رقم 75
75. Лутро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки албатта, ӯ аз шоистагон буд.
آية رقم 76
76. Ва Нӯҳро ёд кун эй Расул, ки пеш аз ту ва пеш аз Иброҳиму Лут, Моро нидо кард. Пас, дуои ӯро қабул кардем ва ӯ ва хонадонашро аз ранҷи бузург наҷот додем.
آية رقم 77
77. Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Ҳамоно онон мардуми бад буданд, пас Мо ҳамаро ғарқ сохтем.
آية رقم 78
78. Ва Довуду Сулаймонро ёд кун эй Расул, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони қавме шабона ба киштзори дигаре даромада дар он
ҷо чарида киштзорашро талаф доданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Пас Довуд ҳукм кард: гӯсфандоне, ки киштзорро талаф додаанд, ба соҳиби замин дода шавад. Аммо Сулаймон ҳукми дуруст кард, ки соҳибони гӯсфандон, гусфандонро ба соҳиби киштзор медиҳад ва аз насли он ва пашми он ва аз шири он истифода мебарад, то баробар шудани қимати кишт, баъд аз он соҳибони гӯсфандон гӯсфандонро мегиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
ҷо чарида киштзорашро талаф доданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Пас Довуд ҳукм кард: гӯсфандоне, ки киштзорро талаф додаанд, ба соҳиби замин дода шавад. Аммо Сулаймон ҳукми дуруст кард, ки соҳибони гӯсфандон, гусфандонро ба соҳиби киштзор медиҳад ва аз насли он ва пашми он ва аз шири он истифода мебарад, то баробар шудани қимати кишт, баъд аз он соҳибони гӯсфандон гӯсфандонро мегиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
آية رقم 79
79. Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илме додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ (Довуд) тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.
آية رقم 80
80. Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад.
То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Пас, оё неъматеро, ки Аллоҳ таоло ба шумо арзонӣ кард ба воситаи бандааш Довуд алайҳиссалом, шукркунанда ҳастед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Пас, оё неъматеро, ки Аллоҳ таоло ба шумо арзонӣ кард ба воситаи бандааш Довуд алайҳиссалом, шукркунанда ҳастед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
آية رقم 81
81. Ва барои Сулаймон тундбодро фармонбардор кардем, ки ба амри ӯ ба сӯйи сарзамини (Шом), ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.
آية رقم 82
82. Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (ҷинҳо) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва аз он барояш дурру гавҳарро мебароварданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\528
آية رقم 83
83. Ва ёд кун эй Расул, ки Мо Айюбро ба бемории бузург имтиҳонаш кардем, ки аҳл ва молу фарзандаш аз даст рафтанд, пас, сабр кард ва умеди савоб кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ, пас маро шифо деҳ».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\529
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\529
آية رقم 84
84. Пас дуояшро иҷобат кардем. Ва он чиро, ки аз ранҷ бо вай буд, аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то ибодаткунандагон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.
آية رقم 85
85. Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз сабркунандагон дар тоати Аллоҳ ва дур аз маъсияти Аллоҳ ва розишаванда бар қазову қадари Аллоҳ буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\529
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\529
آية رقم 86
86. Ононро дар раҳмати худ даровардем ва ба дурустӣ, ки онҳо ҳам дар зоҳир ва ботин аз шоистагон буданд.
آية رقم 87
87. Ва Зуннун; (Юнус ибни Матто алайҳиссалом)-ро ёд кун, (ки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи қавмаш фиристод, то қавмашро даъват намояд, вале даъвати ӯро қабул накарданд ва ӯ ваъда бар азобашон кард, тавба накарданд ва худ сабр накард), чун хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар
ӯ танг намегирем, (лекин Аллоҳ таоло ӯро ба тангӣ ва зиндон имтиҳон кард, ки моҳӣ ӯро дар баҳр ба ҳалқаш фурӯ бурд. Ва дар се торикӣ; торикии шаб ва баҳр ва шиками моҳӣ тавба карда) нидо дод: «Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\351
ӯ танг намегирем, (лекин Аллоҳ таоло ӯро ба тангӣ ва зиндон имтиҳон кард, ки моҳӣ ӯро дар баҳр ба ҳалқаш фурӯ бурд. Ва дар се торикӣ; торикии шаб ва баҳр ва шиками моҳӣ тавба карда) нидо дод: «Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\351
آية رقم 88
88. Пас дуояшро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем ва ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем.
آية رقم 89
89. Ва Закариёро ёд кун, ки дар пиронсолӣ аз Аллоҳ талаби фарзанд кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»
آية رقم 90
90. Дуояшро қабул кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш дар ахлоқ ва ҳомиладорӣ ва вилодат шоиста гардонидем. Ба дурустӣ, ки ин паёмбарон дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.
آية رقم 91
91. Ва ёд кун эй Расул, он занро (яъне, қиссаи Марям, духтари Имрон)-ро, ки шармгоҳи худро аз ҳаром нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем (яъне, бе ҳеҷ шавҳар ҳомиладор шуд), пас, ӯ ва фарзандаш (Исо алайҳиссалом)-ро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/530
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/530
آية رقم 92
92. Гуфтем: Эй мардум, ба дурустӣ, ки ин дини шумост, дини ягона ва он ислом
аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта, Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\523
аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта, Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\523
آية رقم 93
93. Лекин мардум бар паёмбарони худ ихтилоф карданд.(1) Ва дар дини хеш
фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд!(2)
____________________
1. Пас аз ибодати Офаридагорашон ба ибодати мардум рӯй оварданд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\530
фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд!(2)
____________________
1. Пас аз ибодати Офаридагорашон ба ибодати мардум рӯй оварданд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\530
آية رقم 94
94. Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ба қадри тавоноиаш ва дар ҳоле ки имон оварда бошад ба Аллоҳ ва Расулаш, Аллоҳ таоло амали ӯро барбод нахоҳад кард, балки чандон зиёд хоҳад кард ва рӯзи қиёмат амалашро навишта меёбад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\531
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\531
آية رقم 95
95. Ва шаҳреро, ки ба сабаби куфр ва зулмашон ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки ба дунё бозгарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\525
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\525
آية رقم 96
96. То он гоҳ ки пеши роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.
آية رقم 97
97. Ва дар ин вақт ваъдаи ростин наздик гардад ва он гоҳ якбора чашмони кофирон боло дӯхта шавад, (гӯянд): «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки мо ситамкор будем!»
آية رقم 98
98. Ҳамоно шумо эй кофирон ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед аз бутон, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам ворид хоҳед шуд!
آية رقم 99
99. Агар инҳо маъбудони ҳақиқӣ ва лоиқи парастиш мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама (ибодаткунанда ва ибодат кардашуда) дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.
آية رقم 100
100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд фарёди якдигарашонро.
آية رقم 101
101. Ба дурустӣ, касоне, ки барояшон аз ҷониби Мо аз пештар некӯӣ муқаррар шуд, аз дӯзах дур нигоҳ дошта мешаванд.
آية رقم 102
102. Инҳо ҳатто садои оташи дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чи ки дилхоҳашон аст, муҳайёст ва дар он ҷо ҷовидонанд.
آية رقم 103
103. Рӯзи қиёмат он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд башорат диҳанд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо савобҳои бисёр ваъда дода буданд.
آية رقم 104
104. Рӯзе, ки осмонро чун саҳифаи навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, онро аз сар бозгардонем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост, албатта, Мо чунон хоҳем кард.
آية رقم 105
105. Ва ба ростӣ дар Забур (китобҳои нозил шуда) навиштаем, пас аз он ки дар Лавҳи Маҳфуз навишта шуд, ки ҳамоно заминро бандагони солиҳи ман ба ирс мебаранд
آية رقم 106
ﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
ﮏ
106. Ва дар ин китоб таблиғест (далели кофӣ) барои ибодаткунандагон!
آية رقم 107
ﮐﮑﮒﮓﮔ
ﮕ
107. Ва нафиристодем туро эй Расул, ҷуз он ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем. Пас, касе имон овард ба ту некбахт гашт ва наҷот ёфт ва касе, ки имон наовард ноумед гашт ва зиён дид.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\552
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\552
آية رقم 108
108. Бигӯ: «Ҳамоно ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, ки сазовори ибодат аст Аллоҳи яктост, оё ба он таслим мешавед?» Пас, таслим шавед ва дар ибодаташ сар фурӯ оред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\532
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\532
آية رقم 109
109. Пас агар онҳо аз Ислом рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ баробар бошед. Ва ман намедонам, он чи шуморо ба азобе ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.
آية رقم 110
110. Ҳамоно Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред ва ба он муҳосаба карда мешавед.
آية رقم 111
111. Ва намедонам шояд ин таъхири азоб озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то муддате бошад, ки куфратон зиёд гардад ва ба азоби бузург дучор гардед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\532
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\532
آية رقم 112
112. (Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Эй Парвардигори ман, байни ман ва байни касе, ки маро дурӯғ баровард ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо Аллоҳи меҳрубон аст, ки аз Ӯ мадад пурсида мешавад дар баробари он чи шумо баён мекунед».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\554
____________________
1. Тафсири Табарӣ 18\554
تقدم القراءة