ترجمة سورة يس

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة يس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Ё, Син.(1)
____________________
1. Зикри ҳарфҳои муқаттаа дар аввали сураи Бақара гузашт.
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони боҳикмат,
3. Бегумон ту аз зумраи фиристодагони Аллоҳ ҳастӣ,
4. бар роҳи рост ҳастӣ ва он ислом аст.
5.    Ин Қуръон фиристодаи Аллоҳи пирӯзманди меҳрубон аст.
6.        Эй Расул, Қуръонро бар ту нозил кардем, то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва худ ғофилу бехабаранд.(1)
____________________
1. Ин оят бар воҷиб будани даъват далолат мекунад ва олимонро огоҳ месозад, ки мусалмононро аз ғафлат бедор кунанд.
7.        Бегумон ваъдаи Аллоҳ дар бораи аксари он кофирон таҳаққуқ ёфтааст, зеро баъд аз он ки ҳақ бар онҳо арза шуд, онро напазируфтанд, пас имон намеоваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\692
8.        Ҳароина, Мо бар гарданҳои кофироне, ки ҳақро напазируфтанд то манаҳҳо тавқ ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва онро поин карда натавонанд. (Ин масале аст, ки напазируфтани ҳидоят ҳамчун напазируфтани касе аст, ки дар тавқ баста қарор дорад ва қодир ба ҳаракат нест.)
9.        Ва дар баробари рӯи кофирон ва дар пушти сарашон деворе қарор додем. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онҳо ба сабаби куфру такаббурашон ҳақро намебинанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\564
10.    Эй Паёмбар, барои онҳо баробар аст, чи онҳоро битарсонӣ ва чи натарсонӣ, имон намеоваранд.
11.    Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки аз Қуръон пайравӣ кунад ва аз Аллоҳи меҳрубон дар ниҳон битарсад. Пас ӯро ба омурзиш аз гуноҳҳояш ва подоши некӯ мужда бидеҳ, ки он ворид шудани ҷаннат аст!
12.    Ҳароина, Мо мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин аз неку бад кардаанд ва ҳар
чизҳоеро, ки боқӣ гузоштанд, баъди маргашон аз корҳои хуб, монанди фарзанди солеҳ, илми нофеъ ва садақаи ҷория ва аз корҳои бад, монанди ширку исён менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) шумор кардаем.(1)
____________________
(1) Тафсири Саъдӣ 1\692
13.    Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки фиристодагони Аллоҳ ба сӯи онҳо омаданд.
14.    Нахуст ду танро аз фиристодагони худ барои даъват ба сӯи имон ба наздашон фиристодем, пас онҳо дурӯғгӯяшон бароварданд, пас он ду шахсро бо саввумин шахс пурзӯрашон кардем ва гуфтанд: «Ҳароина, мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».
15.    Мардуми он деҳа гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».
16.    Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: «Ҳароина, Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.
17.    Ва бар ӯҳдаи мо ҷуз паём расонидани ошкор ҳеҷ чиз дигаре нест».(1)
____________________
1. Мо шуморо ҳидоят карда наметавонем, ҳидоят танҳо дар дасти Алдоҳ аст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 694
18.    Мардуми деҳа гуфтанд: «Ба таҳқиқ, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, ҳатман, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».
19.    Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: « Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд, ки салоҳи шумо дар он мебошад, ба мо чунин мегӯед? Балки, мардуми аз ҳад гузашта ҳастед!»(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\ 13
20.    Марде аз ҷои дуртарини он шаҳр давон - давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!(1)
____________________
1. Ин замоне буд, ки мардуми деҳа қасди куштани расулон карда буданд.
21.    Касонеро пайравӣ кунед, ки аз шумо музде наметалабанд ва худ мардуми ҳидоятёфтаанд!(1)
____________________
1. Ин оят баён мекунад бузургии шахсеро, ки даъват ба амри маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад.
22.    Чаро Аллоҳеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?
23. Оё ғайри Ӯ маъбудонеро
ихтиёр кунам, ки агар ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ фоида накунад ва маро натавонанд наҷот дод?
24.    Агар чунин маъбудонеро парастиш кунам, ҳароина, дар ин ҳангом ман дар гумроҳии ошкор бошам.
25.    Ҳароина, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Пас, сухани маро бишнавед ва маро итоат кунед.»
26. Пас, аз он ки ӯро ба зулм куштанд, ба ӯ гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!, чун неъматҳои биҳиштро дид», гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\15
27.   он чизеро, ки Парвардигори ман маро ба сабаби имон ба Аллоҳ ва сабр бар тоаташ биёмурзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард».
28.   Ва аз он пас баъди шаҳодаташон бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо пеш аз ин низ фиристода набудем.
29.   Балки азоби онҳо як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой хомӯш ҳалок шуданд.
30.   (Аллоҳ мегӯяд:) Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар он ки масхарааш карданд.
31.   Оё ин масхаракунандагон надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар, ҳаргиз ба наздашон ба дунё бознамегарданд?
32.   Ва ҳеҷ касе нест, аз ҳалок шудагон ва дигарон, ки дар рӯзи қиёмат барои ҳисоб назди Мо ҳозираш наоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\513
33.   Ва замини мурда барои он мушрикон, нишона ва ибратест, ки Мо онро бо фуруд овардани об зинда гардонидем ва донае (ғизое), ки аз он мехӯранд, берун овардем.( Албатта, касе, ки замини мурдаро бо наботот зинда гардонид, метавонад халқро баъди мурданаш зинда гардонад.) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\514
34.   Ва дар он замин аз хурмо ва ангурзор боғҳо қарор додем ва чашмаҳо равон сохтем,
35.    то аз меваҳои он ва дастранҷи хеш бихӯранд. Ин ҳама аз раҳмати Аллоҳ буд, на аз машаққату қуввати онҳо. Пас чаро ба неъматҳои Аллоҳ сипос намегӯянд?
36.    Пок аст он Аллоҳе, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, аз он чи замин мерӯёнад ва аз худашон (нару мода) ва ҳар он чизе, ки онҳо намедонанд. Аллоҳ дар офариниши худ касеро шарик нагирифтааст пас сазовор нест, ки ба Ӯ шарик муқаррар карда шавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\515
37.    Ва шаб барояшон низ нишона ва ибрати дигарест, ки Мо рӯзро аз он бармегирем, ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад.
38.    Ва офтоб низ барояшон нишона ва ибрати дигарест, ки ба сӯи қароргоҳи хеш равон аст. Ин фармони Аллоҳи пирӯзманду доност.
39.    Ва барои моҳ манзилҳое таъин кардем, ки пас аз тай карданаш онҳоро монанди шохаи хушкидаи хурмо борик шавад.
40.   Офтобро насазад, ки ба моҳ расад ва шабро насазад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама аз офтобу маҳтоб ва ситорагон дар фалаке шиноваранд.
41.   Ибрати дигаре барои онҳо ин аст, ки ҳароина, Мо фарзандонашонро дар он киштии(1) пуркардашуда аз худашон ва матоъҳояшон савор кардем.
____________________
1. Мурод аз он киштии Нӯҳ алайҳиссалом аст ва инсонҳо аз насли ҳамон касонеанд, ки дар киштии Нӯҳ савор буданд. Тафсири Ибни Касир 6\579
42.   Ва барои он мушрикон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
43.   Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқ месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва наҷот дода намешаванд,
44.   магар ин ки раҳмати Мо ба додашон бирасад ва онҳоро ғарқ накунем ва то муддате баҳрамандашон созем, ки аз камбудиҳои худ бозгарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\696
45.   Ва он гоҳ ки ба он мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши рӯй доред ё пушти сар доред, битарсед, шояд, ки мавриди раҳмат
қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул
ыакардаыд(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\20
46.   Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон бар он мушрикон нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд.
47.   Ва чун гуфта шавад, барои кофирон, ки аз он чи Аллоҳ рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таом диҳем, ки агар Аллоҳ мехост, худ онҳоро таом медод? Шумо, кофирон, албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед».
48.   Ва инҳо кофирони мункир аз ҳақ мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад
буд?»
49.   Ин мушрикон интизорӣ намекашанд, магар як садои марговарро, ки онҳоро фаро мегирад дар ҳоле ки бехабар аз марг бо якдигар дар хусумат ҳастанд,
50.   Пас, дар он вақт мушрикон наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд.
51.   Ва дар сур дамида мешавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.
52.   Мункирони рӯзи қиёмат мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳи меҳрубон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
53.   Он ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, пас онгоҳ онҳо ҳама барои ҳисобу ҷазо дар пешгоҳамон гирд оварда мешаванд.
54.   Он рӯз ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.
55.   Албатта, биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.
56.   Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое бар тахтҳо такя задаанд.
57.   Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.
58.   Ба онҳо гуфта мешавад: салом бар шумо бод, ин суханест аз ҷониби Парвардигори меҳрубон.
59.    Ва гуфта мешавад; эй гунаҳкорон, имрӯз аз мӯъминон ҷудо шавед!
60.    Эй фарзандони Одам, оё ба воситаи паёмбаронам бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед ва ӯро итоат макунед, ҳароина, ӯ душмани ошкори шумост?
61.    Ва шуморо фармон додам, ки Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
62.    Ва ҳамоно шайтон гӯруҳи бисёреро аз шумо гумроҳ кард. Пас, оё ба ақл дарнамеёфтед?
63.    Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо дар дунё ваъда дода шуда буд, вале шумо онро дурӯғ мебаровардед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\698
64.    Имрӯз ба сазои куфре, ки меварзидед, дар он дохил шавед?
65.    Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем, ки сухан гуфта наметавонанд. Ва аз он корҳое, ки мекарданд, дастҳояшон бо Мо сухан мегӯяд ва пойҳояшон бар он хувоҳӣ медиҳад.
66.   Агар бихоҳем чашмонашонро кӯр мекунем. Пас, шитобон роҳ пеш гиранд. Аммо куҷоро тавонанд дид, дар ҳоле, ки чашмҳояшон кӯр гаштааст?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\25
67.   Ва агар бихоҳем, онҳоро бар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон ё сурати бадшакл ё берӯҳ) кунем, ки на тавоне дошта бошанд, ки пеш қадам бардоранд ва на ақиб бозмегарданд.
68.   Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш ӯро дигаргун кунем.(1) Чаро оқилона намеандешанд? Пас, он Зоте, ки чунин қудрат дорад, албатта, қодир аст онҳоро дубора зинда гардонад.
____________________
1. Яъне, дар пиронсолӣ ақлу ҷисмаш нотавон гардад.
69.   Ба ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шеър наомӯхтем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он, ҷуз Қуръони ошкор чизи дигаре намебошад.
70.   Ва то ҳар касро, ки зинда дил бошад бим диҳад ва сухани ҳақ(1) бар кофирон собит шавад.
____________________
1. Яъне, фармони азоб.
71.   Оё бо нигоҳи ибрат надидаанд, ки бо дастони хеш барои онҳо чорпоёнро аз нестӣ офаридем ва акнун инсонҳо молики онҳо ҳастанд?
72.   Ва он чорпоёнро барояшон ром кардем. Бар баъзе аз онҳо савор мешаванд. Ва гӯшти баъзеро мехӯранд.
73.   Ва барои он одамҳо дар он чорпоён фоидаҳост ва ошомиданиҳост. Чаро шукр намегӯянд?
74.   Ва ба ҷои Аллоҳ ба он умед маъбудоне ихтиёр кардаанд, ки ёрияшон кунанд.
75.   Он маъбудҳои дурӯғинро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале ин бутпарастон монанди лашкаре ба хидматашон(1) омода ҳастанд.
____________________
1. Яъне, маъбудони дурӯғин.
76.   Суханашон(1) туро эй Расул, андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд,
медонем.
____________________
1. Куфру масхара карданашон туро ғамгин насозад.
77.   Оё он инсони мункири рӯзи қиёмат надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем,
пас, ӯ ситезаҷӯйи ошкор шудааст?
78.   Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: « Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро дубора зинда мекунад»?
79.   Бигӯ барои ӯ: «Зоте онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз онҳоро офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.
80.   Он Аллоҳе, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед. Инчунин Аллоҳ қодир аст, ки мурдагонро аз қабрҳояшон зинда берун орад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\699
81.   Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монанди онҳоро дубора биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандаи ҳамаи махлуқот аст ва ба ҳар чӣ офарид ва меофарад, доност!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\29
82.   Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳароина, фармонаш ин аст, ки мегӯяд:
«Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад.
83. Пок аст он Аллоҳе, ки малакут (моликияту ҳокимият)-и ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозгардонда мешавед!
Icon