ترجمة معاني سورة هود باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي
ﰡ
آية رقم 1
1. Адиф, Лом, Ро.(1) ин Қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.2.
____________________
1. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\155 ва Табарӣ 15\228
____________________
1. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\155 ва Табарӣ 15\228
آية رقم 2
2. Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ аз азобаш шумоёнро бимдиҳанда ва ба савобаш муждиҳанда ҳастам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\375
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\375
آية رقم 3
3. Ва низ аз Парвардигоратон
бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 229
бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 229
آية رقم 4
4. Бозгаштатон ба сӯи Аллоҳ аст ва Ӯ ба ҳар коре қодир аст!
آية رقم 5
5. Огоҳ бош, ки инҳо мушрикон дар замири худ куфрро пинҳон медоранд. Гумон мекунанд, ки он чӣ дар замири худ нигоҳ медоранд бар Аллоҳ пӯшида мемонад. Оё намедонанд, ҳангоме ки аз рӯи ҷаҳолаташон ҷомаҳои худ дар сар мекашанд,
Аллоҳ медонад он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд. Пинҳон
ва ошкорашон назди Аллоҳ баробар аст. Чаро ки Ӯ донои рози дилҳост.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 235
Аллоҳ медонад он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд. Пинҳон
ва ошкорашон назди Аллоҳ баробар аст. Чаро ки Ӯ донои рози дилҳост.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 235
آية رقم 6
6. Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест, ҷуз он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва ҷои қарори зист ва дафнашро медонад, зеро ҳама дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) омадааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\317
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\317
آية رقم 7
7. Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва пеш аз ин Арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд, кадоме аз шумо амалҳои некӯтарро анҷом медиҳад. Ва агар бигӯӣ, -эй Расул, - барои мушрикон, ки баъд аз марг зинда мешавед, албатта, ба дурӯғ баровардани ту мешитобанд ва мегӯянд, ки ин Қуръон ҷуз ҷодуи ошкор нест!(1)
____________________
1. Ва он амалест, ки холис барои Аллоҳ ва мувофиқ ба суннати Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад. Тафсири Ибни Касир 4\308
____________________
1. Ва он амалест, ки холис барои Аллоҳ ва мувофиқ ба суннати Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад. Тафсири Ибни Касир 4\308
آية رقم 8
8. Ва агар муддати муайяне аз мушрикон азобашонро боздорем, масхаракунон мепурсанд: «чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд, ононро он азоб аз ҳар тараф дар бар хоҳад гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\254
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\254
آية رقم 9
9. Агар инсонро раҳмате бичашонем, (аз саломатӣ ва эминӣ) сипас онро аз ӯ баргирем, бисёр ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад.
آية رقم 10
10. Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Сахтиҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва худситойӣ мекунад.
آية رقم 11
11. магар касоне, ки сабр варзиданд бар машаққатҳо ва барои шукри неъматҳояш корҳои некӯ карданд, омурзиш ва музди бузург аз они онҳост!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 257
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15 \ 257
آية رقم 12
12. Мабодо, баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: Чаро ганҷе (моли бисёре) бар ӯ фурӯ фиристода намешавад?(1) Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд? Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Аллоҳ аст, ки корсози ҳар чизест.
____________________
1.Ин гуфторашон аз рӯи зулм ва ҷаҳолаташон аст; ту бар амри Парвардигорат устувор бош ва ин гуфторҳо туро бознадоранд ва дилтанг машав! Тафсири Саъдӣ 1 \378
____________________
1.Ин гуфторашон аз рӯи зулм ва ҷаҳолаташон аст; ту бар амри Парвардигорат устувор бош ва ин гуфторҳо туро бознадоранд ва дилтанг машав! Тафсири Саъдӣ 1 \378
آية رقم 13
13 Ё он ки мегӯянд (ин мушрикони аҳли Макка, ки Муҳаммад) аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбаташ мекунад. Бигӯ барояшон: Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта биёваред.
آية رقم 14
14. Бигӯ эй Муҳаммад, барои инҳо мушрикон, пас агар шуморо иҷобат накарданд, (ба овардани даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта) бидонед, ки Қуръон ба илми Аллоҳ нозил шуда ва низ ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, оё шумо мусалмон (фармонбардори Аллоҳ) ҳастед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\261
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\261
آية رقم 15
15. Онон, ки (дар мақсадашон танҳо) зиндагиву зиннати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.
آية رقم 16
16. Инҳо касоне ҳастанд(1), ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, бекор карда шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, дурӯғ аст!
____________________
1. Яъне, аз аҳли куффоранд, гуё ки барои дунё офарида шудаанд. Тафсири Саъдӣ 1\378
____________________
1. Яъне, аз аҳли куффоранд, гуё ки барои дунё офарида шудаанд. Тафсири Саъдӣ 1\378
آية رقم 17
17. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби Қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба Қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бешари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\167
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\167
آية رقم 18
18. Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад? Онҳо ба пеши Парвардигорашон рӯзи қиёмат оварда мешаванд, пас аз амалҳояшон мепурсад ва шоҳидон(1) гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон
дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
____________________
1. Фариштагон ва паёмбарон.
дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
____________________
1. Фариштагон ва паёмбарон.
آية رقم 19
19. Он ситамкороне, ки
мардумро аз роҳи Аллоҳ(1) бозмедоранд ва онро каҷ ва нодуруст нишон медиҳанд ва онон кофиронанд, ба охират имон надоранд,
____________________
1. Аз имон овардани ба Аллоҳ ва иқрор кардани убудияташ ва аз ихлос ибодат карданашро бозмедоранд.
мардумро аз роҳи Аллоҳ(1) бозмедоранд ва онро каҷ ва нодуруст нишон медиҳанд ва онон кофиронанд, ба охират имон надоранд,
____________________
1. Аз имон овардани ба Аллоҳ ва иқрор кардани убудияташ ва аз ихлос ибодат карданашро бозмедоранд.
آية رقم 20
20. инҳо мушрикон наметавонанд дар рӯи замин Аллоҳро нотавон ва дармонда созанд ва ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте надоранд, азобашон дучандон мешавад. Онҳо на тавоноии шунидани ҳақро доранд, ки ба он баҳравар шаванд ва на тавоноии дидани далелҳои Аллоҳро доранд, ки ба он роҳ ёбанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\286
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\286
آية رقم 21
21. Онҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки бар он дурӯғ мебофтанд,(1) аз даст додаанд.
____________________
1. Аз шарик овардан ба Аллоҳ (аз бутҳои сохташуда аз санг ё чӯб ё мис). Тафсири Табарӣ 15 \ 288
____________________
1. Аз шарик овардан ба Аллоҳ (аз бутҳои сохташуда аз санг ё чӯб ё мис). Тафсири Табарӣ 15 \ 288
آية رقم 22
22. Ҳатман онон дар охират зиёнкортаринанд, зеро онҳо манзалаҳои ахли ҷаннатро фурӯхтанд ва бар ивази
он манзалаҳои дӯзахро хариданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\288
он манзалаҳои дӯзахро хариданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\288
آية رقم 23
23. Касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, ахли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
آية رقم 24
24. Мисоли ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) мисоли кӯру кар ва бинову шунавост. Гурӯҳи кофирон ҳақро намебинанд, ки онро пайравӣ намоянд ва намешунаванд, ки роҳ ёбанд, аммо гурӯҳи мӯъминон ҳуҷҷатҳои Аллоҳро мебинанд ва даъваташро қабул мекунанд. Оё мисоли ин ду гурӯҳ бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\315
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\315
آية رقم 25
25. Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам,
آية رقم 26
26. ки ҷуз Аллоҳи барҳақро напарастед! Зеро аз азоби сахти рӯзи қиёмат бар шумо метарсам, агар шумо Ӯро
ба ягонагиаш парастиш накунед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\380
ба ягонагиаш парастиш накунед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\380
آية رقم 27
27. Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: Мо туро ҷуз инсоне монанди хеш намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз бечораҳолони мо (фақиру, бемақом) аз
ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад дар ризқу рӯзӣ ва мол, балки эътиқод дорем, ки дурӯғ мегӯед.
ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад дар ризқу рӯзӣ ва мол, балки эътиқод дорем, ки дурӯғ мегӯед.
آية رقم 28
28. Нӯҳ гуфт: Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз сӯи Парвардигорам далели равшан дошта бошам, ин ки ман барҳақ ҳастам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват ва рисолат) арзонӣ карда бошад. Пас, ҳақиқати он, ба сабаби нодонӣ ва фирефташуданатон дар дунё бар шумо пинҳон монда бошад, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба даромадани ислом маҷбур созем? Лекин шуморо ба Аллоҳ месупорем, то Ӯ ҳукм намояд дар амри шумо он чи ки мебинад ва мехоҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\299
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\299
آية رقم 29
29. Ва эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам ва гумон мабаред, ки ман аз кори худ умеди моли дунё дорам. Музди ман танҳо ба Аллоҳ аст. Онҳоеро, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале мебинам, ки шумо эй қавм, мардуми нодон ҳастед, ки маро мефармоед дӯстони Аллоҳро аз худам биронам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\301
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\301
آية رقم 30
30. Ва эй қавми ман, агар
мӯъминонро аз худ биронам, чӣ касе дар баробари азоби сахти Аллоҳ маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?
мӯъминонро аз худ биронам, чӣ касе дар баробари азоби сахти Аллоҳ маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?
آية رقم 31
31. Ба шумо намегӯям, хазинаҳои Аллоҳ дар назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Аллоҳ ба онон, ки дар назари шумо хору ҳақир метобанд,(1) хайри худро ато накунад. Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд.
____________________
1. Мӯъминони заифҳол.
____________________
1. Мӯъминони заифҳол.
آية رقم 32
32. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар ту дар даъвои худ рост мегӯӣ, ҳар ваъдае аз азоб, ки ба мо додаӣ, биёвар!»
آية رقم 33
33. Нӯҳ барои қавмаш гуфт: Аллоҳ аст, ки агар бихоҳад, он ваъдаро меорад ва шумо оҷизкунандаи Аллоҳ нестед.
آية رقم 34
34. Ва агар Аллоҳ хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба сӯи Ӯ дар охират барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.
آية رقم 35
35. Ё мушрикони қавми Нӯҳ мегӯянд, ки ин суханро ба Аллоҳ дурӯғ бастааст. Бигӯ барояшон: Агар онро ба Аллоҳ дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мекунед, пок ҳастам ва ба сабаби гуноҳи шумо ба азоб гирифта нашавам.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\173
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\173
آية رقم 36
36. Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош, ки Ман онҳоро ҳалоккунандаам ва туро аз онҳо наҷотдиҳандаам.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\173
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\173
آية رقم 37
37. Киштиро зери назар ва таълиму тавҷеҳи Мо бисоз ва дар бораи он ситамкорон бо ман сухан магӯй,(1) ҳамоно, онҳо ғарқшавандагонанд.(2)
____________________
1. Яъне, аз ман барои онҳо дархости муҳлат ва шафоат макун. 2. Тафсири Бағавӣ 4\174
____________________
1. Яъне, аз ман барои онҳо дархости муҳлат ва шафоат макун. 2. Тафсири Бағавӣ 4\174
آية رقم 38
38. Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд.(1) Мегуфт: Агар шумо моро дар дунё масхара мекунед, ба зудӣ мо ҳам монанди шумо дар охират масхараатон хоҳем кард.(2)
____________________
1. Оё баъд аз паёмбарӣ ба пшаи наҷҷорӣ баргаштӣ ва киштиро дар хушкӣ ба кор мебарӣ? 2. Тафсири Табарӣ 15\310
____________________
1. Оё баъд аз паёмбарӣ ба пшаи наҷҷорӣ баргаштӣ ва киштиро дар хушкӣ ба кор мебарӣ? 2. Тафсири Табарӣ 15\310
آية رقم 39
39. Ба зудӣ хоҳед донист, ки дар дунё бар сари чӣ касе азобе меояд, ки хораш созад ва азоби ҳамешагӣ дар охират бар вай фуруд ояд!
آية رقم 40
40. Чун фармони Мо ба ҳалоки онҳо даррасид ва танӯр(1) ҷӯшид, гуфтем: Аз ҳар ҷинсе ду тан (нару мода) ва низ хонадони худро дар киштӣ савор кун, ғайри он касе(2), ки фармони ҳалоки онҳо пеш содир шудааст ва низ ҳамроҳ гир онҳоеро, ки бар ту имон овардаанд. ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд.(3)
____________________
1. Танӯри пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он далолат бар омадани азоб мекунад. 2. Яъне, касе, ки ба Аллоҳ имон наовардаст монанди ҳамсараш ва яке аз писаронаш. 3. Тафсири Бағавӣ 4\176
____________________
1. Танӯри пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он далолат бар омадани азоб мекунад. 2. Яъне, касе, ки ба Аллоҳ имон наовардаст монанди ҳамсараш ва яке аз писаронаш. 3. Тафсири Бағавӣ 4\176
آية رقم 41
41. Ва Нӯҳ барои касоне, ки аз аҳли имон бо ҳамроҳии ӯ буданд, гуфт: Бар он киштӣ савор шавед, ки равон шуданаш ва истоданаш ба номи Аллоҳ аст. Зеро Парвардигори ман омурзандааст тавбакунандагонро ва меҳрубон аст ба бандагонаш!
آية رقم 42
42. Ва киштӣ ононро дар миёни мавҷҳое, ки баланд мешуд, чун кӯҳ мебурд. Ва Нӯҳ
писарашро, ки дар гӯшае истода буд, нидо дод: Эй писаракам, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош, ки ғарқ хоҳӣ шуд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\178
писарашро, ки дар гӯшае истода буд, нидо дод: Эй писаракам, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош, ки ғарқ хоҳӣ шуд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\178
آية رقم 43
43. (Писари Нӯҳ) гуфт: ман ба кӯҳе, паноҳ хоҳам бурд, ки маро аз об нигоҳ дорад.
(Нӯҳ) гуфт: Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест, магар касеро, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм оварад. Ногаҳон мавҷи баланде миёни он дуро фаро гирифт ва ӯ аз ғарқшудагон гардид.
(Нӯҳ) гуфт: Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест, магар касеро, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм оварад. Ногаҳон мавҷи баланде миёни он дуро фаро гирифт ва ӯ аз ғарқшудагон гардид.
آية رقم 44
44. Ва гуфта шуд: Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, аз боридан бозист. Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Чудий қарор гирифт ва нидо омад аз ҷониби Аллоҳ, ки ҳалокат бод бар мардуми ситамкор!
آية رقم 45
45. Ва Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини
хукмкунандагон Ту ҳастӣ!
хукмкунандагон Ту ҳастӣ!
آية رقم 46
46. Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ, ҳароина, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест, зеро писараш кофир буд. Пас ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест! Ба дурустӣ ки панд медиҳам туро, ки аз мардуми
нодон набошӣ. (Яъне ту худ бар ҳалоки кофирон дуо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\181
нодон набошӣ. (Яъне ту худ бар ҳалоки кофирон дуо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\181
آية رقم 47
47. Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд.
آية رقم 48
48. Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина, ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\327
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\327
آية رقم 49
49. Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\328
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\328
آية رقم 50
50. Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт барояшон: Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест, пас холис Ӯро ибодат кунед ва нестед шумо дар ибодати бутон магар дурӯғсозоне.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\182
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\182
آية رقم 51
51. Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ, аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\357
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\357
آية رقم 52
52. Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, он гоҳ ба сӯи Ӯ
бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар
нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед!
бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар
нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед!
آية رقم 53
53. Гуфтанд: Эй Ҳуд, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту ибодати маъбудони хешро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем.
آية رقم 54
54. Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз маъбудони мо ба ту озоре(1) расондаанд. Гуфт Ҳуд барояшон: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чи ки шумо ғайри Аллоҳ мепарастед, безорам.
____________________
1. Яъне, маъбудони моро айбу эрод мегирӣ ва моро ба бехирадӣ нисбат медиҳӣ, ба ту осебе расондаанд. Муродашон аз ин осеб; девонагӣ аст.
____________________
1. Яъне, маъбудони моро айбу эрод мегирӣ ва моро ба бехирадӣ нисбат медиҳӣ, ба ту осебе расондаанд. Муродашон аз ин осеб; девонагӣ аст.
آية رقم 55
55. Ҳамагӣ (шумо ҳамроҳи бутҳоятон), бо ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат мадиҳед. (Ҳуд инро ба он хотир гуфт, ки боварии комил дошт, ки на онҳо ва на бутонашон барои ӯ чизе зарар оварда наметавонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\361
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\361
آية رقم 56
56. Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷ ҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\364
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\364
آية رقم 57
57. Пас, агар рӯй бигардонед аз иҷобат кардани даъвати ҳақ ба ростӣ ки он чиро ки бо он ба сӯи шумо фиристода шуда будам
ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад гардонид, ки онҳо тавҳиди Ӯро ба ҷо оранд ва ибодаташро бо ихлос адо намоянд ва ба сабаби куфр ва исёнатон ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\365
ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад гардонид, ки онҳо тавҳиди Ӯро ба ҷо оранд ва ибодаташро бо ихлос адо намоянд ва ба сабаби куфр ва исёнатон ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\365
آية رقم 58
58. Ва чун фармони Мо барои азоби қавми Ҳуд даррасид, ба раҳмати хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро низ аз азоби сахти рӯзи қиёмат раҳонидем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\365
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\365
آية رقم 59
59. Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд.
آية رقم 60
60. Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, огоҳ бошед, ки лаънат бод бар Од, қавми
Ҳуд!
Ҳуд!
آية رقم 61
61. Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ(1) ва бақо дод. Пас, омурзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуоҳоро иҷобат мекунад!(2)
____________________
1. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\ 185
____________________
1. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\ 185
آية رقم 62
62. Гуфтанд Самудиён ба
паёмбарашон: Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ,(1) дар шаккем, ки моро дар шубҳаи бузург меандозад.
____________________
1. Ба ибодати Аллоҳи ягона.
паёмбарашон: Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ,(1) дар шаккем, ки моро дар шубҳаи бузург меандозад.
____________________
1. Ба ибодати Аллоҳи ягона.
آية رقم 63
63. Солеҳ барои қавми худ гуфт: Эй қавми ман, хабар диҳед маро агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ҳамроҳи худ дошта бошам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват) арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.
آية رقم 64
64. Ва эй қавми ман, ин шутури Аллоҳ аст ва нишонаест барои шумо бар ҳақиқат будани он чи ки ба он шуморо даъват менамоям. Пас, онро бигзоред, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ба ӯ ҳеҷ зиёне нарасонед, ки агар чунин кардед, ба зудӣ азоб шуморо фаро гирад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\371
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\371
آية رقم 65
65. Пас, Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт:
Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.
Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.
آية رقم 66
66. Чун амри Мо ба ҳалоки онҳо фаро расид, Солеҳ ва касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!
آية رقم 67
67. Ва ситамгоронро он бонги сахти маргбор фаро гирифт, пас субҳ карданд дар хонаҳои худ хушк шуда ба зону афтода, мурданд.
آية رقم 68
68. Чунин гӯй, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, Огоҳ бошед, ки дуриву ҳалокат бар қавми Самуд бод!
آية رقم 69
69. Ба таҳқиқ расулони(1) Мо барои Иброҳим ва ҳамсараш мужда оварданд.(2) Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолаи фарбеҳи бирёншударо овард.
____________________
1. Яъне, се фаришта; Ҷабрил, Микоил ва Исрофил. 2. Яъне, Иброҳим алайҳиссалом ва ҳамсараш Сораро хушхабар доданд, ки барои онон фарзанде ба номи Исҳоқ таваллуд мешавад. Тафсири Бағавӣ 4\ 188
____________________
1. Яъне, се фаришта; Ҷабрил, Микоил ва Исрофил. 2. Яъне, Иброҳим алайҳиссалом ва ҳамсараш Сораро хушхабар доданд, ки барои онон фарзанде ба номи Исҳоқ таваллуд мешавад. Тафсири Бағавӣ 4\ 188
آية رقم 70
70. Пас чун Иброҳим (алайҳис салом) дид, ки ба он меҳмонон даст дароз намекунанд, бар онон гумони бад кард ва дар дил аз онҳо хавф бурд. Гуфтанд (фариштагон): «Матарс, мо бар қавми Лут барои ҳалокашон фиристода шудаем».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\387
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\387
آية رقم 71
71. Ва зани Иброҳим Сора, ки дар паси парда истода буд, суханони фариштагонро шунида, пас аз хушҳолӣ хандид. Он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз Исҳоқ бо омадани (наберааш) Яъқуб хушхабараш додем.
آية رقم 72
72. Гуфт (Сора): «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ таваллуд мекунам ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ҳамоно, ин кор чизи аҷибест!»
آية رقم 73
73. Фариштагон гуфтанд: Оё аз қудрати Аллоҳ таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Аллоҳ бар шумо, аҳли ин хона арзонӣ бод! Ҳароина, Аллоҳи бузург сазовори
ситоиш ва баландмартаба
аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\386
ситоиш ва баландмартаба
аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\386
آية رقم 74
74. Чун тарс аз Иброҳим дур шуд ва ӯро хушхабар омад, ки соҳиби фарзанд мешавад, бо фиристодагони Мо дар бораи қавми Лут ба баҳс бархост.(1)
____________________
1. Яъне, чун Иброҳим донист, ки фариштагон барои ҳалоки қавми Лут омадаанд, аз онон пурсид: Агар дар миёни кофирон панҷоҳ нафар мусулмон бошад ҳам ҳалокашон мекунед? Фариштагон гуфтанд: Не. Агар чиҳил мусулмон бошад чӣ? Фариштагон гуфтанд: Не. Дар охир Иброҳим гуфт: Агар як мусулмон бошад чӣ? Гуфтанд: Агар дар миёни кофирон як мусулмон ҳам бошад, ҳалокашон намекунем. Иброҳим гуфт: Ин тавр бошад, дар миёни онон Лут (алайҳис салом) ҳаст ку? Дар ин вақт фариштагон ба Иброҳим наҷоти Лут ва онҳоеро, ки ба ӯ имон овардаанд, фаҳмониданд. Тафсири Бағавӣ 4\ 190
____________________
1. Яъне, чун Иброҳим донист, ки фариштагон барои ҳалоки қавми Лут омадаанд, аз онон пурсид: Агар дар миёни кофирон панҷоҳ нафар мусулмон бошад ҳам ҳалокашон мекунед? Фариштагон гуфтанд: Не. Агар чиҳил мусулмон бошад чӣ? Фариштагон гуфтанд: Не. Дар охир Иброҳим гуфт: Агар як мусулмон бошад чӣ? Гуфтанд: Агар дар миёни кофирон як мусулмон ҳам бошад, ҳалокашон намекунем. Иброҳим гуфт: Ин тавр бошад, дар миёни онон Лут (алайҳис салом) ҳаст ку? Дар ин вақт фариштагон ба Иброҳим наҷоти Лут ва онҳоеро, ки ба ӯ имон овардаанд, фаҳмониданд. Тафсири Бағавӣ 4\ 190
آية رقم 75
ﭼﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
75. Албатта, Иброҳим бурдбору раҳмдил ва ҳалиму фармонбардор ва руҷӯъкунанда ба сӯи Аллоҳ буд.
آية رقم 76
76. (Фариштагон гуфтанд): Эй Иброҳим, аз ин (баҳс, ки дар бораи қавми Лут меравад), рӯй гардон! Ҳамоно фармони Парвардигорат омадааст ва албатта, бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаштан надорад, фуруд хоҳад омад.
آية رقم 77
77. Ва чун расулони Мо назди Лут (алайҳис салом) омаданд, Лут аз омадани онҳо нохуш ва андӯҳгину дилтанг шуд, зеро намедонист онон фиристодагони Аллоҳанд ва аз тарси он ки қавмаш ба онон зараре нарасонанд(1) гуфт: «Имрӯз, рӯзи сахтест».
____________________
1. Зеро фариштагон ба шакли навҷавонҳои хеле зебо буданд ва одати қавми Лут ин буд, ки бо мардон ливотат (алоқаи ҷинсӣ) мекарданд ва қавмаш аз омадани ин меҳмонҳо бохабар шуданд ва аз ин сабаб Лут тарсид. Тафсири Саъдӣ 1\ 386
____________________
1. Зеро фариштагон ба шакли навҷавонҳои хеле зебо буданд ва одати қавми Лут ин буд, ки бо мардон ливотат (алоқаи ҷинсӣ) мекарданд ва қавмаш аз омадани ин меҳмонҳо бохабар шуданд ва аз ин сабаб Лут тарсид. Тафсири Саъдӣ 1\ 386
آية رقم 78
78. Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин корҳои зишт (ливота) анҷом медоданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман(1) (яъне, духтарони уммати ман) ҳастанд, пас, онҳоро никоҳ кунед, ки барои издивоҷи Шумо покизатаранд. Аз Аллоҳ битарсед ва маро дар баробари меҳмононам бад макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»(2)
____________________
1. Онҳоро ба духтарони худ нисбат дод, зеро ки ҳар як паёмбар дар қавми худ ба манзалаи падар аст. 2. Тафсири Бағавӣ 4\192
____________________
1. Онҳоро ба духтарони худ нисбат дод, зеро ки ҳар як паёмбар дар қавми худ ба манзалаи падар аст. 2. Тафсири Бағавӣ 4\192
آية رقم 79
79. Гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем (яъне, бо мардҳо расиданро мехоҳем)».
آية رقم 80
80. Лут ба қавмаш гуфт: Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ё метавонистам ба такягоҳи устуворе паноҳ бибарам (яъне, ба қабилаи қудратманде, ки маро дар муқобили шумо нусрат медоданд)!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\418
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\418
آية رقم 81
81. Гуфтанд (фариштагон): Эй Лут, мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, фиристода шудаем, то ин ки қавматро ҳалок кунем! Инҳо ҳаргиз ба ту нахоҳанд расид. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони хешро аз ин деҳа берун бибар. Ба ҳеҷ як аз шумо ба қафо нанигарад, ҷуз ҳамсарат, ки (кофира аст) ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Лут хост, ки зудтар ҳалокашон кунад, вале фариштагон гуфтанд: Оё субҳ наздик нест?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 386 ва Табарӣ 15 \ 428
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 386 ва Табарӣ 15 \ 428
آية رقم 82
82. Пас, чун фармони Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, он деҳаро зеру забар кардем (яъне чаппа намудем) ва бар он деҳа бо бороне аз санггилҳо пай дар пай онҳоро сангборон кардем,
آية رقم 83
83. ин сангҳо аз сӯи Парвардигорат нишондор(1) буданд ва инчунин ин сангҳо
аз ситамгорон дур нестанд, (яъне, аз мушрикони Макка).(2)
____________________
1. Яъне, он сангҳо монанди сангҳои замин набуданд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\194
аз ситамгорон дур нестанд, (яъне, аз мушрикони Макка).(2)
____________________
1. Яъне, он сангҳо монанди сангҳои замин набуданд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\194
آية رقم 84
84. Ва бар қабилаи Мадян(1) бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам.(2)
____________________
1. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\443
____________________
1. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\443
آية رقم 85
85. Ва эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл пурра ва комилан адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замин фасод макунед.
آية رقم 86
86. Агар имон дошта бошед, он чӣ Аллоҳ аз моли ҳалоли худ боқӣ мегузорад ба сабаби вафо карданатон бар паймонаву тарозу бароятон беҳтар аст аз ҳаром ва
камбудиҳое, ки аз тарозу мезанед. Ва ман бар шумо нигаҳбон нестам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\448
камбудиҳое, ки аз тарозу мезанед. Ва ман бар шумо нигаҳбон нестам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\448
آية رقم 87
87. Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он бутҳоеро ки падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё дар амволи худ ончунон ки худ мехоҳем, тасарруф накунем? Ба ростӣ ту марди бурдбору хирадманд ҳастӣ (лек аз ин сухан мақсадашон истеҳзо буд ва мегуфтанд, ки ту беақл ҳастӣ).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\450
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\450
آية رقم 88
88. Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар барои ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад барои тасдиқи он чи ки шуморо даъват мекунам ва Ӯ маро аз сӯи худ ризқи ҳалолу пок ато карда бошад? Оё метавонам ба хилофи дастуроти Ӯ амал кунам? Ва намехоҳам шуморо аз чизе манъ кунам ва худам муртакиби он шавам. Ман
то он ҷо ки метавонам ҷуз ислоҳ чизеро намехоҳам. Тавфиқи ман танҳо ба фазли Аллоҳ аст. Ба Ӯ таваккал кардаам, ба даргоҳи Ӯ руй меоварам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\387
то он ҷо ки метавонам ҷуз ислоҳ чизеро намехоҳам. Тавфиқи ман танҳо ба фазли Аллоҳ аст. Ба Ӯ таваккал кардаам, ба даргоҳи Ӯ руй меоварам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\387
آية رقم 89
89. Ва эй қавми ман! Душмании ман шуморо ба он набарад, ки ба шумо он чи бирасад, ки ба қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид; ва қавми Лут аз шумо дур нест.
آية رقم 90
90. Аз Парвардигоратон омурзиши гуноҳонатонро бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки албатта, Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст тавбакунандагонро!
آية رقم 91
91. Гуфтанд: Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат карда туро мекуштем ва ту назди мо арзиш ва эҳтироме надорӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\197
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\197
آية رقم 92
92. Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Аллоҳи барҳақ болотару гиромитар аст? Оё Аллоҳро пушти сар қарор медиҳед ва аз Ӯ наметарсед ва қудрату иззати Вайро бузург намедоред? Ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, онро иҳота дорад. Ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\461
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\461
آية رقم 93
93. Ва эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори хеш машғул бошед ва ман ҳам ба кори хеш машғул мешавам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда ба чӣ касе мерасад ва хоҳед донист, ки чӣ касе дурӯғгӯй ҳаст. Мунтазир бимонед, ҳамоно ман низ бо шумо мунтазир мемонам!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\463
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\463
آية رقم 94
94. Ва чун замони азоби Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш наҷот додем. Ва ситамкоронро наъраи ваҳшатангези азоб фаро гирифт ва дар хонаҳои хеш ба зону афтода, мурданд,(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\197
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\197
آية رقم 95
95. чунон ки гӯй ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар қавми Самуд шуд!
آية رقم 96
ﯰﯱﯲﯳﯴﯵ
ﯶ
96. Ва ҳароина, Мо Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори хеш
фиристодем,
фиристодем,
آية رقم 97
97. ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо қавми Фиръавн пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд.
آية رقم 98
98. Дар рӯзи қиёмат Фиръавн пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро ҷойгоҳи баде аст!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\348
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\348
آية رقم 99
99. Лаънати дунё ва охиратро аз ақиби азоб (яъне ғарқ шудан дар дарё) бар онҳо фиристода шуд ва чӣ бад атое (лаънат) ба онон дода шудааст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\468
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\468
آية رقم 100
100. Инҳо ахбори деҳаҳоест,(1) ки барои ту (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе осори он ҳанӯз боқианд ва баъзе вайрон шуда нобуд шудаанд.
____________________
1. Деҳаҳое, ки гирифтори азоби Аллоҳ шуданд.
____________________
1. Деҳаҳое, ки гирифтори азоби Аллоҳ шуданд.
آية رقم 101
101. Мо ба онҳо ситам накардаем, балки худ ба ҷони худ ситам мекарданд, (яъне, ширк меоварданд). Ва чун амри Парвардигори ту барои ҳалоки онҳо фаро расид, маъбудоне, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, ҳеҷ ба ёриашон наомаданд ва ҷуз зиёнкорӣ ва ҳалокат чизе бар онон наяфзуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\198
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\198
آية رقم 102
102. Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳаҳои ситамкорро ба азоб кашад. Ба ростӣ, азоби Аллоҳ дарднок ва сахт аст.
آية رقم 103
103. Албатта, дар қисса ва ахбори гузаштагон барои касоне, ки аз азоби охират метарсанд, ибратест. Он рӯз рӯзест, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро аз аввалин то охирин дар он ҳозир оваранд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\477
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\477
آية رقم 104
ﮭﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
104. Ва ҷуз то андак муддати муайяне (омадани рӯзи қиёматро) ба таъхир
намеандозем.
намеандозем.
آية رقم 105
105. Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт.
آية رقم 106
106. Аммо онон, ки бадбахт шудаанд, пас, дар оташанд ва ононро дар он дӯзах нолаи зору фарёди сахте бувад, (яъне, монанди овози хар).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\200
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\200
آية رقم 107
107. Ҳамеша дар дӯзах ҷовидон хоҳанд монд, то осмонҳову замин боқӣ аст, магар он чи Парвардигорат бихоҳад(1), албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад!(2)
____________________
1. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро баъд аз муддате аз дӯзах берун орад. 2. Тафсири Табарӣ 15\ 481
____________________
1. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро баъд аз муддате аз дӯзах берун орад. 2. Тафсири Табарӣ 15\ 481
آية رقم 108
108. Ва аммо ононе, ки некбахт гардонида шудаанд, то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, ҳамеша дар биҳишт ҷовидон бимонанд, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад.(1) Атои Ӯ (неъматҳои ҷаннат) ҳеҷ қатъ намешавад.(2)
____________________
1. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро андак замон дар дузах нигоҳ дошта сипас ба ҷаннат дохилашон кунад. 2. Тафсири Табарӣ 15\ 488
____________________
1. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро андак замон дар дузах нигоҳ дошта сипас ба ҷаннат дохилашон кунад. 2. Тафсири Табарӣ 15\ 488
آية رقم 109
109. Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд бутҳояшонро ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро аз азоб бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард!
آية رقم 110
110. Ва ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат, ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо (яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, Қуръон) сахт дар шубҳаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\390
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\390
آية رقم 111
111. Ва қасам, ки албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҷазои аъмоли ҳамаро ба пуррагӣ хоҳад дод ва ҳамоно Аллоҳ ба ҳар корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\ 498
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\ 498
آية رقم 112
112. Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност.
آية رقم 113
113. Ва ба ситамкорон майл накунед, ки азоби оташи дӯзах шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!
آية رقم 114
114. Ва намоз бигузор (эй Паёмбар) дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо (намозҳои панҷгона) бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон.(1)
____________________
1. Дар ин оят ишорае аст ба намозҳои панҷвақта. Тафсири Саъдӣ 1/ 391
____________________
1. Дар ин оят ишорае аст ба намозҳои панҷвақта. Тафсири Саъдӣ 1/ 391
آية رقم 115
115. Сабр кун (эй Паёмбар) ба барпой доштани намоз ва бар озору машаққатҳо, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ (барбод) намесозад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
آية رقم 116
116. Пас, чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон
гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
آية رقم 117
117. Парвардигори ту (эй Паёмбар)
ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба
ситам ҳалок нахоҳад сохт.
ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба
ситам ҳалок нахоҳад сохт.
آية رقم 118
118. Ва агар хоста буд Парвардигори ту, мегардонд ҳамаи мардумонро як миллат (яъне, дар дини Ислом), лекин Аллоҳ
инро нахост, барои ҳамин ҳамеша мардум дар дин мухталифанд; (ва дар ин ҳама ҳикматест),(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\392
инро нахост, барои ҳамин ҳамеша мардум дар дин мухталифанд; (ва дар ин ҳама ҳикматест),(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\392
آية رقم 119
119. магар онҳое, ки имон оварданд ба Аллоҳу расулаш ва дар роҳи ҳақ ҳамеша муттафиқанд Парвардигорат бар онҳо раҳмат карда ва онҳоро барои ҳикмати гуногуне (яъне, гурӯҳе некбахт ва гурӯҳе бадбахт, гурӯҳе дар биҳишт ва гурӯҳе дар дӯзах) биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар (лозим ва тамом) шуда, ки албатта, ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\535
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\535
آية رقم 120
120. Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем, то дили туро собиту ором гардонем. Ва дар ин сура бар ту сухани ҳақ (мурод аз сухани ҳақ қиссаҳоест, ки пештар дар ин сура зикр шудаанд) ва барои мӯъминон мавъизаву панд ва ёдоварӣ омадааст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\540
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\540
آية رقم 121
121. Ва бигӯ (эй Паёмбар), ба касоне, ки имон намеоваранд: «Шумо ба ҳар тавре, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем.
آية رقم 122
ﮌﮍﮎ
ﮏ
122. Ва шумо интизорӣ бикашед оқибати кори моро, мо низ мунтазир мебошем оқибати кори шуморо.
آية رقم 123
123. Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби(1) осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар) Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест!(2)
____________________
1. Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\392
____________________
1. Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\392
تقدم القراءة