ترجمة سورة البقرة

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة البقرة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.  Алиф. Лом. Мим. Ин гуна ҳарфҳо, ҳарфҳои муқаттаъаанд(1), дар аввали сураҳо меоянд. Дар ин ишораест ба эъҷози Қуръон ва ҳуҷҷат овардан бар мушрикон. Ин ба он далолат мекунад, ки арабҳо мисли ин гуна ваҳйи илоҳӣ овардан натавонанд.
____________________
1. Ин сирри Қуръони аст, ба зоҳири ин ҳарфҳо имон дорем ва илми онро ба Аллоҳ месупорем. Тафсири "Маъолиму-т-танзил" таълифи Абумуҳаммад Ҳусайн ибни Масъуди Бағавӣ, 1\59
2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест ва аз ҷиҳати равшан буданаш ба ҳеҷ кас дуруст нест, ки дар он шак кунад. Аз ин китоб баҳра мебаранд муттақиён, онон, ки аз Аллоҳ метарсанд ва ҳукмҳои Уро пайраванд. Ин китоб парҳезгоронро роҳнамост:
3. онон, ки имон меоваранд ба ғайб, ки ҳиссиёту ақлашон онро дарк намекунад, магар ба тариқи ваҳйе, ки Аллоҳ ба расулонаш мефиристад. (Имон ин калимаест, ки дарбар мегирад иқрор кардани ба Аллоҳ, малоикаҳо, китобҳо, расулон, рӯзи охират ва тақдири некӣ ва бадиро ва низ иқрор кардани бо забон ва амал кардан бо дил, забон ва ҷавореҳ аст)[1] ва онон бинобар тасдиқашон ба ғайб намозро дар вақташ мувофиқи шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам адо менамоянд ва аз он чи рӯзияшон додаем, нафақа медиҳанд (нафақаи воҷибӣ; монанди закот, нафақаи зану фарзанд... ва нафақаи мустаҳабӣ; монанди ҳамаи корҳои хайр[2]).
____________________
1. Яъне, онҳое, ки аз азоби Аллоҳ ҳазар мекунанд ва умедвори раҳматаш мебошанд. (Тафсири "Қуръони азим", таълифи Абулфидо Исмоил ибни Умар ибни Касир. 1 \ 165, 2. Тафсири "Тайсиру-л-кариму-р-раҳмон фи тафсири каломи-л-маннон", таълифи Абдураҳмон ибни Носир ибни Саъдӣ 1\40 2. Тафсири "Тайсиру-л-кариму-р-раҳмон фӣ тафсири каломи-л-маннон", таълифи Абдураҳмон ибни Носир ибни Саъдӣ 1\40
4. ва онон, ки ба он чи бар ту нозил шуд, Қуръон ва ҳикмат (суннат) ва бар паёмбарони пеш аз ту монанди Таврот, Инҷил ва ғайраҳо нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират бовар доранд. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан ва он чӣ дар он аз ҳисобу ҷазо аст.
Дар оят зикри охират баёншудааст, зеро имон овардан ба он аз бузургтарин чизест, ки мӯъмини парҳезгорро бар иҷрои тоъат водор мекунад ва аз муҳаррамот дур месозад ва ба муҳосабаи нафс бедор мекунад.
5. Касоне, ки дорои ин гуна сифотанд, бо нури Парвардигорашон ва тавфиқ аз ҷониби холиқашон, дар ҳаёти дунё умр ба сар мебаранд ва худ наҷот ёфтагонанд. Он чиро ки талаб карданд, дарёфтанд ва аз бадии он чӣ, ки гурехтанд, наҷот ёфтанд.
6. Касоне, ки он чӣ ба ту нозил шуд, аз ҷониби Парвардигорат, инкор карданд ва такаббур варзиданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз дар онҳо имон воқеъ нашавад. Онон кофиронанд, баробар аст, хоҳ битарсонӣ ё натарсонӣ, имон намеоваранд.
7. Аллоҳ бар дилҳояшон ва бар шунавоиашон муҳр ва барбиноиашон парда ниҳодааст ва ба сабаби куфру саркашиашон, дар ҷаҳаннам барояшон азоби бузурге омода кардааст.
8. Ва баъзе аз мардум, ки байни мӯъминон ва кофирон ҳайрону сарсон мегарданд, мегуянд бо забонашон: «Ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки сидқан имон наовардаанд.
9. Ин гурӯҳ мунофиқон бо ҷаҳолати худ Аллоҳу мӯъминонро ба изҳор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон мефиребанд ва намедонанд, ки оқибати фиребашон бар худашон бармегардад. Ва ҳол он ки инро ҳис намекунанд[1].
____________________
1. Тафсири ибни Касир. 1 \ 177
10. Дар дилҳояшон беморие ҳаст (шак, нифоқ, палидӣ ва фасод)[1] ва Аллоҳ низ бар касалиашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.
____________________
1. Тафсири "Ҷомеъу-л-баён фӣ таъвили Қуръон", таълифи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ 1 \282
11. Ва чун ба онҳо насиҳатҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, (бинобар фош кардани сирри мӯъминон ва дӯст гирифтани кофирон)[1] мегӯянд: «Мо муслиҳонем» (некӯкоронем).
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/181
12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ фасодкоронанд, вале ба сабаби ҷаҳлу саркашиашон ҳис намекунанд.
13. Ба чун ба онон (мунофиқон) гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон (мисли имони саҳобагон)[1] имон биёваред, мегуянд: «Оё мо низ ҳам монанди бехирадон имон биёварем?» Аллоҳ таъоло сухани ононро рад кард ва
фармуд: Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/43
14.  Ва чун мунофиқон ба мӯъминон вомехӯранд, мегуянд: «Имон овардем».
Ва чун ба назди шайтонҳои хеш (пешравони куфр) баргашта рафтанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо мӯъминонро масхара мекунем».
15. Аллоҳ аст, ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро ба ҳоли худ мегузорад, то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд. Ва гумроҳиву ҳайраташон зиёд гардад ва онҳоро бар масхара карданашон ҷазо диҳад.
16. Инҳо (мунофиқон) гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард, яъне, куфрро ихтиёр карданд бар имон ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд. Ин аст, зиёне ошкоро.
17.  Ҳоли як гурӯҳ аз мунофиқон, ки (- ба забон на ба дил- ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд ва баъд аз он кофир шуданд), мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт, чун атрофашро равшан сохт, Аллоҳ рӯшноӣ аз онон бозгирифт ва нобино дар торикӣ раҳояшон кард ва на роҳе ёфтанд ва на аз он ҷо берун омаданд
18. Кар ҳастанд ва хубиҳоро намешунаванд, гунганд ва наметавонанд сухани нек бар забон оваранд ва дар муқобили ҳақ кӯр ҳастанд.
Ва аз ин сабаб наметавонанд, ки ба сӯи имонеро, ки тарк карда буданд, бозгарданд!
19. Ё ҳоли дигар мунофиқон, ки барояшон ҳақ зоҳир мегардад ва бори дигар дар он шак мекунанд, ба монанди ҳоли ҷамоъатест, ки дар саҳро роҳ мераванд ва чун ба борони сахте гирифтор омада бошанд, ки аз осмон фурӯ резад ва дар он торикиҳо раъд ва барқ бошад ва аз тарси садои онҳо ва тарсидан аз марг ангуштони худро дар гушҳояшон ниҳанд. Аллоҳ аз ҳарсӯ онҳоро (кофиронро)(1) иҳота намудааст.
____________________
1. Аллоҳ мунофиқонро кофир гуфта зикр намудааст.
20. Наздик аст, ки барқ чашмҳояшонро бирабояд; ҳар гоҳ барқ ба онҳо равшанӣ диҳад, дар он равшанӣ роҳ раванд; ва чун роҳро бар онҳо торик кунад, биистанд. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳароина шунавоӣ ва биноиҳои онҳоро мебурд. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ дар ҳама вақт бар ҳама чиз тавоно аст.
21.  Аллоҳ барои тамоми мардум нидо карда мегӯяд: Эй мардум, Парвардигоратонро бо тавҳид ибодат кунед, ки шуморо бо неъматҳои худ тарбия намуд. Ва аз Ӯ битарсед ва дини Ӯро мухолифат макунед; ҳароина шуморо аз нестӣ ва касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба вуҷуд овард, то ин ки шумо аз парҳезгороне бошед, ки
Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Аллоҳ розӣ ҳастанд.
22.  Он Аллоҳе, ки заминро чун гилеме бияндохт ва осмонро чун биное барафрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо
аз замин ҳар гуна самарае бирӯёнид ва худ медонед, ки Аллоҳ дар офариниши махлуқоти худ касеро шарик нагирифтааст, инчунин набояд барои Аллоҳ дар ибодаташ чизҳоеро шарикони Ӯ қарор диҳед!
23.  Ва —эй кофирони саркаш - агар дар он чӣ бар бандаи хеш (1) нозил кардаем, дар шак ҳастед ва гумон мекунед, ки он аз назди Аллоҳ нест, пас сурае низ монанди он биёваред ва ғайри Аллоҳ ҳамаи мададгоронатонро фаро хонед, агар дар даъвоятон ростгӯ бошед.
____________________
1. Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
24.  Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда, ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд.
25.   Ва ба он касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, мужда деҳ, ки дар охират барояшон бустонҳоест ва қасрҳои олимартаба ва дарахтони сояафкан, ки зери онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ва ҳар гоҳ аз он ҷо аз меваҳои туногун рӯзӣ дода шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое дода шуда будем ва ҳар вақте ки аз он меваҳо чашиданд, таъм ва лаззати наверо ёфтанд, гарчанде ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза (1) доранд ва дар ҷаннат намемиранд ва аз он ҷо берун намешаванд ва он ҷо ҷовидона бошанд.
____________________
1. Тоза аз ифлосиҳои ҳисси; ба монанди бавл ва ҳайз ва пок аз ифлосиҳои маънавӣ; ба монанди дурӯғгӯӣ ва бадахлоқӣ. (Тафсири Саъдӣ. 1\46)
26.   Ҳамоно Аллоҳ аз ҳақ шарм надорад, ки чизеро хотиррасон кунад, гарчанде кам ё зиёд бошад, ба монанди пашша ва болотар аз он, масал бизанад; аммо онҳое, ки имон овардаанд, медонанд, ки ин масал рост ва аз Парвардигорашон аст; ва аммо онҳое, ки кофиранд, масхара мекунанд ва
мегӯянд: "Аллоҳ ба он масал чӣ чиз хостааст?" Аллоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад, ки мурод аз ин имтиҳон аст. Байни мӯъмин ва кофирро ҷудо мекунад ва ба сабаби вай бисёреро гумроҳ мекунад ва ба сабаби вай бисёреро ҳидоят мекунад. Ва Аллоҳ касеро зулм намекунад ва касеро аз роҳи ҳақ боз намедорад, ба ҷуз фосиқоне (1) (бадкороне), ки аз тоъати Парвардигорашон хориҷ мешаванд.
____________________
1. Кофиру мунофиқ бе сабаб аз тоъати Парвардигорашон берун баромаданашон фосиқ номида шуданд. (Тафсири Табарӣ 1\409)
27.  Касоне, ки паймони (1) Аллоҳро пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ ба пайвастани он (наздикӣ кардан ба хешовандон) фармон дода, мебуранд ва дар замин фасод мекунанд, зиёнкоронанд.
____________________
1. Ва он паймон; Аллоҳро якка ва ягона ибодат кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд. (Тафсири Бағавӣ 1 \ 77)
28.  Эй мушрикон чӣ гуна Аллоҳро инкор мекунед ва ба У шарик меоред, дар ҳоле ки мурда будед ва Ӯ шуморо зинда сохт,(1) боз шуморо мемиронад ва дар қабр қарор медиҳад ва
рӯзи қиёмат шуморо зинда мекунад ва он гоҳ барои ҳисобу ҷазо ба назди Ӯ бозмегардед.
____________________
1. Яъне, шуморо аз нестӣ ба ҳастӣ овард.
29.   Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, бароятон биёфарид, то ки шумо аз он манфиат баред ва он гоҳ ба офаридани осмон пардохт ва ҳар ҳафт осмонро биёфарид ва Ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!
30.   Ва Эй Паёмбар, ба ёд ор, чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае (1) меофарам», гуфтанд: Парвардигоро, моро огоҳ ва баён кун, ҳикмат дар халқ шудани онон чист, ки онҳо дар рӯи замин фасод кунанд ва ситамгарона ва душманона хуни ноҳақ резонанд ва
ҳол он ки мо Туро ситоиш мекунем ва тасбеҳ мегӯем ва ба бузургӣ ёд мекунем?». Гуфт:«Ман он донам, ки шумо намедонед».
____________________
1. Мурод аз он Одам алайҳи-с-салом аст, ки ӯро Аллоҳ дар рӯи замин ҷонишин қарор кард, барои барпо кардани фармудаҳо ва ба ҷо овардани васиятҳои Ӯ. (Тафсири Бағавӣ 1 \ 79)
31.   Ва омӯзонид ба Одам ҳамаи номҳоро. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед,
Манро ба номҳои инҳо (1) хабар Диҳед».
____________________
1. Мурод аз номҳо; номҳои ҳама мавҷудот аст. (Тафсири Бағавӣ 1 \ 80)
32.  Фариштагон гуфтанд:
«Туро ба покӣ ёд мекунем. Моро ҳеҷ дониш нест, магар он чи Ту ба мо омӯзонидаӣ. Ба дурустӣ, ки Ту доно ва бо ҳикмат ҳастӣ! »
33.  Аллоҳ гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳое, ки аз донистани он оҷиз монданд, огоҳ кун! » Чун аз он номҳо огаҳашон кард, Аллоҳ ба малоикаҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки Ман пинҳони осмонҳову заминро медонам ва
бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам? ».
34.  Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!», (1) ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва худсарона худро аз инсон боло донист. Ва ӯ аз зумраи инкоркунандагон ва нофармонравоёни Аллоҳ гардид ва кофир шуд.
____________________
1. Бар ду қавл аст: Саҳеҳтарин он; саҷдаи ҳақиқӣ барои Одам алайҳи-с-салом ва дигаре дарбар мегирад маънои итоъат ва ба ҷо овардани амрҳои Ӯ таъолоро. Ва ин саҷда, саҷдаи таъзим, таҳийя (салом) аст, на саҷдаи ибодат. (Тафсири Бағавӣ 1 \ 81)
35. Ва гуфтем: " Эй Одам, худ ва ҳамсарат (Ҳаво) дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он баа хушӣ бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба гурӯҳи ситамкорон дароед"
36. Пас шайтон ҳардуро ба хатогӣ андохт - яъне, аз васвасаи шайтон фирефта шуда, аз он дарахти манъшуда бихурданд - ва он ду нафар (Одам ва Ҳавво (алайҳима-с-салом)-ро аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Фуруд оед, баъзе аз шумо душмани баъзеи дигар хоҳед буд (яъне Одам, Ҳаво ва шайтон) (1) Ба қароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад ва барои шумо дар замин то муддате оромгоҳ ва баҳрамандӣ аст».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1/535
37.  Ба Одам аз Парвардигораш чанд калимае (1) таълим гирифт. Пас Аллоҳ тавбаи ӯро пазируфт, зеро ба таҳқиқ тавбапазир ва меҳрубон аст!
____________________
1. Ва он калимаҳо инҳоанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд». (Тафсири Табарӣ 1 \ 542)
38.   Гуфтем: «Ҳама аз биҳишт фуруд оед: пас агар аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад ва касоне, ки ҳидояти Маро пайравӣ кунанд, барои онҳо дар охират ҳеҷ тарсе нест ва онҳо ғамгин намегарданд.»
39.   Ва касоне, ки инкор кунанд ва оётҳои Моро дурӯғ бароранд, худ ахли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд.
40. Эй бани Исроил, (1) неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред ва шукри Маро ба ҷо оваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам.(2) Ва аз Ман битарсед!
____________________
1. Яъне, зурриёти Яъқуб алайҳи-с-салом. (Тафсири Табарӣ 1 \ 553) 2. Яъне, аҳде, ки ба шумо кардам дар Таврот, баён кунед барои мардум, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Аллоҳ аст ва ба ӯ ва ба он чи ки аз назди Аллоҳ овардааст, имон оред ва агар дар дунё чунин кардед, ба аҳдатон вафо кунам ва шуморо дохили биҳишт гардонам. (Тафсири Табарӣ 1 \ 557)
41. Эй бани Исроил, ба он чи ки нозил кардаам (1) китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне, ки инкораш мекунанд, мабошед. Ва оёти Манро ба баҳои андак нафурӯшед ва аз Ман битарсед! Ва танҳо ба тоъати Ман амал намоед ва аз нофармонии Ман дур истед.
____________________
1. Яъне, ба Қуръоне, ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фуруд овардам. (Тафсири Табарӣ 1\560)
42.  Ва ҳақро, ки бароятон баён кардам ба ботил маёмезед ва бо он ки ҳақиқатро равшан медонед, аз сифати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар китобатон зикр шудааст, пинҳонаш макунед! (1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1\245)
43.  (Ва дар дини ислом дохил шавед) ва намозро (ба тариқе, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузоштааст), барпой доред
ва закоти фарзиро бидиҳед ва бо рукуъкунандагон, (ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд,) рукӯъ кунед! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1 \ 572) ва Тафсири Бағавӣ. 1 \ 88
44.  чӣ бад аст ҳоли шумо ва ҳоли уламои шумо, вақте ки мардумро ба некӣ (яъне, тоъат) (1) фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Ва
мардумро ба некии бузург амр намекунед, ки вай ислом аст ва ҳол он ки Тавротро мехонед, ки дар он имон овардан ба расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр шуда ва сифатҳояш зикр шудаанд. Оё ақлро кор намефармоед!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/88
45.  Ва дар ҳама корҳоятон бо тамоми навъҳои сабр ва инчунин аз намоз ёрӣ ҷӯед. Ба дурустӣ, ки намоз душвор аст, ҷуз барои аҳли хушӯъ (хоксорон, фурӯтанон дар тоъат (1)),
____________________
1. Тафсирӣ Табарӣ 2/16
46. онон, ки медонанд бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард ва яқин медонанд, ки баъди марг рӯзи қиёмат назди Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозмегарданд
47.  Эй бани Исроил (1) , неъмати бисёреро, ки бар шумо арзонй доштам ва шуморо дар замони худ ба бисёр омадани паёмбарон аз шумо ва китобҳои нозилшуда ба монанди Таврот ва Инҷил бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ба ёд биёваред.(2)
____________________
1. Зурриёти Яъқуб алайҳи-с-салом 2. Тафсири Табарӣ 2\24
48.  Ва аз рӯзе битарсед, ки касе аз касе чизеро кифоят накунад; ва аз касе шафоат пазируфта нашавад; ва аз ҳеҷ кас иваз гирифта нашавад(1) ва онҳо ёрӣ дода нашаванд!
____________________
1. Яъне, фидя қабул нашавад. Тафсири Ибни Касир 1\ 256
49.  Ва неъматамонро ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз зулми фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд, то барои онҳо хизмат кунанд. Ва дар ин, озмоиши бузурге буд, аз сӯи Парвардигоратон. Мебоист, ки шумо дар ҳар асру замон, шукри Аллоҳро ба ҷо оваред! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/52
50.  Ва неъматамонро ба ёд оред, ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем, пас шуморо наҷот додем ва Фиръавн ва лашкарашро ғарқ сохтем, ва шумо нигоҳ мекардед.
51.  Ва неъматамонро, ки ба шумо арзонӣ намудем, ба ёд оваред, вақте ки Мо ваъда намудем ба Мӯсо чиҳил шаб барои фурӯд омадани Таврот, ки дар он ҳидоят ва нур аст барои шумо. Ва шумо дар муддати набудани Мӯсо фурсатеро ғанимат дониста, гӯсолаеро, ки бо дастони худ сохта будед, парастиш кардед ва ҳол он ки ситамгар будед.
52.  Пас гуноҳонатонро афв кардем ва баъд аз (бозгаштани Мӯсо алайҳи- с-салом) тавбаатонро қабул кардем, бояд, ки сипосгузор бошед!
53.  Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки ба Мӯсо китоб ва фурқон додем, (ки ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботил ва он Таврот аст)(1) то бувад, ки роҳ ёбед ва ба гумроҳӣ дучор нагардед.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/96
54.  Ва неъматеро, ки ба шумо арзонй намудам, ба ёд оваред; вақте ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба сабабе, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст аз ҷовид мондан дар дӯзах». Пас шумо чунин амрро ба ҷо овардед, Аллоҳ тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.
55.  Ва ба ёд оваред, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо то Аллоҳро ба ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соиқа (оташак, барқ) аз осмон фурӯд омад ва шуморо ба сабаби гуноҳатон ҳалок сохт.
56.  Ва шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, бояд ки сипосгузор шавед! Ин марг барои онҳо уқубат буд. Баъд аз он ба аҷали хеш фавтиданд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/264
57.  Ва ба ёд оред, он неъматеро, ки бар шумо арзонӣ намудем, вақте ки дар замин саргардон будед ва аз гармии офтоб абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну (1) салво (2) фиристодем ва бароятон гуфтем:
«Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем. Ва дар мухолифати дин маравед! Вале онҳо баҷо наоварданд. Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд, зеро оқибати зулм бар худашон бозгардандааст».
____________________
1. Таъоми асалмонанд
2. Бедона (навъе аз парранда)
58.  Ва ба ёд оред он неъматеро, ки ба шумо арзонӣ намудем ва гуфтем, ки: «Ба ин шаҳр (Байтулмуқаддас)(1) дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихуред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигуед: «Парвардигоро! Гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмӯрзем ва ба подоши некукорон бияфзоем.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/98
59.  Пас ситамгорон аз бани Исроил он суханро ба сухани дигаре ғайр аз он чӣ ба онон гуфта шуда буд табдил карданд. Ва бар онон ба сабаби саркашиашон ва берун омаданашон аз тоъати Парвардигор, азобе осмонӣ фуруд овардем.
60.  Ва ба ёд оред он гоҳ, ки ташналабону саргардон будед, пас Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист,
то байнашон кашмакаш нашавад. Ва барояшон гуфтем: Аз рӯзии Аллоҳ бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин бо фасод саркашӣ макунед!
61.  Ва ба ёд оред, вақте ки Мо ба шумо таоме (ширин ва паррандаи иштиҳобахш)(1) фурӯд овардем, мисли одататон ношукрӣ кардед ва ба тангӣ ва малол дучор гаштед. Пас гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодиринг, гандум ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Аз бодия ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Онҳо хохиши нафси худро бар хости Аллоҳ боло донистанд. Вақте ки ба шаҳр ворид шуданд, муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Аллоҳ наздик шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд
ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/100
62.  Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ӯ ва касоне, ки пеш аз биъсати(1) Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён(2), ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рӯзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.
____________________
1. Яъне, паёмбар шудан
2. Гурӯҳе аз аҳли қибла, ки худро бар оини Иброҳим(алайҳи-с-салом) медонанд ва дар ҷануби Ироқ зиндагй мекунанд, ҳарчанд ки дар Тафсири Саъдӣ онҳоро гурӯхе аз насоро зикр кардасст 1\54
63.  Ба ба ёд оред, эй бани Исроил, он замонро, ки бо шумо паймони сахт бастем, ки имон ба Аллоҳ оред ва ягона Ӯро ибодат кунед ва кӯҳи Турро (1) бар болои саратон бидоштем. Ва барои шумо гуфтем: Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред, вагарна кӯҳи Турро бар болоятон сарнагун созем ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! То бувад, ки парҳезгор бошед.
____________________
1. Номи кӯҳест (дар нимҷазираи Сино, дар марзи Фаластин), дар он ҷо Мӯсо бо Парвардигори худ муноҷот кард. Тафсири Табарӣ 2\ 157.
64.   Бори дигар, баъд аз гирифтани паймон ва нигоҳ доштани кӯҳ бар болоятон, рӯ гардонидед. Ва агар фазлу раҳмати Аллоҳ намебуд, ҳамоно шумо дар дунёву охират аз зиёнкорон мешудед.
65.   Ва эй ҷамоати яҳудиён, бешак донистед он гурӯҳро, ки рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд, яъне ҳилае андешиданд рӯзи шанбе барои сайд кардани моҳиҳо ва тур гузоштанд ва хандақе канданд, то моҳиҳоро ба даст оваранд. Ва рӯзи якшанбе моҳиҳои сайдшударо гирифтанд. Зеро сайди рӯзи шанбе барояшон ҳаром буд.(1) Пас ба онҳо хитоб кардем: «Маймунҳои хоршуда бошед!».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/105
66.   Ва онҳоро барои гуноҳашон ибрати ҳамзамононашон ва ояндагон ва панде барои парҳезгорон гардонидем.
67.  Эй бани Исроил, ҷинояти пешгузаштагони худ, саркашӣ ва ҷидолашон бо Мӯсо алайҳиссаломро ба ёд оред, ки он вақт Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Аллоҳ фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Худписандона гуфтанд: «Оё Моро масхара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам, ки аз нодонон (масхаракунандагон)(1) бошам».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/106
68.  Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?» Мӯсо гуфт: «Аллоҳ мегӯяд: «Говест, на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун барои иҷро намудани амри Парвардигоратон бишитобед!
69.  Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд, ки ранги он чист?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест, зарди сахт, ки рангаш бинандагонро шод мегардонад».
70. Бани Исроил гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигуяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар гови хостаи мо монанд шудааст ва ҳароина агар Аллоҳ
хоста бошад, роҳёфтагонем».
71. Мӯсо барояшон гуфт: «Аллоҳ мефармояд: «ки вай гови меҳнаткаш нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштзорро об диҳад. Беайбу нуқсон асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас баъди пурсуҷӯи бисёр онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд. Инчунин буд, ки бар худ машаққат карданд, Аллоҳ бар онҳо машаққат овард.
72.  Ва ба ёд оред он вақтро, ки касеро куштед ва дар он ихтилоф кардед ва Аллоҳ он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкоркунандааст.
73.  Сипас гуфтем: «Порае аз он гови кушташуда бар он одами кушташуда бизанед. Аллоҳ ӯро зинда мегардонад ва аз кушандаи худ шуморо хабар медиҳад. Пас бо порае аз он гов мурдаро заданд ва Аллоҳ ӯро зинда гардонд ва ӯ кушандаи худро хабар дод. Аллоҳ мурдагонро инчунин рӯзи қиёмат зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо, эй бани Исроил, намоён мекунад, то ки ба ақли худ дарк кунед ва аз нофармонии Ӯ бозистед!».
74. Лекин шуморо ин манфиат набахшид, балки баъд аз дидани чунин мӯъҷизаҳо дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг гардид, зеро ки аз баъзе сангҳо гоҳо ҷуйҳо равон мешаванд ва чун баъзеи дигар шикофта шавад, об аз он берун ояд ва гоҳ санг аз тарси Аллоҳ аз боло ба нишеб фурӯ афтад ва Аллоҳ аз он чизе, ки мекунед, ғофил нест!
75. Эй мусалмонон, оё рафтори бани Исроилро фаромӯш кардед ва умедвор ҳастед, ки яҳудиён ба дини шумо имон биёваранд, ҳол он ки гурӯҳе аз олимонашон каломи Аллоҳ Тавротро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд ва қасдан онро дар маъно ё лафз тағйир
медоданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?
76.  Инҳо, яҳудиён, чун бо мӯъминон вохуранд, бо забонашон гуянд: «Мо ҳам ба дини шумо ва расуле, ки дар Таврот башорат дода шудааст, имон овардем». Ба чун бо якдигар танҳо шаванд, гуянд: «Оё бо мӯъминон, аз донише, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ дошта (дар Таврот аз амри Муҳаммад)(1) сухан мегӯед, то ба ёрии он рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед? Яъне андеша намекунед.».
____________________
1. Тафсири бағавӣ 1/114
77.  Оё намедонанд, ки ҳар як гуноҳеро мекунанд ва онро пинҳон медоранд ва ё ошкор месозанд, Аллоҳ медонад?
78.  Баъзе аз яҳудиён бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд Тавротро ва он чӣ дар он аз сифоти Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро, ҷуз орзуҳои дурӯғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумонҳои худ ҳастанд.
79.  Пас ҳалок ва ваъиди сахт бод бар олимони яҳудиён(1), ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва мегӯянд ин аз назди Аллоҳ аст ва ҳол он ки мухолифи он чӣ ки Аллоҳ бар паёмбараш Мӯсо нозил карда мебошад, то фоидае андак баранд. Пас ҳалокӣ бод бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва ҳалокӣ бод бар онҳо аз фоидае, ки мебаранд!
____________________
1. Тафсири Ибни Касир1/311
80.    Ва бани Исроил гуфтанд: «Оташи дӯзах ҷуз чанд рӯзе Моро насӯзонад». Эй Паёмбар, бигӯ: «Оё бо Аллоҳ чунин паймоне бастаед, то Аллоҳ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки бар Аллоҳ он чиро мегӯед, ки худ намедонед?».
81.  Оре, ҳар касе кори баде анҷом диҳад ва гуноҳаш ӯро фаро гирад, пас онон аҳли дӯзаханд. Ва онон дар он ҷовидона хоҳанд монд.
82.    Ва ҳукми Аллоҳ дар муқобили чунин касон ҳам ҷорӣ аст. Яъне онон, ки имон овардаанд ва тибқи шариъате, ки Аллоҳ бар расулаш фиристодааст, корҳои шоиста кардаанд ва онҳо аз аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ1/57
83.     Эй бани Исроил, ба ёд оред он вақтро, ки аҳду паймони сахт гирифтем, ки ғайри Аллоҳро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гуед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Сипас рӯй гардонидед ва сарпечӣ кардед(1), магар шумори андаке аз шумо.
____________________
1. Яъне, қабул накардед ин амрҳоро Тафсири Саъдӣ 1\57
84.     Ва эй бани Исроил, ба ёд оред он вақтро, ки бо шумо паймон ниҳодем, дар Таврот, ки хуни якдигарро нарезед ва қавми хешро аз хонаҳои худ берун макунед. Сипас худ иқрор кардаед ва худ гувоҳед.
85.     Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва аз қавми худ гурӯҳеро аз диёрашон берун мекунед; (барои ситам кардан) ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва душманӣ ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар асир шуда ба назди шумо биёянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Чӣ бад аст афъоли шумо, ки ба баъзе аз аҳкоми Таврот имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед! Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарз шиканҷа мешавад ва Аллоҳ аз он чи ки анҷом медиҳед, ғофил нест!
86.     Инҳо ҳамон касонанд, ки ба ивази охират зиндагии дунёро харидаанд. Пас азоб аз онҳо сабук карда нашавад ва касе ёриашон накунад.
87.     Ба таҳқиқ ба Мӯсо китоби Таврот додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем.
Ва ба Исо писари Марям мӯъҷизаҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо Рӯҳулқудс (яъне, Ҷабраил)(1) қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/119
88.     Бани Исроил барои Паёмбари Аллоҳ ва расулаш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст ва сухани ту ба қалби мо намегузарад». На, амр ин тавр нест, чунон ки иддао карданд, балки дилашон лаънат карда шудааст ва бар он муҳре ниҳода шудааст ва аз раҳмати Аллоҳ, ба сабаби куфре, ки меварзанд, берун шуданд. Пас каме аз онҳо имон меоваранд ва ҳол он ки имонашон ба онҳо нафъ намерасонад.
89.    Ва чун онҳоро аз ҷониби Аллоҳ китоби Қуръон омад, ки тасдиқкунандаи китоби онон (Таврот) буд, онро инкор карданд ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро низ инкор карданд. Ва ҳол он ки онҳо пеш аз ин бар мушрикони араб пирӯзӣ металабиданд ва мегуфтанд: Биъсати паёмбари охири замон наздик омад ва мо пайрави ӯ шуда, ҳамроҳи ӯ бо шумо меҷангем.
Вақте ки паёмбар омад, ӯро шинохтанд, сифот ва сидқи ӯро донистанд, ӯро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) (1) куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/337
90.    Чи бадиест, ки бани Исроил барои худ онро ихтиёр намуданд; (яъне, куфрро
ба ҷои имон баргузиданд.)(1) Ва ин рафтор аз сабаби зулму ҳасади онон буд, зеро Аллоҳ аз фазлу карами хеш ба кадом бандае (2), ки ихтиёр кунад, Қуръонро нозил мекунад. Ва ба сабаби мункир шуданашон ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба сабаби тағйирдоданашон китоби Тавротро, хашме болои хашм оварданд.
Ва кофиронро азобест хоркунанда!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2\340
2. Яъне, Паёмбари охири замон, Муҳаммад (садлаллоҳу алайҳи ва саллам)
91.    Ва чун баъзе мусалмонон ба яҳудиён гуфтанд; ки ба он чи Аллоҳ нозил кардааст, имон биёваред, мегуянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он (Таврот) ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад
ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд.
Агар онҳо ба Таврот ҳаққонӣ имон меоварданд, ҳароина Қуръонро тасдиқ менамуданд. Эй Муҳаммад, барояшон бигу: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед?».
92.    Мӯсо ба шумо мӯъҷизаҳои равшан овард, ки далолаткунанда бар сидқи ӯст. Ба монанди тӯфон, малах, шабушк ва қурбоққа ва ғайр аз ин он чи ки Аллоҳ дар Қуръони азим зикр намудааст. Бо вуҷуди ин, шумо пас аз рафтани Мӯсо ба ваъдагоҳи Парвардигораш, гӯсоларо маъбуди худ гирифтед. Ва шумо ситамгор будед.
93.    Ва ба ёд оред, - эй бани Исроил, вақте ки бо шумо паймони сахт бастем, ки қабул намоед он чӣ ки Мӯсо аз Таврот овард, пас аҳдро шикастед. Ва Мо кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва бароятон гуфтем: Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, маҳкам бигиред ва устувор бошед ва каломи Аллоҳро бишнавед. Пас гуфтед: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем».
Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) (1) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/ 122
94.    Эй Паёмбар, ба яҳудиён, ки даъво мекунанд, ҷаннат хос барои онҳост ва гумон мекунанд, ки онҳо фарзандон ва дӯстони Аллоҳ ҳастанд, бигу: «Агар рост мегуед, ки сарои охират (ҷаннат) назди Аллоҳ хос барои шумост, на барои мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».
95.    Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. (Зеро онҳо аз сидқи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бохабаранд. Ва ба сабаби он чи ки муртакиб шуданд аз куфру исён, худро аз ҷаннат маҳрум ва ба даромадани дӯзах лозим гардонданд.) (1) Аллоҳ ситамкоронро мешиносад ва мувофиқи кирдорашон ҷазо хоҳад дод!
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/331
96.     Албатта, медонӣ, эй Расул, яҳудиён сахт ҳаристаранд, ки умри бисёр бинанд, новобаста ҳаёт ҳарчанд бо хорию пастй бошад. Балки рағбаташон дар бисёр ҳаёт дидан, аз рағбати мушрикон ҳам зиёдтар аст. Яҳудиён таманно доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зиндагӣ кунанд, вале ин умри дароз онҳоро аз азоби Аллоҳ дур нахоҳад сохт. Бар Аллоҳ ҳеҷ чизе
аз аъмолашон пинҳон нест ва зуд аст, ки онҳоро бар амалҳое, ки сазовори азоби Парвардигорашон аст, ҷазо хоҳад дод. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/59
97.     (Эй Расул, ба яхудиён, ҳангоме ки гуфтанд:) "Ҷабраил душмани мо аст" бигӯ: Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, пас ба дурустӣ, ки Ҷабраил Қуръонро бар дили ту ба ҳукми Аллоҳи мутаъол фуруд овардааст, ки тасдиқкунандаи китобҳои пешина (1) ва роҳнамо ба сӯи ҳақ ва муждадиҳанда барои мӯъминон аст.
____________________
1. Яъне: Таврот, Инҷил... Тафсири Табарӣ 2\392
98.    Ҳар кӣ душмани Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва хусусан душмани Ҷабраилу Микоил бошад, пас ҳамоно Аллоҳ кофиронро душман аст, зеро яҳудиён гумон доштанд, ки Ҷабраил душман ва Микоил дӯсти онон аст, пас Аллоҳ ба онҳо огоҳ кард, ки касе ба яке аз он малоик душманӣ кунад, ба дигаре низ душманӣ
кардаст (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/335
99.    Ва ба дурустӣ, ки ба сӯи ту, эй Расул, оятҳои равшан (яъне, ахбор ва сирру асрори яҳудиёни бани Исроил)(1) - ро фуруд овардем, ки онҳо сидқан ва ҳақиқатан далолат бар паёмбарии ту мекунанд. Ба ҷуз фосиқон касе мункири ин оятҳо нахоҳад шуд.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/397
100.   (Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил!) Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрӯз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон (ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст,) бовар намекунанд!
____________________
1. Яъне, имон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Табарӣ 2\400
101. Ва замоне, ки Паёмбаре аз ҷониби Аллоҳ назди онҳо омад, ки тасдиқкунандаи чизе буд, ки бо худ доштанд, (1) гурӯҳе аз аҳли китоб, китоби Аллоҳро пушти сарашон андохтанд, гуё ки аз он ҳеҷ намедонанд.
____________________
1. Яъне Таврот
102. Яҳудиён пайравӣ карданд, ба он чи шайтонҳо ҷодугаронро дар аҳди подшоҳии Сулаймон писари Довуд сухан мегуфтанд.
Ва Сулаймон кофир нашуд ва ҷодуро наомӯхт, валекин шайтонҳо, ки ба Аллоҳ кофир шуданд, мардумро барои вайрон кардани динашон, ҷоду меомӯзониданд. Ҳаминчунин яҳудиён пайравӣ карданд ҷодуе, ки ба ду малоика Ҳорут ва Морут фуруд оварда шуданд дар замини Бобил дар Ироқ. Ва ин имтиҳон ва санҷиши Аллоҳ барои бандагонаш буд. Ва он ду малоика ҳеҷ касро намеомӯзанд, магар он ки насиҳат мекарданд ва аз таълим гирифтани он бим мекарданд. Ва мегуфтанд: Мо барои озмоишем, ба таълим гирифтани ҷоду ва итоъат кардани шайтонҳо кофир машав! Пас мардум аз ду малоика ҷодуро ёд мегиранд, ки ба сабаби вай дар миёни мард ва зани вай ҷудоӣ меафкананд.
Ва ҷодугарон ба он сеҳр наметавонанд ба касе зиён расонанд, магар ба хост ва ҳукми Аллоҳ. Ва мардум он чиро ёд мегиранд, ки ба онҳо зиён мерасонад ва фоидае барояшон намедиҳад. Ба таҳқиқ шайтонҳо ин ҷодуро ба яҳудиён равон карданд ва дар байнашон ин авҷ гирифт, ҳатто ба гумроҳӣ дучор шуданд. Ва яҳудиён медонистанд, ҳар кас ҷодуро ихтиёр намояд ва ҳақро тарк кунад, ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест. Чи бадие аст, ки онҳо ҷоду ва куфрро бар имон ва мутобиати расул иваз карданд. Кош инро медонистанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 61 ва Тафсири Ибни Касир 1 \ 350
103.   Агар яҳудиён имон меоварданд ва метарсиданд, ҳароина медонистанд подоши Аллоҳ барояшон беҳтар аст аз ҷоду ва он чиро ки ба он касб намуданд. Агар медонистанд дар имону тақво чӣ савоб ҳосил мешуд, албатта имон меоварданд.
104. Эй касоне, ки имон овардаед, магуед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-«роъино»(1), зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам "роъино" мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигуед эй мӯъминон: ба ивази "Роъино", "Унзурно", яъне. "ба мо нигоҳ кун!".
Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.
____________________
1. Дар асл "Роъино" ба маънои "ту моро гӯш кун ва шафқат кун бар мо" ва ба маънои дигараш "соҳиби руъунат", яъне, аблаҳ аст. Ва мақсадашон дашном ва таҳқир буд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 61
105. Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре (яъне, Куръон, илм, нусрат ё башорат)(1) бирасад. Ва ҳол он ки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба раҳмати хеш хос мегардонад ва Алдоҳ дорои фазли бузург аст.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/470
106. Ҳеҷ оятеро бекор ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё ба монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, Эй Паёмбар, ки Аллоҳ ба ҳар коре тавоност ва Ӯро ҳеҷ чиз оҷиз карда наметавонад?
107. Оё намедонӣ, ки Аллоҳ подшоҳи осмонҳо ва замин аст, он чи ки хоҳад мекунад ва чӣ гунае, ки хоҳад бандагонашро амр ва наҳй мекунад. Ва ба ҷуз Аллоҳ барои шумо дигаре ҳеҷ дӯсту ёридиҳандае нест.
108. Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, (ба қасди саркашӣ)(1), ҳамчунон ки қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/62
109. Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!
110.  Эй мӯъминон, намозро барпо доред ба тариқи саҳеҳ ва закоти фарзшударо адо намоед! Ба бидонед, ҳар некиеро, ки пешопеш барои худ мефиристед, подоши онро назди Аллоҳ хоҳед ёфт. Албатта Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/505
111.  Ҳар як аз яҳудиён ё насрониён даъво карда гуфтанд: «Ғайр аз яҳудиён ва насрониён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи ботили онҳост. Бигу барояшон, эй Расул: Бар саҳеҳ будани даъвоятон ҳуҷҷататонро биёваред, агар шумо ростгу бошед.
112.  Амр ин тавр нест, чунон ки гумон кардаанд, ки ҷаннат барои тоифаи махсусе аст. Оре, ҳар кас, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Аллоҳ кунад ва ба Ӯ касеро шарик наорад, некӯкор бувад. Ва дар гуфтор ва кирдораш ва бо Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад -саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ
намояд, пас ҳар касе, ки инҳоро анҷом дод, дар охират муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт. Дохил шудани биҳишт чунин аст. Ва онҳо аз биму ҳароси охират дар тарс нестанд ва андӯҳгин намешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/385
113. Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рӯзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.
114. Ва нест касе золимтар аз онон, ки ёд кардани номи Аллоҳро дар масҷидҳо аз барпо доштани намоз ва тиловати Қуръон ва монанди он манъ мекунанд ва дар вайронии онҳо мекӯшанд.
Ин гурӯҳ золимонро сазовор аст, ки ҳаросону тарсон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузургест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/63
115. Машриқу Мағриб ва мобайни он аз они Аллоҳ аст. Ӯ подшоҳи ҳамаи замин аст. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ оред (дар намоз)(1) ҳамон ҷо рӯ ба Аллоҳ аст. Шумо аз мулк ва тоъати Ӯ берун нестед. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ фарохнеъмату доност!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/63
116. Яҳудиён, насрониён ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳ барои худ фарзанде гирифт. Пок аст Ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳама фармонбардори Ӯянд!
117. Аллоҳ таъоло офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Ва он чиз мавҷуд мешавад.
118. Нодонони ахли китоб ва ғайри онҳо (аз рӯи кибрашон ба Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам)(1) гуфтанд: «Чаро Аллоҳ бо мо сухан намегӯяд, ки ту ҳақиқатан фиристодаи Ӯ ҳастӣ? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд, ки бар сидқи паёмбарии ту далолат кунад?» Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ саркашона чунин суханоне мегуфтанд. Ба сабабе, ки дилҳояшон ҳамонанди якдигар аст. Ҳамоно Мо барои гурӯҳе, ки ба Аллоҳ имони ҳақиқӣ ки доранд, нишонаҳое баён кардаем.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/64
119.Мо туро ба дини ҳақ, ки асоси он бар Қуръону Суннат аст, ба паёмбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба мардум хайри дунёву охиратро ва битарсонӣ саркашонро аз азоби Аллоҳ. Ту масъул нестӣ ба онон, ки ба ту куфр овардаанд. Пас албатта онон рӯзи қиёмат дохили дӯзах шаванд ва аз он берун наоянд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/64
120.Яҳудон ва насрониён аз ту, эй Расул, ҳаргиз хушнуд намешаванд, то ки ба динашон пайравӣ накунӣ!
Ба онҳо бигӯ: Дини ислом ин дини саҳеҳ аст. Ва агар ту орзуҳои ботили онҳоро пайравӣ кунӣ, баъди он чи аз ваҳй туро омад, пас туро
барои халос аз азоби Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае набошад. (Гарчанде ин оят хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад, вале ба ҳамаи уммат далолат мекунад). (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/64
121. Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст,(1) имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд.
Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/404
122.   Эй бани Исроил,(1) ёд кунед, аз он неъмате, ки бар шумо фаровон ато кардам ва шуморо дар он замон ба бисёр будани паёмбарон аз шумо ва ба он чи фуруд оварда шуд ба онҳо аз китобҳо, бар ҷаҳониён, бартарӣ ва бузургӣ додам!
____________________
1. Зуриёти Яъқуб алайҳи-с-салом
123.   Ва битарсед аз рӯзи қиёмат, ки касе аз касе чизеро манъ насозад ва фидя пазируфта нашавад, ки вайро аз азоб наҷот диҳад ва касеро шафоъат суд надиҳад
ва онҳо ёрӣ дода нашаванд.
124.   Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае (1) биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».
____________________
1. Яъне аз амру наҳйҳо. Тафсири ибни Касир 1\405
125.   Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ (барои ҳаҷ, умра, тавоф ва намоз)(1) ва макони амни мардум сохтем. Ва душман ба онҷо ғайрати даромадан надорад. Ва гуфтем: Мақоми(2) Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Ба сӯи Иброҳим ва писараш Исмоил ваҳй фиристодем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону эътикофкунандагон(3) ва рукӯъу саҷдакунандагон покиза доред!»
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1\146
2. Он сангест, ки Иброҳим бар он истода Каъбаро бино кард
3.Гӯшанишинон
126.   Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим дар дуъояш гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳри Маккаро ҷои амн гардон ва аз сокинонаш касеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар меваҳо рӯзӣ деҳ!». Аллоҳ фармуд: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андаке дар ин дунё баҳраманд гардонам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», чӣ ҷои бозгашти бадест!
127.   Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим ва Исмоил асосҳои хонаро баланд мекарданд, ва ҳар ду бо хушӯъ дуъо карда гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо амалҳои шоиста ва дуъоямонро бипазир, ки ту шунаво ба суханони бандагонат ва доно ҳастӣ ба аҳволи онҳо!»
128. Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!
129. Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил)(1) паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/151
130. Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рӯй барметобад, худро хор кард. Ва ба
таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст.
131.   Ва сабаби ин ихтиёр бетараддуд қабул кардани ӯ дини ислом аст. Вақте ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Ба тоъати Парвардигорат таслим шав». Иброҳим гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бо ихлосу тавҳид ва муҳаббату тавба таслимам».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/66
132.   Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ ба ин калима васият карданд, «Эй фарзандони ман,
Аллоҳ барои шумо ин динро ихтиёр кардааст, ва ин дини ислом аст, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин дин омад(1) ва дар айёми зиндагиатон аз он ҷудо машавед, пас аз ин ҷаҳон намиред, магар ин ки шумо фармонбардор бошед». (Яъне, дар дини ислом бошед.)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/153
133. Эй яҳудиён, оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман, чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: «Маъбуди ту ва маъбуди падарони туро, ки Иброҳиму Исмоилу Исҳоқанд ва ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ӯ фармонбардор ҳастем».
134. Онҳо умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо кардаанд, намепурсанд. Ва ҳар касе ба он чи кард, ҷазо хоҳад дид ва касе ба гуноҳи касе азоб карда намешавад.
135. Яҳудиён ба уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Ба дини яҳудӣ дохил шавед, то роҳи рост ёбед ва насрониён низ чунин гуфтанд. Эй Расул барояшон бигӯ: Балки ҳидоят пайравӣ намудани миллати Иброҳим аст, ки ӯ аз мушрикон набуд».
136. Эй мӯъминон ба яҳудиён ва насрониён бигуед: «Мо ба Аллоҳ ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагонаш нозил шуда ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Аллоҳ бо тоъату ибодат таслим ҳастем».
137. Агар ба он чӣ шумо имон овардед, яҳудиён ва насрониён ва дигарон низ ба мисли шумо имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй тофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Аллоҳ туро, эй Расул, аз шарри онҳо кифоят мекунад ва Ӯ шунаво ва доност!
138. Дини Аллоҳро лозим гиред, ки шуморо бар он дин пайдо кардааст. Беҳтар аз дини Аллоҳ, ки мардумро бар он пайдо кард, дин нест. Пас онро лозим гиред ва бигӯед. Мо фармонбардор
ва парастандагони Ӯ ва пайрави миллати(1) Иброҳим ҳастем.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 3/117
139. Эй Паёмбар, ба аҳли китоб бигу: «Оё дар бораи тавҳиди Аллоҳ бо мо баҳсу муҷодала мекунед? Ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумост ва мо ба ихлос парастандагони Ӯ ҳастем ва ба Ӯ чизеро шарик намеорем.».
140. Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ӯ (1) бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд?
(Ин дурӯғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарй мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд).
Эй Паёмбар, барояшон бигӯ: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипӯшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост.
____________________
1. Онҳо 12 кас аз фарзандони Яъқуб аз қабилаҳои банӣ Исроил. Тафсири Ибни Касир 2 \ 70
141. Онон умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо мекунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд. (Оят далолат ба он мекунад, инсон такя бар махлуқҳо макунад ва ба насабҳо фирефта нашавад.)(1). Ва касе ба як паёмбар куфр оварад, ба тамоми паёмбарон куфр овардааст.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/70
142. Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт:
«чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Эй Расул,
ба онҳо бигӯ: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ӯ хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рӯ меорем.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/70
143.   Ва ҳамчунин шуморо ба роҳи рост роҳ намудем ва шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то ба мардум дар охират гувоҳ бошед ва низ паёмбар бар шумо гувоҳ бошад, ки ӯ рисолати Парвардигорашро ба мардум расонид. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба сӯи он (1) мекардӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки ба паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ва касоне, ки имонашон заиф буд аз сабаби шак ва нифоқашон аз динашон бедин шуданд. Ба дурустӣ, ки гардонидани қибла аз Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба душвор аст, магар бар касоне, ки Аллоҳ ба онҳо ҳидоят ва имону тақво арзонӣ намудааст. Аллоҳ имон ва намозатонро табоҳ намекунад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба мардум меҳрубон ва бахшоянда аст! (2)
____________________
1.Байтулмуқаддас 2. Тафсири Бағавӣ 1/160
144.   Эй Паёмбар, Мо чашм дӯхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест!
145.   Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд.
Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/72
146.  Онон, ки аҳли Таврот ва Инҷил ҳастанд аз олимони яхуд ва насоро, ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, Расули Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро бо сифатҳое, ки дар китобҳояшон зикр шудааст, мешиносанд, вале гурӯҳе аз онҳо ҳақро дониста мепушанд.
147.   Эй Паёмбар, он чӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст, пас дар он шубҳа макун! (Оят агар чанде хитоб барои Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад ҳам, вале ин хитоб ҳамаи умматро дарбар мегирад.)
148.   Ҳар касеро қиблае аст, ки ба он рӯй меоварад дар намозаш. Пас, эй мӯъминон, дар амалҳои шоистае, ки Аллоҳ барои шумо дар дини ислом фармудааст, пас барои ба ҷо овардани ин хубиҳо бишитобед. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ шуморо рӯзи қиёмат ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!
149.   Эй Паёмбар ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ барои сафар ва ҳар вақте ки иродаи намоз кардӣ, рӯи худ ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест!
150.   Ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, эй Паёмбар, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон, шумо низ рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Баъд аз рӯй оварданатон ба сӯи Масҷидулҳаром аҳли зулм ва саркашони онон ҳамеша бо шумо баҳсу муҷодала кунанд, аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам ва бошад, ки шумо ба сӯи ҳақ роҳ биёбед.
151.   Ҳамчунон, ки неъматҳоямонро ба шумо арзонӣ намудем, (яъне, рӯй ба ҷониби Каъба кардан) низ дар миёни шумо паёмбаре
аз қавми шумо фиристодем, то оятҳои Моро бароятон бихонад ва шуморо аз ширк ва бадахлоқӣ покиза гардонад ва китобу ҳикмат ва аҳкоми шаръиат биёмӯзад ва аз ахбор ва қиссаҳои паёмбарони гузашта он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/74
152.    Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии неъмати Ман накунед. (1)
(Дар ин оят Аллоҳ мӯъминонро ба зикри худ амр кард ва бар он бузургтарин мукофотро ваъда дод. Ва он мукофот мадҳу санои Ӯст назди малоикаҳо бар касоне ки Ӯро зикр кардаанд.)
____________________
1. Тфсири Саъдӣ 1/74 ва Тафсири Бағавӣ 1/167
153.    Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳама коратон аз Аллоҳ ба сабр кардан бар душворию мусибатҳо ва тарки маъсият ва гуноҳҳо ва сабр кардан бар тоъатҳо ва наздик шудан ба Аллоҳ ва бар намоз, ки бо он нафс оромиш меёбад ва аз кори беҳаёӣ ва феъли бад инсонро боз медорад, мадад ҷӯед, ки Аллоҳ бо сабркунандагон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/74
154.    Эй мӯъминон, касонеро ки дар роҳи Аллоҳ кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Балки онҳо дар қабрҳояшон ба ҳаёти махсусе зиндаанд ва чигунагии ин ҳаётро ба ҷуз Аллоҳ касе надонад ва лекин шумо онро ҳис намекунед. (Ин оят далелест, ки дар қабр роҳат низ вуҷуд Дорад).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/75
155.    Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагӣ ва нуқсони молҳо ки ба душворӣ ба даст оварда мешавад, ё аз даст меравад ва ҷонҳо; ба фаро расидани марг, ё қатл ва кам шудани меваҳо меозмоем. Ва, эй Паёмбар, сабркунандагонро хабари хуш деҳ, ки ба сабаби сабрашон дар дунёву охират шоду хуррам мегарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/169
156.    Сифати ин гуна сабркунандагон чунин аст, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо бандагони Аллоҳ ҳастем ва зери амру тадбири Ӯ ҳастем, он чӣ хост бо мо мекунад ва мо ба сӯи Ӯ бозхоҳем гардид. Ва баъд аз он барои ҳисобу ҷазо аз нав зинда хоҳем шуд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/75
157.Онон, ки собирон ҳастанд, салавот ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки роҳёфтагонанд.
158.Сафо ва Марва(1) аз шиорҳои дини Аллоҳ ҳастанд. Пас касе, ки қасди хонаи Аллоҳ карда, ҳаҷи хонаро ба ҷой меоварад ё умра мегузорад, пас, бар вай гуноҳе нест, ки дар миёни ин ҳар ду тавоф кунад, балки тавоф кардан бар вай воҷиб аст. Ҳар кӣ ба рағбати худ амали неке анҷом диҳад, бидонад, ки Аллоҳ шукргузори доност!
____________________
1. Ду куҳи хурде ки аз тарафи шарқ, назди Каъба воқеанд.
159.Албатта он касоне, ки далели равшан ва ҳидоятеро, ки Мо фуруд фиристодаем (1) ва онро дар китоби Таврот ва Инҷил баён кардаем, пинҳон мекунанд. Аллоҳ таъоло онҳоро (яъне олимони яҳуд ва насоро) ро аз раҳмати худ дур мекунад ва Ӯ ва ҷамиъи махлуқот онҳоро лаънат мекунанд.
____________________
1. Яъне паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чизе ки ба ӯ нозил кардаем
160.   Магар онҳое, ки аз хатогиҳои худ тавба карданд ва худро ислоҳ карданд ва он чӣ пинҳон дошта буданд, ошкор сохтанд, тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам!
161.   Ба дурустӣ, онон ки имонро инкор карданд ва ҳақро пинҳон карданд ва бар куфрашон давом карданд, лаънати Аллоҳ ва фариштагону ҳамаи мардум бар онҳо бод!
162.   Ҷовидона дар лаънатанд ва дар азобашон сабукӣ дода нашавад ва лаҳзае барои узр талабидан мӯхлаташон надиҳанд.
163.   Эй мардум, маъбуди шумо Аллоҳи ягона аст дар зот, ном, сифот, афъол ва парастиш ва ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. Маъбуде ғайри Ӯ нест, бахшоянда аст барои ҷамиъи халқ ва меҳрубон аст бо мӯъминон!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/77
164.   Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кӯҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд
ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест.
165.   Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дӯст медоранд, ки гӯё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дӯстии Аллоҳ аз дӯстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мӯъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд. Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ӯ сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/79
166.   Он гоҳ, касоне, ки пайрав шудаанд аз касоне, ки пайравӣ карда буданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро мушоҳида кунанд ва пайвандгариҳое, ки аз хешовандӣ ва дӯстӣ дар дунё доштанд, бурида шаванд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/180
167.    Ва он пайравон гӯянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунон ки аз мо безорӣ ҷустаанд, аз онҳо безорӣ меҷустем. Аллох, кирдорҳояшонро инчунин сабаби ҳасраташон созад ва онҳо аз оташ раҳоӣ наёбанд!
Ва ҳеҷ гоҳ онҳо аз дӯзах хориҷшаванда нестанд».
168.   Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ дар замин бароятон додааст, бихӯред ва роҳҳои шайтонро пайравӣ макунед. Ҳамоно шайтон душмани ошкори шумост.
169.   Албатта шайтон шуморо ба ҳамаи бадиҳо ва корҳои зишт фармон медиҳад ва мехоҳад, ки дар бораи Аллоҳ чизҳое бигуед, (аз ҳалолу ҳаром) ки ба он огоҳ нестед.
170.   Чун ба онҳо мӯъминон гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед, гӯянд: «На, мо ба ҳамон роҳе меравем, ки падаронамон мерафтанд». (яъне мушрикон)(1) Оё пайравии падаронашон мекунанд, агар падаронашон бефаҳму гумроҳ бошанд?
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/81
171.   Мисоли кофирон ва доъиёни онҳо ба сӯи ҳидоят ва имон мисли чӯпонест, ки ба чорпоён дод мезанад ва бим мекунад ва ҳол он ки чорпо маънои каломашро намефаҳмад, ҷуз нидо ва садои овозро. Ин кофирон ношунаво ҳастанд, садои ҳақро намешунаванд, гунгонанд забонашон ба ҳақ нутқ намезанад ва кӯронанд аз дидани роҳи ҳақ ва ақлҳояшон ба нафъашон кор намеқунад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/81
172.    Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизаи болаззати ҳалол, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва мабошед ба монанди кофироне,
ки покизаҳоро ҳаром меҳисобанд ва палидиҳоро ҳалол мешуморанд. Ва шукри неъматҳои бузурги Аллоҳ, бо дил ва забон кунед. Агар шумо амри Ӯро ба ҷо оварда бошед ва танҳо Ӯро ибодат кунед ва ба Ӯ шарик наоред. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/81
173.    Албатта Аллоҳ бар шумо ҳаром гардонидааст, он чизеро ки бар шумо зарар меорад, ба монанди худмурда, хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки дар вақти забҳ номи ғайри Аллоҳ бар он бихонанд. Ва аз фазлу раҳмати Аллоҳ аст бар шумо, ки мубоҳ гардонид хӯрдани чизҳои ҳаромшударо, ҳангоме ки маҷбур шавад, ба қадри зарурат ва аз ҳад нагузаронад, пас бар вай
гуноҳе нест. Ба дурустӣ, Аллоҳ омурзанда ва бахшоянда аст!
174.   Онон, ки пинҳон медоранд аз сифатҳои Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳақиқатҳои дигареро, ки Аллоҳ дар китоб нозил кардааст ва онро бо баҳои андаке аз моли дунё мефурӯшанд. Ба ивази ин корашон дар рӯзи қиёмат шикамҳои худро аз оташ пур месозанд. Аллоҳ ба онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро пок намесозад ва барои онҳо азоби аламнок аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/82
175.   Инҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ва азобро ба ҷои омӯрзиш хариданд. Чӣ гуна ҷуръат мекунанд ба сабр кардан дар оташи дӯзах?! Аллоҳ аз ин иқдомашон дар тааҷҷуб мешавад. Пас, эй одамон, аз ҷуръат ва сабри онон тааҷҷуб кунед.
176.   Ин азоберо, ки онон сазовор шуданд, ба сабаби он аст, ки ба китоби бар паёмбараш фуруд овардаи Аллоҳ кофир шуданд. Ва онон, ки дар китоб ихтилоф карданд ва ба баъзе китоб имон оварданд ва ба баъзеаш куфр оварданд, ҳамоно онҳо дар мухолифати дур аз ҳақ ҳастанд.
177.   Назди Аллоҳ некӣ он нест, ки дар намоз рӯи худ ба ҷониби машриқу мағриб кунед, балки некукор касест, ки ба Аллоҳи ягона, ки шарику монанд надорад ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Аллоҳ ва паёмбарон имон оварад.
Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба рағбати худ ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну ғуломон бубахшад.
Ва намоз бигузорад ва закоти фарзшударо бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар тангдастиву беморӣ ва ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд.
178.   Эй касоне, ки имон овардаед, (дар бораи куштагоне, ки қасдан кушта шудаанд)(1) бар шумо қасос муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан.
Пас ҳар кас, ки аз ҷониби бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз паи адои хунбаҳо (2) равад ва онро ба тарзе некӯ бетаъхиру нуқсон ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳмест аз ҷониби Парвардигоратон. Пас касе, ки баъди авф карданаш ва ҳунбаҳоро гирифтанаш, қотилро кушад, барои ӯ азоби дардовар ва оташест дар охират.
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/489 2. Моли муайяне ки аз тарафи кушанда дода мешавад
179.Ва эй хирадмандон, шуморо дар қасос кардан зиндагист. Бояд ки битарсед ва парҳезгор шавед!
180.Аллоҳ фарз гардонид, ҳар вақте ки бар яке аз шумо нишонаҳои марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Пас тарк накунад дар васияташ фақирро ва бидиҳад сарватмандро (1). Ва ин шоистаи парҳезгорон аст. (2)
____________________
1. Ҷоиз нест васият зиёда аз сеяки мол. Ин ҳукм пеш аз нузули оятҳои мерос буд, ки Аллоҳ насиби ҳар як меросхӯрро муъайян кард.
2. Тафсири Бағавӣ 1 \193
181. Пас ҳар кас, ки он васияти майитро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Ҳамоно Аллоҳ мешунавад васияти шуморо ва медонад он чиро, ки махфӣ медоред дар дил; (ба майл кардан суи ҳақ ва адл ё зулму ҳалокӣ.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/85
182. Гар касе донад, ки васияткунандае дар васияти худ дур аст аз ҳақ, хоҳ қасдан бошад ё саҳван ва насиҳат кунад васияткунандаро ба адл ва ӯ насиҳатро қабул накунад, пас агар ислоҳе миёни онон пардозад, ба тағйир додани васият то мувофиқи шариъат шавад муртакиби гуноҳе нашудааст. Ба дурустӣ Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/85
183. Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо фарз шуд, ҳамчунон ки бар касони пеш аз шумо буда, фарз шуда буд. Бояд ки аз Парвардигоратон битарсед, ва байни худатон ва гуноҳоятон қалъае аз тоъату ибодати Ӯ қарор диҳед.
184.Рӯзҳои башумор(1) рӯза доштанаш бар шумо фарз шудааст. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад ва рӯзадорӣ ба ӯ вазнинӣ кунад, пас рӯзаашро бихӯрад ба ҳамон ададе, ки рӯзаашро хӯрд аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии рӯзаро надоранд, монанди пирсолон, бемороне, ки умеди шифоро надоранд
ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд, яъне фидя(2) бидиҳанд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст. Ва рӯза бароятон беҳтар аст, гарчанде бо машаққат бошад аз фидя додан, агар шумо манзалати бузургии рӯзаро дар назди Аллоҳи таъоло медонистед.(3)
____________________
1. Моҳи рамазон
2. Фидя, иборат аз хӯроки як камбағал аст
3. Тафсири Бағавӣ 1 \ 197
185.Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Пас ҳар кас, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд ки дар рӯзҳои он моҳ рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар
бошад, барои ӯ рухсат аст рӯза надорад, баъд аз он барои вай ба шумораи он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар рӯза доштанаш лозим аст. Аллоҳ дар шариъати худ барои шумо осониро мехоҳад ва ба шумо душворӣ ва машаққатро намехоҳад ва мехоҳад, ки иддаро(1) комил созед. Ва дар иди Рамазон пас аз адои рӯза Аллоҳро бо такбир ёд кунед ва бар ҳидоятёфтанатон Ӯро бузург доред ва бар тавфиқе, ки ба шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед.
____________________
1. Шумораи моҳи рамазон
186. Эй Муҳаммад, чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, Ман ба онҳо наздикам ва ба нидои касе, ки Манро бихонад, ҷавоб медиҳам. Пас Манро дар он чи ки онҳоро фармудаам ва аз он чи ки онҳоро манъ намудаам, итоъат кунанд. Ва ба Ман имон оранд. Бошад, ки роҳи ободии дину дунёашонро дарёбанд!
187. Аллоҳ дар шабҳои моҳи Рамазон бароятон ҳамбистарӣ бо ҳамсаронатонро мубоҳ гардонид. Онҳо пӯшиш ва ҳифзи шумоянд ва шумо низ пӯшиш ва ҳифзи онҳо ҳастед. Аллоҳ медонист, ки шумо бо нафси худ хиёнат меварзед, бо мухолифати ҳаромкардаи Аллоҳ дар шабҳои Рамазон бо ҳамбистарӣ карданатон бо ҳамсарон,(1) пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард ва амрро ба шумо васеъ гардонид.
Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро ки Аллоҳ бар шумо муқаддар гардонидааст, талаб кунед (аз фарзанд) ва бихӯреду биёшомед то равшании субҳ дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро то фурӯ рафтани офтоб ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид ба эътикоф (2) нишастед, бо ҳамсарон ҳамбистар нашавед. Ин ҳудуд фармони Аллоҳ аст, ба он наздик машавед. Аллоҳ оёт ва аҳкоми худро инчунин баён мекунад, бошад, ки ба парҳезгорӣ бирасанд!
____________________
1. Яъне дар ибтидои ислом дар моҳи Рамазон дар шаб ҳамбистарӣ кардан бо занон манъ буд. Тафсири Бағавӣ 1\206
2. Дар даҳаи охири моҳи Рамазон дар масҷид бо нияти наздик шудан ба Аллоҳ истодан.
188. Молҳои якдигарро ба ноҳақ (ба монанди қасами бар дурӯғ, ба зӯрӣ гирифтан, дуздӣ, пора...) (1) махӯред ва амволи худро ба ришват ба ҳокимон мадиҳед, то бад-он сабаб молҳои гурӯҳи дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ ҳаром будани инро медонед.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/210
189. Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ(1) мепурсанд, бигӯ: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рӯза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накӯкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накӯкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд.(2) Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некӯкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некӯкорӣ он аст, ки
аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.
____________________
1. Камшави ва зиёдшавии моҳро меноманд. Тафсири Бағавӣ 1 \ 211
2. Ин одати ҷоҳилият буд, ислом омад ва онро барҳам дод. Яъне арабҳо, вақте ки дар ҳаҷ ё умра эҳром мебастанд, аз дарвозаи хонаҳо ворид намешуданд, ва инро як амри ибодатӣ гумон мекарданд Тафсири Бағавӣ 1\212
190.   Эй мӯъминон, дар роҳи Аллоҳ бо касоне ҷанг кунед, ки бо шумо ҷанг мекунанд, ва аз ҳад нагузаред (ба монанди куштани занон, девонагон, кӯдакон, роҳибон ва куштани ҳайвонот ва буридани дарахтон).(1) Зеро Аллоҳ аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/213
191.   Ҳар ҷо, ки онҳо мушриконро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо берун карданд, (яъне, аз Макка) берун кунед, ки фитна; куфр, ширк ва пеши роҳи исломро бастан аз қатл сахттар аст. Ва дар Масҷидулҳаром шумо бо онҳо ҷанг сар накунед, то он гоҳ, ки бо шумо ҷанг сар накунанд. Ва агар бо шумо дар Масҷидулҳаром ҷангиданд, пас онҳоро бикушед, ки ин аст ҷазои кофирон! (1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/214
192.   Ва агар бозистоданд аз куфр ва ҷангидан бо шумо дар назди Масҷидулҳаром ва дохили имон шуданд, пас ба дурусти Аллоҳ омурзанда ва меҳрубон аст!
193.   Эй мӯъминон, бо мушрикони ситамгар бардавом биҷангед, то дигар фитнае (1) барои мусалмонон боқӣ намонад ва дин танҳо дини Аллоҳ шавад. Пас, чунон ки ин мақсад ҳосил шуд, на куштор ҳаст на ҷанг. Пас агар онҳо аз ҷангидан бо шумо дар Масҷидулҳаром бозистанд, шумо бо онҳо таҷовуз накунед ва ҳар касе, ки ситам карда бошад, ба андозаи ситаме, ки кард, ҷазо дода мешавад!
____________________
1. Мақсад аз фитна инҷо ширк аст.
194.   Ҷангидани шумо, эй мӯъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст(1), ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ӯ қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ӯ ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!
____________________
1. Зулқаъда, Тафсири Бағавӣ 1/215
195. Эй мӯъминон, ҳамеша дар роҳи Аллоҳ барои нусрати динаш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш аз тарки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва харҷ накардан дар роҳи Аллоҳ ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед (дар харҷ кардан ва тоъат) ва амалатонро холис барои Аллоҳ кунед, ки Аллоҳ аҳли ихлос ва некӯкоронро дӯст медорад.
196. Ҳаҷ ва умраро барои Аллоҳ комил ба ҷой оред. Ва агар шумо аз ҳаҷ боздошта шавед, ба монанди қасди душман ё беморӣ он қадар, ки муяссар аст, аз шутур ё гов ё гусфанд қурбонӣ кунед (ба қасди наздик шудан ба Аллоҳ) ва сар матарошед, вақте ки дар роҳ боздошта шудаед, то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Баъд аз анҷоми он аз эҳром баромаданатон ҳалол мешавад. Ҳамчунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Ҳудайбия анҷом доданд. Баъд аз он сарашро метарошад. Аммо шахсе, ки дар Ҳарам аст, қурбониаш ба ҷо намеояд, магар дар Ҳарам. Вақти он рӯзи ид аст, рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ва се рӯзи баъди он аз айёми ташриқ. Ё агар сараш захм ё шабуш дошта бошад, пас барои ӯ ҷоиз аст, ки сари худро битарошад, аммо барои ӯ лозим аст, ки фидя бидиҳад ва фидяаш се рӯз рӯза гирифтан ё ғизо додан ба шаш мискин ва ё забҳи ҳайвоне аст, ки барои қурбонӣ ҷоиз аст ва ӯ аз миёни ин чизҳо якеро интихоб менамояд. Аммо забҳ кардан беҳтараст. Ва чун эмин шудед; ва ҳар кӣ ба сабаби адои умра то вақти ҳаҷ баҳравар шуд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва чун аз ҳаҷ ба аҳли худ бозгардад, ҳафт рӯз рӯза бидорад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва лозим аст, ки даҳ рӯз рӯзаро бидорад. Ва ин ҳукм (яъне қурбонӣ ва рӯза доштан) барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Аллоҳ битарсед ва амру наҳйи Ӯро ба ҷо оред ва бидонед, ки Аллоҳ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки мухолифи амри Ӯ шавад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/90
197. Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Яъне, шаввол, зулқаъда, ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа. Пас ҳар киро ҳаҷ воҷиб гардид, дар он моҳҳо, ин фаризаро адо кунад, пас бояд дар вақти ҳаҷ ҷимоъ(1) накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва хусумат накунад. Ва берун омаданаш аз тоъати Аллоҳ ҳаром ва бо ҳам муноқиша карданаш ба ғазаб ва кароҳият меанҷомад. Ҳар кори неке анҷом медиҳед, Аллоҳ аз он огоҳ аст. Ҳар якеро бар амалаш ҷазои кофӣ медиҳад. Ва барои нафси хеш тӯша кунед,(2) ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй соҳибхирадмандон, аз Ман битарсед!
____________________
1. Мурод аз ин ҳамбистарӣ кардан бо зан аст.
2. Яъне, аз таъому шароб барои сафари ҳаҷ ва тӯшае барои охират аз амалҳои солеҳ
198. Агар ба ҳангоми ҳаҷ талаб кунед рӯзиеро аз Парвардигоратон бо фоида бурдан аз савдо дар айёми ҳаҷ, гунаҳгор нашудаед ва чун баъди гуруби офтоб аз Арафот(1) бозгаштаед, Аллоҳро дар Машъарулҳаром(2) бо тасбеҳу такбир ва дуъо ёд кунед, ки шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармуд, ҳароина пеш аз ин аз он гумроҳон будед, ҳақро намедонистед. (3)
____________________
1. Маконест, ки рузи нуҳуми зулҳиҷҷа ҳоҷиён дар он ҷо меистанд 2. Муздалифа 3. Тафсири Саъдӣ 1 \ 92 ва Тафсири Бағавӣ 1 \ 228 ва ибни Касир 1 \ 549
199.Сипас аз он ҷое, (аз Арафот) ки оммаи мардум аз замони Иброҳим то имрӯз аз он боз мегарданд, бозгардед. Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳед, то гуноҳатонро биёмӯрзад. Ба дурустӣ, ки Ӯ омӯрзандаи меҳрубон аст!
200.Чун ибодати худро пурра ба ҷой овардед, Аллоҳро бештар ёд кунед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед. Гурӯҳе аз мардум мақсадашон дунё аст фақат, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё чизе бидеҳ: аз саломатӣ, мол ва фарзанд». Инҳоро дар охират насибе нест.
201.Ва баъзе аз мардум (гурӯҳи мӯъминон) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё тандурустӣ, ризқ, илми нафъовар, зани солеҳа ва амали шоиста ва ғайра аз умури дину дунё ва дар охират ҷаннататро бидеҳ ва аз азоби дӯзахат моро нигоҳ дор». (1)
____________________
1. Дар "Саҳеҳ"- и Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки бештари дуъои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин буд. Ин дуъо ҳамаи хайри дунёву охиратро дарбар мегирад..Тафсири Саъдӣ 1 \92
202. Инҳо (муъминони дуъоҷӯ) аз он чӣ хостаанд, ба сабаби амалҳои шоистаашон ба савоби бузурге баҳраманд мешаванд. Ва Аллоҳ амалҳои бандагонашро зуд ба ҳисобгирандааст.
203. Аллоҳро дар рӯзҳои бошумор яъне, айёми ташриқ: рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва сенздаҳуми даҳаи моҳи зулҳиҷҷа ёд кунед. Ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад ва аз Мино қабл аз ғуруби офтоби рӯзи дувоздаҳум, баъд аз рамйи ҷимор (1) гуноҳе бар вай нест; ва ҳар кӣ таъхир кунад, шаб бимонад дар Мино ва рӯзи сенздаҳум рамйи ҷимор кунад, пас гуноҳе нест мар касеро, ки дар ҳаҷи худ тақворо пешаи худ гирифт. Лекин таъхир кардан афзалтар аст. Зеро он тӯшаест дар ибодат ва иқтидо ба феъли Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Аз Аллоҳ битарсед, эй мусалмонон, ва дар амалҳои хеш муроқибат намоед ва бидонед, ки барои ҳисобу ҷазо ҳамагон ба пешгоҳи Ӯ гирд меоед! (2)
____________________
1. Бо санг задани шайтон дар ҷои махсус, дар Мино 2. Тафсири Саъдӣ 1/93
204. Баъзе аз мардум, (аз мунофиқон) касе ҳаст, ки сухани ӯ робита ба зиндагии ин дунёро дорад на охиратро, туро, эй Муҳаммад, дар тааҷҷуб меорад ва ӯ бо қасами худ баён медорад. Бар он чи дар дилаш аз муҳаббати ислом ва Аллоҳ ҳаст, гувоҳ меорад. Балки ҷуръат карда бо сухани дурӯғ ба Аллоҳ гувоҳии бар ҳақ медиҳад, ҳол он ки ӯ аз сахттарин душманони ислом ва мусалмонон аст. (1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/562, 563
205. Ва чун аз пеши ту, эй Муҳаммад, бозгардад, дар замин бишитобад, фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоёнро нобуд созад ва Аллоҳ табоҳкориро дӯст надорад!
206.    Ва чун ба он мунофиқи фасодкор гӯянд, ки аз Аллоҳ битарс ва аз азоби Ӯ ҳазар кун, дар рӯи замин фасод макун. Насиҳатро қабул намекунад, балки ӯро кибр ва одати ҷоҳилият ба гуноҳ мебарад. Пас ҷаҳаннам ӯро басандааст; ва ҳамоно он бад ҷоест! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/236
207.   Баъзе аз мардум барои ҷӯстани хушнудии Аллоҳ ҷони хешро дар роҳи Ӯ ва баҷо овардани тоъаташ фидо мекунанд. Аллоҳ бар ин бандагон меҳрубон аст ва бо зудӣ ва бо мӯҳлат бандагони мӯъминашро дар раҳматаш қарор медиҳад ва беҳтарин мукофотро ба онҳо ато мекунад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/94
208.   Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад,
ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ӯ амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ӯ душмани ошкори шумост, пас аз ӯ ҳазар кунед! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/240 ва Тафсири ибни Касир 1/566
209.   Ва агар иштибоҳ кардед ва муртакиби гуноҳ шудед, пас аз ин ки далелҳои ошкор (аз илму яқин) (1) пеши шумо омад ва боварӣ ҳосил кардед, пас бидонед, ки Аллоҳ азиз аст дар мулки худ ва ҳаким аст дар амру наҳйяш ва ҳар чизеро дар ҷои муносибаш мегузорад.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/94
210.    Оё ин фасодкорон ва пайравони роҳҳои шайтон баъди барпо шудани далелҳои равшан мунтазири он ҳастанд, ки рӯзи қиёмат Аллоҳ бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва миёни бандагонаш ба адл ҳукм намояд ва кор ба анҷом расонида шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бармегарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/94
211.    Эй Муҳаммад, аз бани Исроил бипурс, ки касоне, ки ба сӯи ту саркашӣ мекунанд, чӣ нишонаҳои равшане дар китобҳояшон ба онҳо додем, ки онҳоро ба сӯи ҳақ роҳнамоӣ мекунад пас ба тамоми онҳо кофир шуданд ва аз он рӯй тофтанд ва оёти Ӯро тағйир доданд. Ҳар кас,
ки неъматеро, (1) ки Аллоҳ ба ӯ ато кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки уқубати Ӯ сахт аст! (2)
____________________
1. Дин 2. Тафсири Саъдӣ 1/95
212.   Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм
ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мӯъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дӯзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/95
213.    Мардум як уммат буданд ва имон ба Аллоҳ доштанд баъд аз он дар динашон ихтилоф карданд, пас Аллоҳ паёмбарони хушхабардиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва касе, ки Аллоҳро итоъат кунад, дохили биҳишт шавад ва касе ба Аллоҳ кофир шавад ва Ӯро
нофармонбардорӣ кунад, дохили дӯзах шавад. Ва Аллоҳ бар паёмбарон китобҳои барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале дар амри Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ихтилоф накарданд, магар касоне, ки ба онҳо китоби Таврот нозил шуда буд ва ихтилофашон ба сабаби зулм ва ҳасадашон буд.
Аҳли китоб он чиро ки дар китобашон нозил шуда буд (аз ҳуҷҷатҳо ва аҳком), медонистанд. Пас Аллоҳ ба раҳмати худ мӯъминонро ба он ҳақиқате, ки дар он ихтилоф карданд, роҳ намуд. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 4\287 ва Тафсири Бағавӣ 1\244 ва Тафсири Саъдӣ 1 \ 95
214. Эй муъминон оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанӯз он чи ба мӯъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалӣ, касалӣ, тарс ва бим.) (1) Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мӯъминоне, ки ҳамроҳи ӯ буданд, барои зудтар омадани ёрии Аллоҳ мегуфтанд: "Ерии Аллоҳ кай хоҳад расид". Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/96
215. Эй Муҳаммад, саҳобагон аз ту мепурсанд, ки аз кадом навъи молҳояшон нафақа кунанд? Ба онҳо бигӯ: Нафақа кунед аз моли поки ҳалоли худ. Аввал нафақаи худ барои падару модар
ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Аллоҳ ба он огоҳ аст».
216. Аллоҳ бар шумо эй мӯъминон ҷанг бо куффорро фарз гардонд. Вале ҷанг дар табиати шумо нописандида аст; (аз сабаби машаққат ва бисёр хатарнок буданаш)(1).
Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад чӣ беҳтар аст барои шумо ва ҳол он ки шумо онро намедонед!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/96
217. Мушрикон туро, эй Паёмбар, аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: Ҷанг кардан дар он моҳ (1) гуноҳи бузурге аст. Аммо кофир шуданатон ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ ва динаш ва боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани Паёмбар
ва муҳоҷирон аз он ҷо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузургтар аст ва фитна кардан аз қатл бузурггар аст. Онҳо ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо касе онҳоро, итоъат кард ва аз дини худ бозгашт ва кофир бимирад, амалҳояш дар дунё ва охират нобуд шуда, ҷовидона дар ҷаҳаннам боқӣ бимонад!
____________________
1. Яъне, хун рехтан ва манъ карданатон мардумро ба даромадани ислом бо азобу шиканҷаҳо. Тафсири Саъдӣ 1\97
218. Касоне, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва Расули Ӯ ва ба дастури Ӯ амал карданд ва онон, ки диёри худро тарк кардаанд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намуданд, ба раҳмати Аллоҳ умедворанд ва Аллоҳ омӯрзандааст бандагони мӯъминашро ва ба онҳо меҳрубон аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 4/317
219.  Эй Паёмбар, туро мусалмонон аз шароб ва хариду фурӯши он ва аз ҳар чизе ки хӯрданӣ ё нӯшокии масткунанда аст ва ақлро мепӯшонад ва аз ҳукми қимор мепурсанд. Бигӯ: Дар онҳо зарар ва фасоди бисёрест; (дар дин, дунё, ақл ва молҳо) ва дар он фоидаҳоест барои мардум, аз ҷиҳати касб кардани молҳо ва ғайраҳо.
Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст, зеро аз зикри Аллоҳ ва намоз боз медорад ва душманию бадбиниро байни мардум воқеъ мекунад ва молро нобуд месозад. Ва аз ту мепурсанд: чӣ қадар нафақа кунанд? Бигӯ: Он чи ки аз ҳоҷати зарурӣ зиёд аст. Аллоҳ оёт ва шариъати худро инчунин барои шумо равшан баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/98
220.  Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигӯ: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣ дар хӯрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст!
221. Занони мушрикаро то имон наёваранд, ба занӣ магиред, ва бидонед, ки канизи мӯъминае, ки ӯро на мол асту на шараф, беҳтар аз зани озоди мушрика аст, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Ва ба мардони мушрик зани мӯъминаро (хоҳ озод ё гулом бошад) надиҳед, то ин ки имон ба Аллоҳ ва Расули Ӯ биёваранд. Ва бидонед гуломи мӯъмин бо камбағалиаш беҳтар аст аз марди озоди мушрик, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Инҳо занон ва мардони мушрик дар гуфтор ва кирдор ва ҳолоти худ мардумро ба ҷаҳаннам даъват мекунанд.
Пас ҳамзистӣ ва омезиш бо онҳо хатарнок аст ва он хатари дунявӣ нест, балки бадбахтӣ ва шақовати ҳамешагӣ аст. Ва Аллоҳ бандагонашро барои ба даст овардани биҳишт ва омӯрзиши хеш фаро мехонад. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, зарур аст, ки бияндешанд!
222.   Ва туро аз ҳайзи занон (1) мепурсанд. Ба онҳо бигу эй Паёмбар: ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ бигиред ва ба онҳо наздик машавед то хунашон боз истад. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Аллоҳ фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед.(2) Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки ҳамеша аз гуноҳонашон тавба мекунанд, дӯст дорад ва касонеро дӯст медорад, ки худро аз гуноҳон дур ва пок мегардонанд!
____________________
1.Ва он хунест, ки аз раҳми занон табиатан дар вақтҳои махсус равон
мешавад.
2. Яъне аз пеш на аз пушт.
223.   Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас ҳар тавре ки дӯст доред, бо занонатон алоқа кунед, (аммо алоқа дар ҷое, ки Аллоҳ ҳалол фармудааст, яъне ҷое, ки фарзанд ба дунё меояд.) Ва бо ба ҷо овардани корҳои хуб ба Аллоҳ наздикӣ ҷӯед.(1) Ва дар ҳамаи ҳолат аз Аллоҳ битарсед. Ва бидонед, ки ҳатман шумо Ӯ таъолоро хоҳед дид. Ва мӯъминонро мужда деҳ аз чизҳое, ки онҳоро дар охират хурсанд мекунанд.
____________________
1. Аз ҷумлаи ин корҳо ин аст, ки мард бо занаш барои наздикӣ ба Аллоҳ ва
бисёр кардани насл ва ба вуҷуд омадани фарзандони солеҳ, ки мояи хайр ва баракати ҷомеъа аст, алоқа кунад. Тафсири Саъдӣ 1 \100.
224.  Аллоҳро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то бо ин баҳона аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, Яъне, набояд қасамҳои онҳо монеъи барои анҷоми корҳои хуб ва парҳез аз корҳои бад ва ислоҳи байни мардум бошад. Пас бо ин баҳона ҳуҷҷат меоваред, ки бо Аллоҳ қасам хурдаед, ки онро иҷро намекунед. Балки қасамхӯранда корҳои хуб анҷом диҳад ва бар қасами хӯрдааш кафорат диҳад ва ин амалро одати худ нагардонад, ки Аллоҳ суханони шуморо мешунавад ва ба аҳволи шумо доност.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\100
225.  Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудае, ки бар забонатон меояд, ҷазо намедиҳад, балки шуморо ба он чи дилҳоятон қасд кардааст, ҷазо медиҳад. Аллоҳ омӯрзандааст он касеро, ки тавба кардааст ва пурбардор аст, зуд ба ҷазо намегирад касонеро, ки нофармонбардории Ӯ мекунанд.
226.  Барои касоне, ки савганд мехӯранд, ки бо занони хеш ҳамбистарӣ намекунанд,
бояд чор моҳ интизорӣ бикашанд. Пас агар қабл аз чор моҳ боз оянд, Аллоҳ гуноҳашонро омӯрзандааст ва ба онҳо меҳрубон аст.
227.   Ва агар қасди талоқ карданд, бо баҳонаи қасам хурдан ва тарки ҷимоъ карданашон Аллоҳ ба суханонашон шунаво ва ба мақсадҳояшон доност ва онҳоро бар ин кирдорашон ҷазо медиҳад!
228.   Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан, аз шавҳар кардан бозистанд. Зеро бидонанд, ки дар раҳми ӯ фарзанде нест. Барои зан раво нест, ки дар ин муддат ба шавҳар барояд, то замоне, ки идда(1) ба поён нарасад. Ва агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Аллоҳ дар раҳми онон офаридааст, ё дар ҳолати ҳайз ҳастанд, пинҳон доранд. Ва шавҳаронашон агар қасди ислоҳ доранд, ба бозгардондани онҳо дар ин муддат сазовортаранд.
Ва барои занон ҳаққест (2) ва ҳамчунон ки мардон бар занон ҳаққе доранд, ки бояд ба таври шоиста адо намоянд. Ва мардон бар занон дараҷаи бартарӣ доранд аз сӯҳбати нек, зиндагии хуб, сарварӣ дар хона ва соҳиби талоқ ҳастанд. Аллоҳи бузург дорои иззату қаҳр аст ва ҳаким аст, ҳар чизеро дар ҷои муносиби худ мегузорад.
____________________
1. Яъне, се моҳ интизори мекашад, то аз се ҳайз пок шавад. 2. Яъне, мардон бояд адо бикунанд ба монанди нафақа, пӯшок, муъошират, хона. Тафсири Саъдӣ 1 \ 101
229.   Талоқ ду бор аст. (1) Аллоҳ ҳукм мекунад, пас аз ҳар талоқ, метавонад мард занро ба зиндагии хуби заношуӣ бозгардонад, ё ба некӣ раҳо кунад. Ва эй шавҳарон, барои шумо ҳалол нест, ки аз он чи барояшон додаед, (аз маҳр) боз пас бигиред, магар ин ки ду тараф битарсанд, ки натавонанд ҳудуди Аллоҳро бар по доранд. Дар ин ҳолат амрашонро ба сарпарастони худ пешкаш менамоянд. Пас агар сарпарастон тарсиданд, ки он ду натавонанд ҳудуди Аллоҳро барпо доранд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан дар муқобили талаби талоқаш фидя ва ивазе бипардозад. Ин ҳудуди Илоҳӣ аст, ки ҷудо мекунад байни ҳалолу ҳаром. Пас аз он таҷовуз накунед ва касе аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз кунад, пас онҳо ситамкоранд.
____________________
1. Яъне талоқест, ки мард метавонад бо зани худ дубора зиндагӣ кунад. (Барои донистани ин масъала ба китобҳои фиқҳ назар кунед!) Тафсири Саъдӣ 1\ 102
230.  Пас агар боз занро талоқ дод, (яъне талоқи сеюм) дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марди дигаре дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад ва на ба нияти ҳалол кардани зан барои шавҳари аввалааш), ва ҳар гоҳ он марди дигар занро талоқ диҳад, ё шавҳари зан бимирад ва иддааш ба охир расад, пас бар ӯ гуноҳе нест, ки бар шавҳари аввалааш ба никоҳи нав бозгардад, агар медонанд, ки ҳудуди Аллоҳро риоят мекунанд, бозгашташонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд ва онҳоро барои мардуме, ки аҳком ва ҳудуди Ӯро медонанд, баён медорад.
231.  Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ наздик шуданд, пас ё онҳоро ба хубӣ нигоҳ доред ва ё ба хубӣ раҳо кунед ва ҳаргиз онҳоро барои озор ва зиён расондан нигоҳ надоред, то аз ҳад таҷовуз кунед ва ҳар касе чунин кунад, бар худ ситам кардааст. Ва оёт
ва фармудаҳои Аллоҳро ба тамасхур ва бозӣ нагиред, зеро дар ин коратон аз ҳалол гузашта вориди ҳаром мешавед. Ва неъматҳои Аллоҳро шукр кунед ва он чи аз Китоб ва Суннат барои шумо нозил кардааст ва шуморо ба он панд медиҳад, ба ёд оваред ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар чизе доност.
232.  Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ расиданд, онҳоро аз ин, ки ба шавҳарони (қаблии) худ издивоҷ кунанд манъ накунед. (Яъне шавҳараш хост бо ӯ издивоҷ кунад(1) ва зан ҳам мувофиқат кунад, барои сарпарасти зан аз тарафи падар ва ғайра ҷоиз нест, ки ба сабаби хашмгин будан бар шавҳар занро аз издивоҷ бо ӯ манъ кунанд.) Ин ҳамон чизе аст, ки ҳар кас аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад, ба он панд дода мешавад. Он бароятон поктар ва беҳтар аст. Ва Аллоҳ медонад дар чи ҳаст некбахтии шумо ва шумо онро намедонед.
____________________
1. Зиндагӣ ба сар барад.
233.   Модарон бояд фарзандони худро ду соли комил шир диҳанд, ин барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро комил кунад. Ва бар касе, ки фарзанд барои ӯ таваллуд шудааст, (падар) лозим аст хӯрок ва пӯшоки модаронро ба таври шоиста (яъне тибқи шариъат ва урфият) фароҳам кунад, зеро Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ вазифадор намекунад. Ҳеҷ модар набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва ҳеҷ падаре низ набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад. Ва бар вориси фарзанд чунин чиз (нафақа) лозим аст. Ва агар падар ва модар бо ризоят ва машварати ҳамдигар хостанд фарзандро аз шир ҷудо кунанд, гуноҳе бар онҳо нест ва агар хостед дояи ширдиҳие барои фарзандони худ бигиред, гуноҳе бар шумо нест, ба шарте, ин ки он чиро ки аҳд кардед, пардохт кунед ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ ба он чи мекунед, доност.
234. Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки занон чор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд ва бояд аз хонаи шавҳарашон берун наоянд ва худро зиннат надиҳанд ва ба шавҳар набароянд ва чун иддаи худро ба поён расонданд бар шумо гуноҳе нест -эй сарпарастони занҳо- дар он чи ки онҳо мувофиқи шариъат дар бораи худ анҷом диҳанд (яъне ба шавҳар баромадан).
Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/279
235. Ва барои шумо гуноҳе нест, -эй мардон- ки ба таври киноя аз занон хостгорӣ кунед ва ё дар дилҳоятон ба занӣ гирифтани онҳоро пинҳон намоед, Аллоҳ медонад, ки шумо ҳаргиз бо хомӯш нишастанатон аз онҳо сабр натавонед кард, балки онҳоро ёд мекунед,
Аз ҳамин сабаб ёд кардани онҳоро ба таври киноя ва пинҳон доштан дар худ мубоҳ гардонд, вале ба онҳо ваъдаи пинҳонӣ надиҳед, (монанди зино ё гуфтугу кардан барои хонадорӣ дар айёми иддаашон,) магар ин ки сухани некӯ бигуед ва тасмим ба ақди никоҳ нагиред, то вақте ки идда ба поён расад ва бидонед, ки Аллоҳ медонад он чиро ки дар дилатон ҳаст. Пас аз Ӯ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ омӯрзгор аст ба касоне, ки аз гуноҳи худ тавба мекунанд ва меҳрубон аст, зуд ба ҷазои бад намегирад.
236. Бар шумо - эй гурӯҳи шавҳарон - гуноҳе нест, ки занонро пеш аз ҳамхобӣ ва пеш аз таъини маҳрия талоқ диҳед, (гарчи ин кор боиси паст шудани шахсияти зан мегардад, аммо бо додани маҳр ҷуброн мешавад). Пас бар шумо лозим аст, ки чизе бидиҳед, то ранҷиши хотирашон ҷуброн шавад. Бар тавонгар ба андозаи тавоноиаш ва бар фақир ба андозаи тоқаташ. Ин корест шоистаи некӯкорон. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/105
237. Агар занонро пеш аз ин ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунед, талоқ додед, дар ҳоле ки барои онҳо маҳр таъйин кардед, пас нисфи он маҳри таъйин шударо бидиҳед, магар ин ки онро ба шумо бубахшанд ё касе, ки ақди издивоҷ дар дасти ӯст, онро бубахшад, Пас Аллоҳи мутаъол ба бахшидан ташвиқ намуд ва баён кард ки бахшидан ба парҳезгорӣ наздиктараст ва аломати некӯкорист.
Ва некӯкорӣ аълотарин рутбаест дар муомилот.
Ва - эй мардум - некӯкориро дар миёни худ фаромӯш накунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, биност ва шуморо дар кори хуб тарғиб менамояд.
238. Аллоҳ фармон медиҳад, то бар адои намозҳо давомат шавад ва бар адои намози вусто, (ки намози аср аст) муҳофизат шавад.(1)
ва дар намозатон барои Аллоҳ фармонбардор ва дар ҳолати хушӯъ бошед.
____________________
1. Муҳофизат бар намоз, яъне адо кардани он дар вақташ бо шартҳо ва арконҳояш ва воҷиботаш мебошад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 106
239. Ва агар аз душманонатон тарсидед, пас дар ин сурат пиёда ё дар ҳоле ки бар асп ва соири савораҳо ҳастед, намоз бихонед.(1) Пас, ҳар вақте ки тарс аз шумо дур шуд, намозро бо оромиш хонед. Ва Аллоҳро дар он ёд кунед ва онро аз ҳайати аслиаш кам накунед ва шукри Ӯро ба ҷо оред, бинобар он чизҳое, ки шуморо таълим дод аз ибодатҳо ва аҳком, ки шумо намедонистед.
____________________
1. Ва дар ин ҳолат бар намозгузор лозим нест, ки рӯяш ҳатман ба сӯи қибла бошад, чун дар ҳолатм савора будан ин кор мушкил аст Тафсири Саъдӣ 1 \ 106
240. Ва касоне аз шумо мемиранд ва занонеро бар ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки ворисони шавҳар онҳоро то як сол кумак кунанд ва онҳоро аз хона берун накунанд ва агар худашон берун рафтанд, пас дар он чи онҳо ба таври шоиста дар бораи худ анҷом медиҳанд, гуноҳе бар шумо нест,(1) Аллоҳ азизу ҳаким аст.
____________________
1. Бисёре аз муфассирин бар ин боваранд, ки ин ояти карима ба ояте, ки пеш аз он омадааст, мансух шудааст. Бинобар гуфтаи Аллоҳ: (Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки (занон) чор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 106
241. Ва талоқшудагонро тибқи шариъат, ба пӯшок ва нафақаи хуб баҳраманд сохтан лозим аст, онҳо касонеанд, ки аз Аллоҳи худ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд.
242. Ҳамчунин Аллоҳ аҳкоми худро дар бораи фарзандон ва занон равшан баён медорад. Ҳадаф аз баёни он барои бандагон ин аст, ки онро бифаҳманд ва дар он бияндешанд ва ба он амал намоянд.
243. Эй Расул, оё ин қиссаи аҷибро, ки барои гузаштагони шумо пеш омад, нашунидаӣ? Он гоҳ, ки вабо (бемории сирояткунанда ва паҳншаванда) сарзамини онҳоро фаро гирифт, онҳо ҳазорон нафар буданд, барои ин ки аз дасти марг фирор кунанд, аз сарзамини худ берун рафтанд, аммо фирор онҳоро наҷот надод ва натавонист, чизеро ки аз вуқуъи он метарсиданд, аз онҳо дур намояд. Ва Аллоҳ бар хилофи мақсудашон
бо онҳо бархӯрд кард ва ҳамаро ҳалок гардонд. Баъд аз муддате Аллоҳ онҳоро ба сабаби фазл ва эҳсони худ зинда гардонид, то ин ки умри худро давом диҳанд ва ибрат гирифта бо тавба бозгарданд. Ва онҳо мебоист шукри неъматҳои Илоҳиро баҷо оваранд, вале бештарашон дар анҷоми фаризаи шукргузорӣ кӯтоҳӣ варзиданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/106
244. Эй мусалмонон, барои нусрати дини Аллоҳ дар роҳи Аллоҳ бо кофирон биҷангед ва бидонед, ки Аллоҳ ба суханони шумо шунаво ва ба ният ва амалҳои шумо доност!
245. Кист ба Аллоҳ қарзи некӯ диҳад. Ва Аллоҳ ба ӯ ваъда додааст, ки подоши ӯро чандин баробар намояд!? Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад зиёд, ё кам мекунад. Пас тарс аз фақр набояд монеъи нафақа шавад ва одамӣ набояд гумон барад, ки амволеро, ки нафақа намуда зоеъ гардондааст, балки бозгашти ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ аст.
Ва нафақакунандагон ва амалкунандагон муздашонро назди Аллоҳ меёбанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/107
246. Оё аз қиссаи бузургони бани Исроил, пас аз Мӯсо хабар наёфтӣ, он гоҳ, ки ба паёмбари худашон гуфтанд: "Барои мо подшоҳе барпо кун, то дар роҳи Аллоҳ бо душманон ҷанг кунем". Паёмбарашон гуфт: "Шояд агар ҷангидан бар шумо фарз гардад, ҷанг накунед, зеро ки ман пай мебарам аз тарс ва гурехтани шумо дар ҷанг". Гуфтанд: "Чаро дар роҳи Аллоҳ ҷанг накунем, дар ҳоле ки аз сарзамин ва фарзандонамон берун ронда шудаем?". Пас вақте ҷанг бар онҳо фарз шуд, тарсида аз ҷанг гурехтанд ва рӯй бартофтанд, магар андаке аз онҳо дар ҷанг устувор истод ва Аллоҳ ба ситамкорони аҳдшикан доност.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/107
247. Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ бинобар дархостатон Толутро ба подшоҳии шумо фиристодааст, то дар ҷанг шуморо дар муқобили душманатон роҳнамоӣ кунад". Гуфтанд: "Чи гуна ӯ фармонравоии мо бошад, дар ҳоле ки мо аз ӯ ба подшоҳӣ сазовортарем ва ба ӯ моли фаровоне дода нашудааст?". Паёмбарашон гуфт: "Ҳамон Аллоҳ ӯро бар шумо бартарӣ дода ва дар ҷисму дониш бар шумо бартарӣ бахшидааст ва Ӯ дар корҳои бандагонаш доност ва подшоҳии худро ба ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазлу неъмат ва ба ҳамаи корҳо доност ва аз Ӯ чизе пинҳон намемонад".
248. Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, ки ба шумо сандуқе меояд, ва ин сандуқ ба дасти душманон афтода буд. Дар он Таврот ва оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст, монанди асо ва пораҳое аз Таврот, ки фариштагон онро мебардоранд.
Ин барои шумо ибратест. Агар мӯъмин бошед, Толутро ба амри Аллоҳ ба подшоҳӣ ихтиёр кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1\300 ва Тафсири Ибни Касир 1\667
249. Ва ҳангоме ки Толут бо лашкаронаш аз шаҳр берун омад, гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ шуморо бо ҷӯе озмоиш мекунад, пас ҳар кас аз он ҷӯй бинӯшад аз ман нест ва ӯ осӣ аст, дар ҷиҳод ҳамроҳи ман тоқат карда наметавонад ва ҳар кас аз он нанӯшад, аз ман аст, зеро ӯ фармонбардори амри ман ва лаёқат ба ҷиҳод шуда метавонад, магар касе, ки кафе аз он бо дасти худ бардорад, иҷозат дода мешавад". Пас, вақте ки ба он ҷӯй расиданд, бесабрӣ карда ҳама об нӯшиданд, магар каме аз онҳо бар ташнагӣ ва гармӣ сабр карданд ва ба нӯшидани як каф об кифоят карданд. Ин ҳангом осиён аз ҷиҳод ақибнишинӣ карданд. Ва он гоҳ ки Толут ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳи ӯ аз ҷӯй гузаштанд, ва гуфтанд: "Имрӯз моро ба муқобили Ҷолут ва лашкарҳои ӯ тавоноие нест аз сабаби бисёрии лашкари душман". Касоне, ки бовар доштанд, Аллоҳро мулоқот хоҳанд кард ва ба бародаронашон мегуфтанд: "Чи басо гурӯҳи андаке ба изни Аллоҳ бар гурӯҳи зиёде
ғолиб шавад ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст".(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/108
250. Чун мӯъминон бо Ҷолут ва лашкарони мушрикаш рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бидеҳу моро собитқадам гардон ва моро бо мададат бар кофирон пирӯз гардон!»
251. Пас ба хости Аллоҳ онҳоро шикаст доданд ва Довуд (алайҳиссалом) Ҷолут сарвари золимонро бикушт ва Аллоҳ ба Довуд (алайҳиссалом) подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмухт. Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардум яъне, ахди маъсият ва ширкро ба сабаби баъзе дигар яъне, аҳли тоъат ва имон дафъ намекард, замин фасод мешуд, вале Аллоҳ бар муъминон лутф намуда ва бар асоси дину шариъате, ки барои онон таъин кардааст, аз онҳо ва аз динашон дифоъ менамояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/307
252. Инҳо аст оётҳои Аллоҳ, ки ба ростӣ бар ту эй Муҳаммад мехонем. Ва ба дурустӣ, ки ту аз паёмбарон ҳастӣ!
253.Баъзе аз ин паёмбарони гиромиқадрро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Аллоҳ бо баъзе сухан(1) гуфт. (ба монанди Мӯсо ва Муҳаммад алайҳиссалом.)
Ва Аллоҳ баъзеро ба дараҷоте олӣ боло кард. (Ба монанди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки рисолати вай барои ҳамаи мардум ва хотами паёмбарон аст ва умматашро бар тамоми умматҳои гузашта бузург гардонд ва ғайра.)
Ва ба Исо писари Марям муъҷизаҳо додем.(2) Ва Аллоҳ ӯро ба василаи Руҳулқуддус, яъне руҳи имон ёрӣ намуд. Ва агар Аллоҳ мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар ҷанг намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд. Пас баъзе муъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Аллоҳ мехост, бо ҳамдигар ҷанг намекарданд. Аммо Аллоҳ он чӣ бихоҳад анҷом медиҳад. (3)
____________________
1. Ва дар ин оят исботи сифати каломи Аллоҳ аст, ки лоиқ ба бузурши Ӯст.
2. Ба монанди бино гардондани кӯри модарзод ва шифо додани шахси мубтало ба бемории песӣ ва зиндагардондани мурдаро ба амри Адлоҳ.
3.Тафсири Саъдӣ 1 \ 109
254. Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рузӣ (закоти фарзшуда) додаем, садақа кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.
____________________
1. Алдоҳ ба онҳо хабар медиҳад молҳоеро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд пеши Аллоҳ меёбанд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 110
255. Маъбуди ба ҳаққе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, зиндаву пойдор аст. Пинак ва хоб Ӯро фаро намегирад, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст, кист, ки назди Ӯ шафоъат кунад, магар бо изни Ӯ? Гузашта ва ояндаи эшонро медонад ва аз илми Ӯ огоҳ намеёбанд ва ба дониши Ӯ иҳота пайдо нахоҳанд кард, магар он миқдор, ки Ӯ бихоҳад, Курсии(1), Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва нигохдории онҳо барои Ӯ гарон несг ва Ӯ баландмартабаи Бузургвор асг.(2)
____________________
1. Яъне, мавзеъи ду қадами Парвардигор аст ва чи гуна будани онро ҳеҷ кас надонад ба ҷуз худи Ӯ. 2. Ин оят бузургтарин оятест дар Қуръон ва онро Оятулкурсӣ меноманд. Тафсири Саъдӣ 1\ 110
256. Дар дин маҷбурӣ нест. Ба ростӣ ки ҳидоят аз гумроҳӣ ҷудо шудааст. Пас ҳар касе, ки ба тоғут(1) куфр варзад ва ба Аллоҳ имон биёварад, ба ростӣ ки ба дастовези маҳкаме (дини ислом) чанг задааст, ки канда шуданӣ нест ва Аллоҳ суханони бандагонашро мешунавад ва аз афъол ва нияташон огоҳ аст. (2)
____________________
1. Яъне, ба ҳар чизе ки ғайри Аллоҳро парастиш карда мешавад. 2. Тафсири Саъдӣ 1\ 110 ва Ибни Касир 1\684
257. Аллоҳ сарпараст ва корсози мӯъминон аст ононро (ба нусрат, тавфиқ ва ҳифзи худ) аз торикиҳо ба сӯи нур (яъне имон, илм, ва тоъат) берун мебарад ва касоне, ки куфр варзидаанд, парастандагони тоғутанд, ки ононро аз рӯшноии имон ба сӯи торикиҳо (яъне куфр, ҷаҳл ва маъсият) мекашонанд. Онҳо аҳли дӯзаханд ва дар он ҷовидона хоҳанд буд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 111, Ибни Касир 1\685 ва Бағавӣ 1\315
258. Эй Расул, оё аз ҳоли касе, ки Аллоҳ ба ӯ подшоҳӣ бахшида буд ва бо Иброҳим дар мавриди тавҳид ва рубубияти Парвардигораш муҷодала кард, хабар дорӣ? Чун аз Иброҳим суол кард, Парвардигори ту кист?
Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: Парвардигори ман зоте аст, ки танҳо Ӯ меофарад ва тадбир менамояд ва зинда гардонидан ва миронидан танҳо аз они Ӯст. Гуфт: "Ман низ зинда мегардонам ва мемиронам(1) Иброҳим гуфт: "Аллоҳ хуршедро аз машриқ бар меоварад ва оё метавонӣ ту онро аз мағриб бароварӣ". Пас касе, ки куфр варзида буд ҳайрон шуд ва ҳуҷҷаташ барбод рафт. Аллоҳ қавми ситамкорро ба роҳи ҳақ ҳидоят намекунад.
____________________
1. Яъне, мақсадаш ин буд, ки ман ҳар касро бихоҳам бикушам, мекушам ва ҳар касро бихоҳам зинда нигоҳ медорам.Тафсири Саъдӣ 1\ 111
259. Ё дидӣ ки монанди он кас, ки ба деҳе расид, деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Аллоҳ ин мурдагонро зинда кунад?» Аллоҳ ӯро ба муддати сад сол миронд ва харашро ҳам ҳамроҳи ӯ миронд ва хӯрок ва нӯшиданиро низ ба ҳамроҳ дошт, ки Аллоҳ хӯрок ва нӯшидании ӯро ба ҳамон ҳолат дар ин муддати тулонӣ нигоҳ дошт. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт; Як рӯз ё нисфе аз як рӯз дар ин ҳолат мондаам ва ин бар ҳасби гумони ӯ буд. Аллоҳ фармуд: Балки сад сол дар ин ҳолат мондаӣ. Ва фармуд ӯро ба хӯроку обат бингар, ки то ин муддат тағйир наёфтааст
ва ба харат бингар, ки тикка- тикка шуда ва пӯсидааст ва устухонҳояш рехта ҷудо шудаанд.(1) Мо мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем ва бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гушт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Аллоҳ бар ӯ ошкор шуд, иқрор карда гуфт: «Медонам, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/122
260. Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт: «Оё ҳанӯз имон наёвардаӣ?» Гуфт; Оре, эй Парвардигор! Ман имон дорам, ки ту бар ҳар чизе тавоно ҳастӣ ва мурдагонро зинда мегардонӣ ва бандагонро сазо ва ҷазо медиҳӣ, аммо мехоҳам дилам ором гирад ва ба ҳақиқати маҳз бирасам. Гуфт; «Чаҳор парранда бигир ва онҳоро бикуш ва пора-пора кун ва бо якдигар биёмез ва ҳар порае аз онҳоро бар кӯҳе бинеҳ. Пас онҳоро фарёд кун! Албатта шитобон назди ту меоянд. Ба Иброҳим ҳар паррандаеро ба номаш садо зад ва паррандагон бо шитоб ба сӯи ӯ омаданд. Ва бидон, ки Аллоҳ азиз аст, Ӯро чизе ғолиб омада наметавонад ва дар гуфтор, афъол, шариъат ва қазову қадараш бо ҳикмат аст».
261. Мисоли мӯъминоне, ки молҳояшонро дар роҳи Аллоҳ сарф мекунанд,(1) мисли донаест, дар замини пок кошта шуда ки ҳафт хӯша мерӯёнад ва дар ҳар хӯша сад дона аст ва Аллоҳ барои ҳар кас, ки бихоҳад савоби онро чанд баробар менамояд. Ва ин бар ҳасби имон ва ихлоси комил аст, ки дар қалби нафақакунанда қарор дорад ва Аллоҳ фарохнеъмат аст ва аз нияти бандагонаш бохабар аст.
____________________
1. Аз бузургтарин чизе, ки нафъаш ба мӯъминон мерасад, ин, сарф кардани мол дар роҳи Аллоҳ аст.
262. Онҳое, ки молҳои худро дар роҳи Аллоҳ ва дар дигар навъҳои хайр сарф мекунанд, пас аз хайри кардаашон бар касе миннат намекунанд ва неъматҳоро барнамешуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор намедиҳанд. Дар назди Парвардигорашон барояшон савоби бузургест. Ва дар охират бар онҳо тарс нест ва он чӣ аз дунё фавташон шуд, ғам нахоҳанд хӯрд.
263. Гуфтори некӯ ва бахшиш аз зулме, ки ба сухан ё ба феъл аст, аз садақаҳое, ки аз паи он озурда кардан бошад, беҳтар аст ва Аллоҳ аз садақаҳои бандагонаш бе ниёзу бурдбор аст, ки онҳоро тез ба азоб намегирад.
264. Эй касоне, ки имон овардед! Садақоти худро бо миннат ниҳодан ва озор расондан ботил накунед, ҳамчунин касе, ки молашро ба мақсади худнамоӣ ба мардум нафақа мекунад, то ки мардум ӯро мадҳу сано гӯянд ва ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон надорад, пас ӯ мисли санги соф ва бузургест, ки бар рӯи он хоке аст ва борони сахт бар он борида ва он хокро аз рӯи санг шуста бурд. Риёкорон низ аз он чӣ ба даст оварданд, дар назди Аллоҳ бар нафақаи кардаи худ чизеро аз савоб намеёбанд ва фоидае нагирифтанд. Аллоҳ кофиронро ба сӯи ҳақ ҳидоят намекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/113
265. Ва мисли касоне ки моли худро барои талаби ризои Аллоҳ, бинобар устувории эътиқоди худ нафақа мекунанд, монанди боғе аст, ки дар теппае қарор дорад ва бар он борони сахте биборад ва ду баробар мева диҳад ва агар борони сахт бар он наборад, борони сабуке (шабнам) кифоят кунад.(1) Ва Аллоҳ бар он чи мекунед ба зоҳир ва ботини шумо биност. Ва ҳар якро ба дараҷаи ихлосаш подош медиҳад.
____________________
1. Ҳамчунин аст нафақаҳое, ки аҳли ихлос мекунанд, дар назди Аллоҳ мақбул ва дучанд мешаванд, гарчанде кам ё бисёр бошад.Тафсири Бағавӣ 328
266. Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад ва зери он ҷӯйборҳо оби ширин равон бошад ва ӯро дар он боғ аз ҳар гуна меваҳо бошад ва дар ҳоле, ки пирӣ ӯро фаро гирад ва наметавонад ин гуна боғдорӣ кунад ва фарзандони заъиф ва нотавон дорад, наметавонанд ӯро ёрӣ кунанд. Ногаҳон гирдбоде, ки оташе дар он аст, бар он бивазад ва боғ бисӯзад?(1) Инчунин Аллоҳ оётро барои шумо баён мекунад, то биандешед.
____________________
1.Ин мисоли касест, ки амалеро барои ризоияти Аллоҳ анҷом надод, монанди соҳиби боғ аст, ки дар вақти эҳтиёҷмандӣ чунин чизе барои ӯ пеш ояд. Тафсири Бағавӣ 1\329
267. Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рӯёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипӯшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст.
268. Ин бахилӣ ва ихтиёр кардани садақаи пастсифат аз шайтон аст, ки шуморо бо тангдастӣ метарсонад ва ба бахилӣ ташвиқ менамояд ва ба гуноҳ амр мекунад. Аллоҳ шуморо ба омӯрзиши гуноҳоятон ва афзунӣ дар неъмат, ваъда медиҳад. Ва Аллоҳ фарохнеъмат аст ва ба аъмол ва ниятҳоятон доност!
269. Ҳикматро (1) ба касе, ки хоҳад, мебахшад ва ҳар кас, ки ҳикмат ба ӯ дода шавад, ба ростӣ, ки хайри бисёре ба ӯ дода шудааст. Ва ҳеҷ коре ҷуз бо ҳикмат анҷом намеёбад. Ва ҷуз хирадмандон касе панд намегиранд.
____________________
1. Яъне илми муфид, маърифати дуруст ва андешаи солим ва дурусткори дар гуфтор ва кирдор. Тафсири Бағавӣ 1 \ 334
270. Ва он чи аз мол ё ғайри он, кам ё бисёр дода шудед ва онро барои ризоияти Аллоҳ нафақа кунед ва ё назреро, ки ба гардан бигиред,
Аллоҳ онро медонад ва бинобар ниятҳоятон ба шумо савоб медиҳад ва касе, ки ҳаққи Аллоҳро манъ мекунад, вай ситамкор аст ва ситамкоронро мададгоре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро халос гардонанд.
271. Агар садақаҳоро ошкор кунед, кори хубе аст ва агар онҳоро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон (бенавоён, мискинон) бидиҳед, бароятон беҳтараст, зеро садақа ба сурати пинҳонӣ бар қуввати ихлос далолат менамояд ва Аллоҳ гуноҳонатонро мепӯшонад ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед огоҳ аст ва аз аҳволи шумо чизе бар Ӯ пинҳон намемонад ва ҳар якро мувофиқ ба амалаш ҷазое хоҳад дод.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/116
272. Ҳидоят ёфтани онҳо (яъне кофирон) бар ӯҳдаи ту эй Муҳаммад лозим нест, балки Аллоҳ ҳар касеро, ки хоҳад, ба сӯи динаш ҳидоят менамояд ва ҳар он чи нафақа кунед кам ё беш, хоҳ барои кофир бошад ё барои мусалмон, савоби он барои худатон бозгардандааст.
Ва мӯъминон нафақа намекунанд, магар барои талаби ризоияти Аллоҳ. Ва ҳар чи хуб ва неке, ки нафақа кунед, савоби он ба шумо пурра боз гардонда мешавад ва аз савоби шумо чизе кам карда намешавад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/116
273. (Ин садақот) барои камбағалони мусалмон аст, ки дар роҳи Аллоҳ бозмонданд ва наметавонанд дар замин сафар кунанд
ва шахси нодон онҳоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад, Онҳоро аз симояшон мешиносӣ, бо исрор (бардавом) аз мардум чизе намехоҳанд. Агар дар пурсидан маҷбур шаванд, бисёр тавалло намекунанд.
Ва ҳар чи дар роҳи Аллоҳ аз хубӣ нафақа кунед, Аллоҳ ба он доно аст ва рӯзи қиёмат мукофотатонро пурра хоҳед гирифт.
274. Касоне, ки шабу рӯз пинҳон ва ошкоро моли худро барои ризоияти Аллоҳ нафақа мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе дар охират бар онҳост ва дар дунё, аз он чи ки аз онҳо фавт шуд, андӯҳгин намешаванд. Дар нафақа кардан бар камбағалон каромат ва иззат аст ва покии моли сарватмандон аст ва бо якдигар мадад кардан ба некӯи ва тақво аст. Ин гуна фазлу бузургиро банда дар ризоияти Аллоҳ метавонад ёфт, на дар садақа кардан ба қаҳр ё маҷбурӣ.
275. Касоне, ки рибо (суд) мехӯранд аз қабр барнамехезанд, магар монанди касе, ки шайтон ӯро дучори девонагӣ кардааст, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Хариду фурӯш айнан монанди рибо аст" Аллоҳ онҳоро дурӯғ
баровард ва баён кард, Ӯ хариду фурӯшро ҳалол намуда ва риборо ҳаром кардааст. Зеро дар хариду фурӯш барои ҳар фард ва ҷамоъат манфиатест ва дар рибо зиён ва ҳалокӣ аст. Пас касе, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ даст кашид ва тавба кард он чи дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ бо Аллоҳ аст. Ва ҳар кас, ки бо рибохӯрӣ бозгардад, пас онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд.
276. Аллоҳ баракати риборо нобуд месозад ва садақотро афзоиш медиҳад ва савоби садақакунандагонро дучанд мегардонад ва
дар молҳояшон баракат ато мефармояд. Аллоҳ ҳалолшуморандаи хӯрдани рибо ва ҳар носипоси гунаҳкорро дӯст надорад.
277. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд ва намозро, чунон ки Аллоҳ ва Расул фармудаанд, барпо доштаанд ва закоти молашонро додаанд, барояшон савоби бузургест дар назди Парвардигорашон.
Ва онҳо дар охират бим надоранд ва дар дунё бар он чизе аз насибаи дунёии онҳо фавт шуд, ғамгин намешаванд!
278. (Сипас мӯъминонро хитоб кард ва ба онҳо фармуд:) Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардед ва пайрави Расули Ӯ ҳастед, аз Ӯ битарсед ва пасмондаи муомилаҳои рибоиро, ки пештар анҷом додаед, тарк кунед, агар шумо мӯъмини ҳақиқӣ бошед.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/716
279. Ва агар аз муомилаи рибоӣ даст накашидед, пас шумо ба мубориза бо Аллоҳ ва паёмбараш бархостаед. (1) Ва агар тавба кардед аз рибо, пас асли молҳоятон аз они шумо аст ва шумо ситам намекунед шахсеро, ки қарз додаед, то ки зиёда аз қарзатон бигиред ва бар шумо ситам карда намешавад аз тарафи қарзгирифташуда ба гирифтани асли молатон. (2)
____________________
1.Ва ин баёнгари авҷи зиштӣ ва қабоҳати бади рибо аст, ки ба ҷанги бо Аллоҳ ва паёмбараш фаро хондааст. 2. Тафсири Табарӣ 6/28
280. Ва агар қарздор, ки тангдаст буд ва наметавонист талабро бипардозад бар талабгор воҷиб аст, ки ӯро то замони ҳусули фарохӣ муҳлат бидиҳад ва бар қарздор воҷиб аст, ҳар гоҳ тавонист, қарзро бипардозад ва агар талабгор тамоми қарз ё қисми онро ба шахси қарздор бубахшад, барояшон беҳтараст, агар бузургии инро медонистанд.
281. Ва аз рӯзе битарсед эй мардум, ки он рӯз рӯзи қиёмат аст ва дар он рӯз ба сӯи Аллоҳ бозгардонда мешавед, сипас ҳар кас аз он чи касб кардааст, ба сурати комил дарёфт мекунад, агар нек бошад, нек аст ва бад бошад, бад аст ва бар онҳо ситам намешавад. (1)
____________________
1. Дар ин оят ишоратест бояд мӯъмин худро дур гирад аз он чи ки Аллоҳ онро ҳаром гардондааст аз касбҳои рибоӣ ва намозро барпо дорад ва закотро адо намояд ва амалҳои шоиста кунад.
282. Эй он касоне, ки имон овардаед! Агар ба ҳамдигар то муддати муайяне қарзе додед, онро бинависед (барои ҳифзи мол ва дафъи низоъ) ва бояд, ки онро нависандаи боинсоф бинависад. Ва ҳеҷ нависандае набояд ба хотири хешовандӣ ё ба хотири душманӣ аз навиштани он, он гуна ки Аллоҳ ба ӯ омӯхтааст, даст кашад, пас бояд бинависад ва касе, ки ҳақ бар ӯст (яъне қарзгиранда) имло кунад ва котиб аз Парвардигораш битарсад ва чизе аз он кам накунад, пас агар қарзгиранда шахси беақл ва нодон ё нотавон буд ё наметавонист имло кунад, бояд сарпарасти ӯ ба адлу инсоф имло кунад ва ду гувоҳ аз мардони мусалмони болиғу оқил аз аҳли адолат бигиред ва агар ду мард набуд, пас як мард ва ду зан аз гувоҳоне, ки меписандед, (сабабаш ин аст, ки) то агар яке аз он ду зан фаромӯш кард дигаре бо ӯ ёдоварӣ кунад. Ва ҳар гоҳе гувоҳон барои гувоҳӣ додан даъват шаванд, набояд рад кунанд ва аз навиштани қарз тибқи ваъдааш хоҳ кам бошад, ё зиёд хаста нашавед. Ин навиштан боинсофтарин ҳукм аст назди Аллоҳ ва дурусттарин роҳ барои гувоҳӣ додан ва қарибтар аз он аст, ки дучори шак нашавед, магар ин ки савдои нақдӣ бошад, ки дар миёни худ даст ба даст мекунед, пас дар ин сурат бар шумо гуноҳе нест, ки онро нанависед. (1) Ва чун хариду фурӯш кардед, бояд гувоҳ бигиред барои дафъи низоъ ва набояд нависанда ва шоҳид зиён бубинанд ва агар чунин коре кунед, аз фармони Аллоҳ сарпечӣ кардааед. Ва аз Аллоҳ битарсед ва Аллоҳ некии дунё ва охиратро ба шумо меомӯзад ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност.(2)
____________________
1. Гоҳе масъалаи китобати қарз бар ҳасби шароит воҷиб ва гоҳе мустаҳаб мешавад, ба ҳар ҳол навиштан авло аст, зеро инсон ба фаромӯшӣ наздик аст
2. Аллоҳи мутаъол бандагонашро дар ин оят ба ҳифзи ҳуқуқи яқдигар роҳнамоӣ кардааст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 118
283. Ва агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед, ё нависанда вуҷуд дошт, қоғаз ва қалам вуҷуд набуд, пас бояд чизе ба ивази навиштан ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро амин донист, ҳеҷ боке нест дар нанавиштан ва гувоҳ наоварданатон пас он кас ки амин дониста шуд бояд ки амонати худро адо кунад ва аз Парвардигораш битарсад.
Ва гувоҳиро пинҳон накунед ва ҳар кас ки онро пинҳон кунад, дилаш гунаҳгор аст ва Аллоҳ ба асрори шумо огоҳ аст ва ба он чи мекунед, доност. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/728
284. Он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ аст. Ва агар он чиро дар дил доред, ошкор кунед ё онро пинҳон намоед, Аллоҳ шуморо бар он ҳисоб мекунад. Пас ҳар касро, ки бихоҳад, меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад азоб медиҳад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. (1)
____________________
1. Аллоҳ бо фазлу раҳмати худ бандагонашро икром намудааст ва он чи дар дилҳо нигоҳ медоранд, то онро анҷом надиҳанд ё ба забон наёваранд, ба ҳисоб намегирад.
285. Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуд имон овард ва мӯъминон низ; ҳама ба Аллоҳ (ки Ӯ Парвардигор ва сазовори ибодат ва Ӯро номҳо ва сифатҳоест, ки лоиқ ба зот ва бузургии Ӯ ҳастанд) ва Фариштагон ва китобҳо
ва паёмбаронаш имон оварданд ва гуфтанд: байни ҳеҷ як паёмбарони Ӯ фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем каломатро ва итоъат кардем амратро. Парвардигоро! Омӯрзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи туст.
286.(Дини Аллоҳ осон аст ва дар он машаққат нест.) Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунад, ҳар кори неке, ки анҷом диҳад, ба фоидаи худ карда ва ҳар кори баде, ки анҷом диҳад, ба зиёни худ кардааст. Парвардигоро! Агар чизеро аз фармудаҳоят фаромӯш кардем ё дар он чизҳое, ки манъ намудӣ, хато кардем, моро ба уқубат магир. Парвардигоро! Бори гарон, ки мо тоқати бардошти онро надорем бар мо магузор, он чунон ки бар касоне, ки пеш аз мо Туро нофармонӣ карда буданд. Парвардигоро! Он чи тоб ва тоқаташро надорем, бар дӯши мо магузор ва аз мо дар гузар ва моро биёмӯрз ва бар мо раҳм кун, Ту Аллоҳи мо ҳастӣ, пас моро бар қавме, ки дини Туро инкор
карданд ва паёмбаратро дурӯғ бароварданд, пирӯз гардон!
Icon