ترجمة معاني سورة الإنفطار باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
ﰡ
آية رقم 1
ﭑﭒﭓ
ﭔ
1.Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад
آية رقم 2
ﭕﭖﭗ
ﭘ
2.ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд
آية رقم 3
ﭙﭚﭛ
ﭜ
3.ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд
آية رقم 4
ﭝﭞﭟ
ﭠ
4.ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд,
آية رقم 5
ﭡﭢﭣﭤﭥ
ﭦ
5.ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист.
آية رقم 6
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
6.Эй одамӣ(1), чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?
____________________
1. Эй инсони мункир, ба рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан
____________________
1. Эй инсони мункир, ба рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан
آية رقم 7
ﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
7.Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд.
آية رقم 8
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸ
ﭹ
8.Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард.
آية رقم 9
ﭺﭻﭼﭽ
ﭾ
9. Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед.
آية رقم 10
ﭿﮀﮁ
ﮂ
10. Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
آية رقم 11
ﮃﮄ
ﮅ
11. нависандагони гиромиқадранд,
آية رقم 12
ﮆﮇﮈ
ﮉ
12. он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд.
آية رقم 13
ﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
13. Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд
آية رقم 14
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
14. ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд!
آية رقم 15
ﮔﮕﮖ
ﮗ
15. Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
آية رقم 16
ﮘﮙﮚﮛ
ﮜ
16. Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд.
آية رقم 17
ﮝﮞﮟﮠﮡ
ﮢ
17. Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
آية رقم 18
ﮣﮤﮥﮦﮧﮨ
ﮩ
18. Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
آية رقم 19
19. Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад.
تقدم القراءة