ترجمة سورة المنافقون

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة المنافقون باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Чун мунофиқон назди ту оянд, (бо забонашон) гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту ҳаройина, паёмбари Аллоҳ ҳастӣ». Албатта, Аллоҳ медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Аллоҳ шаҳодат медиҳад, ки ҳаройина, мунофиқон дурӯғгӯянд (он чӣ бароят зоҳир кардаанд бо забонашон, вале дар дил куфрро пинҳон доштаанд).
2. (Мунофиқон) савгандҳои худро сипар сохтанд, (то худашонро аз азоб нигоҳ доранд) ва (мардумро) аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар ҳақиқат чӣ бад аст, он чӣ онҳо мекунанд.
3. Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройина, онҳо (зоҳиран ба забон) имон оварданд, сипас (ботинан дар дил) кофир шуданд. (Ба сабаби куфрашон) Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод, пас онон дарнамеёбанд (он чиро ки салоҳияташон дар он аст)1
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\864
4.       Ва чун онҳоро бубинӣ, туро аз (тану ҳайъати) бадани онҳо хуш меояд ва агар сухан бигӯянд, (аз фасоҳати забонашон) ба суханашон гӯш медиҳӣ (ва ҳол он ки дилҳояшон аз имон холӣ аст). Гӯё, ки ҳаройина, онҳо (ақлашон дар илми нофеъ ва фаҳмиши ҳақ, монанди) чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. (Аз сабаби донистани ҳақиқати ҳоли хеш ва буздилӣ ва тарсу ҳаросе, ки дар дилашон ҷой гирифтааст,) ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо (барои ту ва мӯъминон) душмани (ашаддии ҳақиқӣ) ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кун. Аллоҳ онҳоро бикушад, (яъне, Аллоҳ онҳоро хор ва аз раҳматаш маҳрум гардонад)! чӣ гуна (аз ҳақ) каҷрав мешаванд (ба сӯи куфру нифоқ)?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\396
5. Ва чун ба онҳо (мунофиқон) гуфта шавад, ки биёед, (тавба ва узрхоҳӣ кунед аз суханони баде, ки аз шумо сар задааст,) то паёмбари Аллоҳ бароятон омӯрзиш бихоҳад, (бо такаббур ва тамасхӯр) сар мепечанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки (аз суханони ту эй Расул) рӯй мегардонад ва кибр мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\864
6. Барои онҳо баробар аст (эй Расул), чӣ барояшон омӯрзиш бихоҳӣ ё барояшон омӯрзиш нахоҳӣ, ҳаргиз Аллоҳ (гуноҳони) онҳоро нахоҳад омӯрзид. (Зеро онҳо дар фисқу куфрашон сахт устуворанд). Бегумон Аллоҳ гурӯҳи фосиқонро (ба сӯи имон) ҳидоят намекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\400
7. Инҳо (мунофиқон) ҳамонҳоянд, ки (ба аҳли Мадина) мегӯянд: «Бар онҳо, (муҳоҷирон), ки гирди паёмбари Аллоҳанд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин (ва он чӣ миёни онҳост аз ризқу рӯзиҳо) аз они Аллоҳ аст, (ба касе, ки хоҳад медиҳад ва аз касе, ки хоҳад бозмедорад,) вале мунофиқон (онро) намефаҳманд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\865
8. (Мунофиқон) мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун хоҳанд кард». Иззат аз они Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминон аст, (на аз они дигарон). Вале мунофиқон (аз сабаби ҷахду ҷаҳолаташон ин ҳақиқати равшанро) намедонанд.
9. Эй касоне, ки (ба Аллоҳ ва расулаш) имон овардед (ва ба шариъати Ӯ амал кардаед,) амволу авлодатон шуморо аз зикри Аллоҳ ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, пас он гурӯҳ худ зиёнкоронанд (ва аз каромат ва раҳмати Аллоҳ бенасиб шудагонанд).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\410
10.    Аз он чӣ (ризқу) рӯзиятон додем, (эй мӯъминон) дар роҳи Аллоҳ садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад (ва нишонаҳои онро мушоҳида кунад) ва (бо пушаймонӣ) бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам аз моли худ ва аз зумраи шоистагони тақводор бошам?»
11.    Чун касе аҷалаш фаро расад, Аллоҳ марги ӯро ба таъхир (дертар) намеафканад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, аз неку бад огоҳ аст ва дар баробари аъмолатон ҷазо хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\865
Icon